Эй Рашти куҳандиёр, рашки чаманӣ…

Рашти куҳандиёрМуаллифи китоби “Рашти куҳандиёр”, ки соли гузашта чоп шудааст ва ҳоло ба Китобхонаи миллӣ расид, Саймурод Саидов аст. Китоб дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳия шудааст. Муаллиф дар он мақолаҳои чандинсолаи пажӯҳишии худро гирд овардааст ва дар ин мақолот доир ба вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҷуғрофӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ, археологӣ ва этнографии водии Рашт ба истифода аз сарчашмаю адабиётҳои илмӣ – таҳқиқотӣ сухан рафтааст.

Ҳадафи чопи китобро муаллиф дар сарсухани хеш ин гуна баён доштааст:

Таърих хотироти инсоният аст. Ҳар ҳодисаву воқеъоти гузашта, сабақи таърихӣ барои наслҳои оянда мебошад. Халқ баёнгари таърих, тамаддун ва фарҳанги гузаштаю имрӯзаи мост. Таърихи ҳар халқу миллат муҳимтарин восита ва мақоми ӯ дар таърихи тамаддуни башар ва беҳтарин василаи тарбияи худшиносии миллӣ, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ мебошад. Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таърих баён намудааст: «Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ ва расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш огоҳӣ надоранд, ҳеч гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонад».

Сарзамини Раштонзамин дар тӯли таърихи гузаштаи хеш бо номҳои Рошт, Зошт, Жошт, Ғурқанд, Қаротегин, Ғарм ёд шудааст. Ин сарзамини куҳӣ ба монанди манотиқи кишвар таърих ва тамаддуни бою пурғановатро дорост, ки бо гузашти солҳо ва беэътиноии сокинони маҳал, ёдгориҳои он хароб гардидаанд.

Сарчашмаҳо ва адабиёти илмӣ – таҳқиқотӣ доир ба ин сарзамин маълумоти мухтасарро диҳанд, ҳам то ҳол паҳлуҳои асосии ин минтақа омӯзиш мехоҳанд. Бозёфтҳои бостонщиносӣ дар замони Шӯравӣ ва Истиқлолият то як дараҷа қисматҳои торики таърихи ин манотиқро равшан намудаанд. Аммо ин маънои омӯзиши таърихи пурраи манотиқро ифода мекунад.

Маводи мазкур, маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ – таҳқиқотии муаллиф ва бо ҳаммуаллифии устодону таърихшиносон мебошад, ки тӯли чандин солҳо дар маҷаллаҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, конфренсияҳои назариявӣ ва рӯзномаҳои даврӣ – оммавӣ чоп гардидаанд. Дар ин маҷмӯа паҳлуҳои мухталиф, аз ҷумла, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Раштонзамин ва баъзе масоилҳои ба ин минтақа алоқаманд ба риштаи пажӯҳиш кашида шудаанд.

Ҷамъоварӣ ва дар як маҷмӯа ҷой додани чунин маводҳо аз манфиат холӣ нест. Мо боварӣ дорем, ки маҷмуаи мазкур барои шинохти таърихи халқи азизамон ва махусусан, водии Рашт кӯмак мерасонад…

Ҳар нафаре мехоҳад, ки дар бораи Раштонзамин маълумот дошта бошад, китоби «Рашти куҳандиёр» -ро мутолиа намояд. Ва агар фикри аз куҷо дастрас карданро дорад, метавонад аз «Китобхонаи миллӣ» дарёфт намояд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.