“Файзализода Ҷумахон Хол. Муҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ”

Ду-се соли охир сабки таҳия ва танзими китобномаҳои шарҳиҳолӣ ва дастурҳои библиографии шахсиятҳои маъруфи кишвар дар Китобхонаи миллӣ башиддат тағйир карда ва акнун ин гуна китобҳоро ҳам метавон дар листи китобҳое шомил кард, ки ҳамагон метавонанд бихонанд.

То ба имрӯз китобномаҳо якранг буданд, ба ҷуз иттилои кутоҳе дар бораи муаллиф чизи дигаре ба ҷуз библиографияи ӯ дар китоб ҷо намедоданд. Вале ду-се соли охир китобномаҳое ҳам рӯи кор омаданд, ки басо фарогиранд ва дар бораи шоир ё нависанда ё олим маълумоти бештару густардатар медиҳанд. Ин гуна китобномаҳо бидуни шак кори пажӯҳишгаронро ба маротиб осон мекунанд, барои касоне, ки дар ин ё он риштаи илм корҳои таҳқиқӣ анҷом медиҳанд, маводи иловагӣ медиҳанд. Дар умум зиндагинома, фаъолияти кориву эҷодии соҳибони китобномаҳоро пурраву ҳаматарафа инъикос мекунанд.

Китоби “Файзализода Ҷумахон Хол. Маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ”, ки ба тозагӣ интишор ёфт, низ аз ҳамин гуна китобҳост, ки бо сабку услуби нави нигориши асарҳои библиографӣ таҳия шудааст. Мураттиб Ҷӯрабой Раҷабов ва муҳаррир номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафар Шосаидзода.

Боби аввали китоб “Олимон ва ҳамкорон андар таҳқиқи афкори илмӣ ва фазилатҳои инсонии Файзализода Ҷумахон Хол” номида шуда ва он бо шеъри хеле хуби шоири маъруф Хайрандеш оғоз мешавад. Ин шеърро Хайрандеш ба муносибати зодрӯзи Директори Китобхонаи миллӣ ҳамчун як арзи муҳаббати як инсон ба шахсе, ки аз наздик мешиносад, дар фазои маҷозии Фейсбук кошта буд.

Муҳиддин Пайшаебезода-мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа роҷеъ ба мазмуну муҳтаво, арзиши амалию тарбиявӣ ва аҳаммияти назарию амалии китоби дуҷилдаи Файзализода Ҷумахон  Хол “Психологияи идоракунӣ” сухан ронда, аз ҷумла навиштааст: “Олими нуктасанҷ оид ба асосҳои психофизиологии  идоракунӣ, махсусан ҳолати функсионалии инсон, талабот нисбат ба нигоҳ доштани  коршоямӣ, хусусиятҳои хоси муҳит дар вазъиятҳои фавқулода, тағйироти синнусолии коршоямӣ, психологияи қабули қарорҳо, хусусиятҳои хоси хориқаи сарварӣ, услуби роҳбарӣ, муносибат дар низомӣ роҳбару тобеъон ва ғайра таҳқиқоти арзишманди илмӣ анҷом додааст”.

Муҷмуаи-мақолаҳоШариф Комилзода, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, ки дар гузашта худ яке аз роҳбарони Китобхонаи миллӣ буд, дар мақолае бо номи “Давраи нави таҳаввули Китобхонаи миллӣ” (дар ҳошияи роҳбарии профессор Файзализода Ҷумахон Хол) фаъолияти 4 соли охири ин боргоҳи маърифатро мӯшикофона мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, паси ҳар комёбии назаррас, иқдомҳои бесобиқа, назму низом, фаъолиятҳои илмиву таҳқиқотӣ, муносибат бо корманд ва ғайра нақши дастон ва заковату кордонӣ ва коршиносии профессор Файзализодаро дидааст. Аз чашми муҳаққиқи шинохта ҳатто фаъолияти КМТ дар замони ҳамагирии КОВИД-19, ки муассиса рӯзе ҳам корашро қатъ накард ва бо риояи ҳама қоидаҳои беҳдоштӣ ба қабулу гусели хонандагонаш идома дод, дур намондааст.

Шариф Комилзода дар мақолаи худ чандин масъалаеро ба баррасӣ гирифтааст ва олимона таҳқиқ кардааст, ки бевосита профессор Файзализода ғояпардозу илҳомбахши он ба шумор меравад. Ва ин як бахши мондагор таҳкими фаъолиятҳои илмӣ-пажӯҳишии Китобхона мебошад, ки бар пояи як барномаи густарда амалӣ мешавад ва ҳамзамон Маркази Тоҷикшиносӣ, шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ, библиографияи миллӣ барин ниҳодҳои муассиса ҳар кадом бо барномаи мушаххаси пажӯҳишиву таҳқиқотии худ ба ривоҷу равнақи корҳои илмӣ ҷалб шудаанд. Вале ин ҳам профессор Файзализодаро қонеъ накард ва ӯ даст ба иқдоми дигари созанда зад, ки он таъсиси маҷаллаи илмии “Паёми Китобхонаи миллӣ” мебошад. Ин танҳо як маҷаллае нест, ки ҳикоят аз дастовардҳои ин боргоҳи маърифат кунад ва вазифаи он инъикоси корҳои рӯзамарра бошад. На, ин маҷаллаи илмӣ-пажӯҳишист, ки  тибқи Оиннома  ба ихтиёри хонанда гузоштани маводи чопии илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва махсусан маводи марбут ба китобдориву китобшиносӣ, ба чоп расондани мақолаҳои проблемавӣ роҷеъ ба масоили муҳимми илмҳои таърих, педагогика, равоншиносӣ, филология, сотсиология, китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва иттилоъшиносӣ, интишори натиҷаҳои илмии  номзади илм, доктори илм, мусоидат дар тарғибу ташвиқи  дастовардҳои илмии олимони тоҷик ва ғайраро ба уҳда дорад. Шумораи аввали ин маҷалла дар остонаи Наврӯзи имсол нашр шуд ва шумораи дуюми он дар арафаи чоп аст.

Муҷмуаи-мақолаҳоДонишманди шинохта, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафар Шосаидзода, ки собиқаи ҳудудан як даҳсолаи ҳамкорӣ бо профессор Файзализода дорад, дар мақолаи “Инсони нексиришт ва муҳаққиқи тавоно” навиштааст: “Хусусияти камназири осори илмии Ҷумахон Файзализода дар он зоҳир мегардад, ки эшон масъалаҳои таълиму тарбияро дар ҳамбастагии ногусастанӣ бо таъриху фалсафа ва афкори педагогии ниёгон мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода, андешаҳояшро бо далелҳои муътамад асоснок менамояд. Ҳамин муносибати муҳаққиқ дар таълифоти якҷояи ӯ бо устодашон Файзулло Шарифзода ба унвони “Ҳикмати афкори педагогии  ниёгон” бараъло ба назар мерасад”.

Як гузориш аз чопи китоб ғунҷоиши онро надорад, ки аз кулли мақолаҳои нашршуда дар он ном бурда шавад. Вале зикри ин нуктаро ҳам бамавқеъ медонам, ки як бахши китоб “Мулоҳизаҳои олимон ба рисолаи Ҷумахон Файзализода Хол барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ” номида шуда, дар он ҳама тақризҳо, мақолаҳо ва изҳори назарҳои донишмандон ба пажӯҳиши олими тавоно гирдоварӣ шудааст.

Қисми дуюми китоб “Китобномаи шарҳиҳолӣ” ном гирифта, бо дарҷи санаҳои муҳими ҳаёт ва фаъолияти олими шинохта ба тартиби зайл корбаст шудааст: “Асарҳои Файзализода Ҷумахон Хол”,”Адабиёт доир ба зиндагинома, фаъолияти илмӣ, омӯзгорӣ ва роҳбарии Файзализода Ҷумахон Хол”, “Кумакфеҳристҳо” ва се замима, ки расмҳоро дар се бахш мураттаб кардааст.

Бахши асарҳо аз зербахшҳои зиёд мураттаб шудааст ва осори илмӣ, илмӣ-методӣ, таълимӣ, мақолаҳо дар нашрияҳои даврӣ, ғайридаврӣ ва давомдор, мусоҳибаҳо, маърӯза ва гузоришҳо, муҳаррирӣ дар китобҳои дигарон, тақризҳо, китобу дастурҳои мураттабкарда, мавод дар нашрияҳои электронӣ, роҳбар ва муқарризи расмӣ ба рисолаҳои илмӣ, роҳбари илмии рисолаҳои номзадӣ, муқарризи расмӣ дар рисолаҳои номзадӣ ва докториро дар бар гирифтааст.

Бобоҷон ШАФЕЪ