Китобхона дар аксҳои таърихӣ. Бахши 9. Шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ
Шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ соли 1956 таъсис ёфта, аввал бо номи шуъбаи адабиёти махсуси техникӣ фаъолияташро оғоз намудааст. Соли 1959 номи он ба шуъбаи адабиёти патентию техникӣ иваз карда шуд. Аз соли 1984 инҷониб бо номи шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ фаъолият дошт ва соли 2023 бошад номи шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқро гирифт.
Пас аз сохта ба истифода додани бинои нави Китобхонаи миллӣ соли 2012 шуъбаи мазкур аз шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон ҷудо шуд.
Чун сухан дар бораи аксҳои тарихи меравад, дар расми аввал шумо шиносоии кормандони шуъбаи адабиёти техникӣ ба китобҳои нави соҳавии воридшуда ба шуъбаро мебинед.
Тақрибан солҳои 60-уми асри гузашта бо пешрафти илму техника вазифаи азнавсозӣ ва пурра гардонидани донишҳои касбии мутахассисон ба миён омад. Дар китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ низ мисли тамоми ҷумҳурӣ шуъбаи патентӣ-техникӣ таъсис дода шуд, ки бо гузашти вақт номи шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқро гирифт.
Дар ин расм, ки соли 1982 гирифта шудааст ҳайати кормандони шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ мебошад.
Дар ин расм бошад, шумо кормандони шуъбаро машғули омода намудани намоиши китоби соҳавӣ мебошанд.
Дар баробари хидматрасонӣ ба хонанда боз робитаи доимии шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ – ин бо корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо китобхонаҳои техникии корхонаҳо ва шуъбаҳои маълумотии донишкадаҳо ба ҳисоб мерафт. Ва дар ин акс раванди хамкории шуъбаи адабиёти техникӣ бо китобхонаи “Тоҷикгидроагрегат” ҳангоми омода намудани намоиши китобӣ инъикос ёфтааст.
Роҳбарии шуъбаро солҳои 1970 аъзои Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ Яковлева Э.Н. ба уҳда дошт.
Шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ