Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи Хатлон

Китоби “Эҳёгари Хатлон” фарогири дастовардҳои мардуми заҳматкаши вилояти Хатлон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 30 – соли Истиқлоли давлатӣ мебошад. Дар китоб дар бораи ҷаҳду талошҳои  Пешвои миллат муҳарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуи вилояти Хатлон гиромидошти муқаддасоти миллӣ, бунёди иншооти соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳангӣ, варзишӣ, корхонаҳои саноатӣ, роҳҳову нақбҳо, пулҳо, роҳҳои оҳан, нерӯгоҳҳо, тарбияи ҷавонон, эҳёи ойину суннатҳои қадимаи миллати тоҷик аз ҷумла Наврӯзи байналмилалӣ, сада, меҳргон, тиргон ва дигар иқдомоти шоиставу бебаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот ҷамъ оварда шудааст.

Қурбон Ҳакимзода, ки замони чопи ин китоб раиси вилояти Хатлон буд, муаллифи пешгуфтори он аст. Ӯ менависад:

Аз расидан ба Истилолияти давлатӣ, ки арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолори тоҷик аст ва таҳти роҳбарии хирадмандонаю муваффақи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди давлатдории навин, рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ заминаи бо эътимод фароҳам гардид, 30 сол пур шуд.

Истиқлолияти давлатӣ ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ, далели тантанаи адолати таърихӣ, нишонаи сарбаландии халқи тоҷик, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.

Пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу субот дар саросари кишвар ва тараққиёти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар натиҷаи сиёсати оқилонаву дурбинона ва ташаббусҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ҷонибдории халқи қаҳрамон, хирадманд, сулҳдӯст ва бунёдкори тоҷик ба воқеият табдил ёфт.

Дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон, ба рушди устувори иқтисодӣ ноил гардида, сатҳи камбизоатӣ ба таври чашмрас коҳиш ёфт, ҳазорон корхонаҳои нави истеҳсолию саноатӣ, муассисаҳои замонавии таълимию тиббӣ, роҳу пулҳо бунёд шуда, садҳо ҳазор нафар ба ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин гардиданд.

Чун тамоми мардуми шарифи кишвар, аҳли заҳмати вилояти Хатлон дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкориро вусъати тоза бахшиданд.

Бо ҳидояту раҳнамоӣ ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар зарфи се соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳашт ҳазор иншооти таъйиноти гуногун бунёду азнавсозӣ гардид, ки дар натиҷа зиёда аз даҳ ҳазор ҷойи нави кории доимӣ ва қариб 25 ҳазор ҷойи кории мавсимӣ таъсис дода шуд.

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати соҳибтамаддуну сарбаланди тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишту бо роҳбарии Пешвои муаззами худ роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад. Мардуми худшиносу ватандӯсти Тоҷикистон, аз ҷумла аҳолии беш аз 3 миллионнафараи вилояти Хатлон дар атрофи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шуда, дар таҳқими Истиқлолияти давлатӣ саҳми шоиста мегузоранд.

Бо итминон метавон гуфт, ки сокинони сарбаланд, бунёдкор ва шарафманди вилояти Хатлон сиёсати ободгарона ва башардӯстонаи Раҳбари хирадманд муҳтарам Эмомали Раҳмонро минбаъд низ бо масъулияти баланду садоқатмандӣ идома медиҳанд.

Имрӯз мардуми Хатлонзамин бо самимият ва эътиқоди хос Пешвои муаззами миллатро беандоза дӯст медоранд ва ифтихор низ мекунанд, ки Модари тоҷик аз як гӯшаи зебоманзари вилояти Хатлон фарзандеро ба олами ҳастӣ овард, ки тақдири миллатро ба даст гирифт ва кишварашро ба як мамлакати воҳид аз пешрафта табдил дод:

Ҳаминро барои хидматҳои Сарвари маҳбубу азизамон аз номи сокинони вилоят гуфтани ҳастам, ки:

Меҳри ту дар вуҷудаму ишқи ту дар дилам,

Бо шир андарун шуду бо ҷон бадар шавад.

Дар китоб-албоми “Эмомалӣ Раҳмон – Эҳёгари Хатлон” оид ба талошҳои мардуми заҳматкаши шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва пуштибонии онҳо аз сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии барои хонандаи закӣ маълумоти зарурӣ гирд оварда шудааст.

Китоб аз 17 бахш иборат буда, ба ифтихори сиюмин солгарди Иҷлосия XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст ва дар бораи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии яке аз минтақаҳои калони мамлакат – вилояти Хатлон, саҳми арзишманди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушду шукуфоии он, комёбиҳои беназири соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва бахши ҷавонон, маводҳои пурарзиши таърихӣ ва аксҳори нодир ҷамъоварӣ шудааст.

“Аз таърихи қадимаи вилояти Хатлон”, “Саҳми Пешвои миллат дар рушду нумуи вилоят”, “Пешвои миллат ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ”, “Эмомалӣ Раҳмон- пайвандагари қалбҳо”, “Саноатикунонии кишвар –ҳадафи чоруми миллӣ” ва “Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгари асри 21” бахшҳои асосии китоб-албоми “Эмомалӣ Раҳмон – Эҳёгари Хатлон” мебошад.

Дар китоби “Эҳёгари Хатлон” ба таври возеҳ дар бораи муқаддасоти Ватан, арзишҳои миллӣ, манзараҳои дилфиреби як гӯшаи зархези сарзамини бостонӣ, мавзеъҳои сайёҳию таърихии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, маълумот пешкаш гардидааст.

Хонандаи азиз, дар китоб – албоми “Эҳёгари Хатлон” меҳрнома ва садоқати самимии мардуми Хатлонзамин нисбат ба хидматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат дар зарфи 30- соли Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон ҳамчунин таҷаддуди сарзамини қадимаи Хатлон, сарбаландиҳои мардуми ин марзу бум, ки аз баракати Истиқлолияти Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Роҳбари ҷаҳоншумули он шодобу сарсабз аст, гирд оварда шудааст ва умедворем писанди Шумо мегардад.

Хонандагони азиз китоби “Эҳёгари Хатлон”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Таҳияи Меҳрангез МУҲАББАТОВА,
сармутахассиси Медиатекаи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон