Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 23 – уми август

Як-рузи-таърих-23-08-2023Соли 1618 дар шаҳри Амстердам дар синни 33-солагӣ баъди гирифторӣ ба бемории илтиҳоб шоир ва намоишноманависи нидерландӣ ҲербрандАдриансБредеро вафот кард. Вай 16 марти соли 1585 дар Амстердам ба дунё омада буд. Ӯро намояндаи машҳури “Асри тиллоии Нидерландия” меноманд.

Аввал мехост наққош шавад, вале баъдан адабиёт диққати ӯро ба худ кашид. “Родирек ва Алфонс”, “Гриана”, “Духтари мавританиёӣ”, “Китоби бузурги таронаҳо”, “Маҷмуаи ашъор” номи чанде аз китобҳои ӯст.

Соли 1771 дар шаҳри Мадрид (Италия) дар синни 68-солагӣ адабиётшиноси испонӣ Хуан Ириарте аз дунё гузашт. Вай 15 декабри соли 1702 таваллуд шуда буд.

Хуан Ириарте  амаки Томас Ириарте – масалнавис ва шоири Испания буд. Муҳимтарин асарҳои ӯ: “Феҳристи дастхатҳои юнонии Китобхонаи салтанатии Мадрид” («Codices graeci manuscripti») аст, ки аз он танҳо ҷилди аввал чоп шуд ва боз “Грамматикаи поэтикии лотинӣ”, ки пас аз маргаш интишор ёфт.

Соли 1867 дар Шавил (департаменти О-де-Сени Фаронса) нависанда, шоир ва тарҷумони яҳудиасли фаронсавӣ Марсел Швоб зода шуд. Падараш ношири рӯзномаи “Нанте” буд. Дар шаҳри Порис, дар литсеи Людовики Кабир таҳсил кард. Соли 1884 барои худ нависанда ва шоири шотландӣ Роберт Стивенсонро кашф кард ва ба тарҷумаи осори вай пардохт. Романи вай “Ҷазираи ҷавоҳирот”-ро ба фаронсавӣ тарҷума кард.

Асарҳои Даниэл Дефо, Де Квинси ва “Ҳамлет”-и Шекспирро низ баргардон кард.

Соҳиби “Дили дутабақа”, “Шоҳ дар ниқоби тилло” ва чанд маҷмуаи дигари осор мебошад.

26 феврали соли 1905 дар синни 37-солагӣ дар Порис тарки дунё кард.

Соли 1869 шоир, зиндагиноманавис ва намоишноманависи амрикоӣ Эдгар Ли Мастерс таваллуд шуд. Вай ҷамъан 12 намоишнома, бистуяк китоби шеър, шаш роман ва шаш зиндагинома навиштааст. Зиндагиномаи “Марк Твен”, “Линколн чун инсон” ба қалами ӯ дахл доранд.

Барои хидматҳояш дар рушди адабиёт бо чандин мукофотҳои миллӣ , аз ҷумла Медали нуқраи Марк Твен шарафёб шудааст.

5 марти соли 1950 дар синни  81-солагӣ аз олам рафт.

Соли 1880 нависанда, шоир, намояндаи ҷараёни адабии неоромантизм, муаллифи асарҳои фалсафӣ-психологӣ бо унсурҳои тахайюлии намодгароӣ (симоликӣ) Александр Грин таваллуд шуд.

Вай фарзанди Александ Грини лаҳистонӣ буд, ки ба Русия табъид шуда буд.

Грин дар кӯдакӣ ва навҷавонӣ романҳои моҷароии Майн Рид, Густав Оморро мутолиа менамуд, қиссаву достонҳои тахайюлӣ мехонд.

Бисёр мехост дарёнавард шавад, вале ҳаргиз ба ин муваффақ нашуд.

Мунаққидони рус дар замони ҳаёташ ба асарҳои ӯ таваҷҷуҳ накарданд ва ӯ дар тангдастӣ дар шаҳре, ки ба дунё омада буд, аз олам рафт. “Бодбонҳои сурх”, “Ҷаҳони нуронӣ”, “Занҷири тиллоӣ”, “Хиромидан бар амвоҷ”, “Роҳе ба нокуҷо” аз ҷумлаи офаридаҳои ӯ мебошанд.

Александр Грин 8 июли соли 1932 дар шаҳри Қрими Куҳан   вафот кард.

Соли 1913 дар шаҳри Копенгагене ба қаҳрамони афсонаи машҳури Ҳанс Христиан Андерсен Парии баҳрии хурдакак (Русалочка) пайкара гузоштанд.

“Парии баҳрии хурдакак” (забони даниёии “Den lille havfrue) номи яке аз машҳуртарин асарҳои нависандаи аҳли Дания Ҳанс Христиан Андерсен мебошад. Ин як достони басо ҷолиб дар бораи Парии оби ҷавоне аст, ки мехоҳад зиндагиаш дар баҳрро канор гузорад, то як рӯҳи инсонӣ ба даст оварад. Ин достон нахустин бор соли 1837 дар як китоби Андерсон чоп шуд.

Достон фаврӣ диққати нақди адабиро ба худ кашид ва мунаққидон пеш аз ҳама ба ин суол посух ҷустанд, ки чаро Андерсен аз як қиссаи фоҷеавӣ анҷоми  хуш сохтааст.

Аз рӯи ин достон филм ҳам бардоштаанд, ки хеле маъруф шудааст.

Таҳияи Б.Шафеъ