“Фалак дурри бебаҳои фарҳанги мардуми тоҷик”
Имрўз бо ташаббуси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Муассисаи далатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки як зумра устодону ҳунармандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷураев бахшида ба «Рўзи фалак» чорабини и фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Фалак дурри бебаҳои фарҳанги мардуми тоҷик” баргузор гардид.
Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода дар сухани ифтитоҳии худ дар бораи фалак ва фалаксароӣ дар Тоҷикистон ва пешинаи таърихии он изҳори назар намуд. Вай аз ҷумла гуфт, ки фалак ин нишондоди тафаккури мусиқии мардуми кўҳистони тоҷик мебошад. Имрўз аҳли илму маърифату фарҳанги тоҷик (ва хориҷ) онро ба хубӣ дарк мекунад, ки Фалак яке аз муҳимтарин унсурҳои мусиқии суннатии тоҷик буда, решаҳои таърихии хеле қадима дорад.
Муовини Директори Китобхонаи миллӣ афзуд: Омили ҳамаи бурдбориҳои ин ҷода ташаббусҳои беҳамтои сарвари фарҳангпарасти тоҷик, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Таърихан чунин табадуллотҳои фарҳангӣ дар давраҳое амалӣ мегарданд, ки худи сарвар ин фарҳангро комилан дарк намуда, онро бипазирад.
Дар чорабинӣ ҳамчунин декани факултаи мусиқии суннатии тоҷики “Консерваторияи миллии Тоҷикистон” Манучеҳр Бурҳонов таҳти унвони “Ҳунари фалакхонӣ ва рушди он дар қарни 20”, омўзгори калони кафедраи сарояндагии анъанавии “Консерваторияи миллии Тоҷикистон” Лутфишоев Қодир таҳти унвони “Шарҳи рубоби помирӣ”, унвонҷўи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Айдаршозода Диловар таҳти унвони “Нақши асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э. Раҳмон дар эҳёи мусиқии суннатии тоҷик” суханронӣ карданд.
Ҳозирон дар иҷрои унвонҷўи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Айдаршозода Диловар, ансамбли “Фалак”-и ба номи Одина Ҳошимови Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев таронаҳо шуниданд.
Бунафша Абдураҳимова,
Мутахасисси шуъбаи адабиёт доир
ба фарҳанг ва ҳунар.