Фахриддин Насриддинов «Ҳафт рисола»
Ин маҷмуа фарогири рисолаҳои арзишманди «Олим ва муталлим»-и Имом Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит (маъруф ба Имоми Аъзам), «Гавҳаре ноёб»-и Шамсулмаолӣ Қобус ибни Вушмгир, «Одоби ҳамнишинӣ бо устодон ва ҳифзи ҳурмати онон»-и Абӯабдурраҳмони Суламӣ, «Таълими донишҷӯ»-и Бурҳониддини Зарнуҷӣ, «Маҷолиси панҷгона»-и Саъдии Шерозӣ, «Гул ва Наврӯз»-и Хоҷа Аҳмади Косонӣ ва «Маноқиб»-и Шайх Маслиҳатдини Хуҷандӣ мебошад.
Рисолаҳои ёдшуда аз ҷониби мусаннифи ин маҷмуа Фахриддин Насриддинов байни солҳои 2009 – 2025 тарҷума ва таҳияву тасҳеҳ пазируфта, дар матбуоти тоҷик чоп шудаанд. Ҳамаи рисолаҳо дар давраи чопи худ бори нахуст барои хонандагони тоҷик пешниҳод гардидаанд.
Шоистаи ёдоварист, ки дар маҷмуаи ҳозир рисолаҳо бо тартиби замони таълиф мураттаб гардида, дар оғози ҳама зимни муқаддима ё дар ҳошия сарчашмаи матн, арзиши илмӣ, мундариҷа ва ҷои нашри қаблии онҳо тавзеҳ ёфтааст. Сабки нигориши аввал дар тарҷумаи рисолаҳо ҳифз шудааст.
Маҷмуаи рисолаҳо барои маърифати бештари фарҳангофарии бузургони миллат, ғановатмандии осори илмию адабии ниёгон ва рушди худшиносии миллӣ судманд буда, ба доираи васеи хонандагон пешкаш шудааст.
Хонандагон китоби Фахриддин Насриддинов «Ҳафт рисола»-ро метавонанд аз Китобонаи миллӣ бихонанд.
Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд