Китоби нав. Лоиқ Шералӣ. “Ҳамболи офтоб”

  Китоби “Ҳамболи офтоб”- Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ, ки ахиран дар нашриёти “Хуросон”-и шаҳри Хуҷанд чоп шуда буд, ба Китобхонаи миллӣ расид. Мураттиби он Тоҷибой Султонзода ва муҳаррири нашр Мубашшир Акбарзод. Ба китоб Раиси шаҳри Панҷакент  ба ин мазмун сарсухан навиштааст:

 Дар сиёсати фарҳангпарварона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ ба хизмати шахсиятҳои бузурги миллат ва аҳли илму маърифат ҷойгоҳи хосаеро соҳиб аст. Ҳамасола баргузор гардидани ҷашнвораҳои накўдошти олимону донишмандон, шоирону нависандагон имкон фароҳам меоварад, то дар баробари муаррифӣ ва тарғиби мероси маънавии эшон, аз заҳмату талошҳои хастагинопазири ин бузургони миллат қадрдонӣ карда шавад.

  Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ аз бузургтарин суханварони тоҷик ба шумор меравад, ки бо ашъори дилангези худ дар рушду такомули адабиёти муосири тоҷикӣ нақши равшан гузоштааст. Шеъри Лоиқ таҷассуми барҷастаи оини ватандорӣ, худогоҳии маънавӣ ва худшиносии миллӣ, ҷасорату матонати бузурги инсонист, ки дар бедории миллии тоҷикон дар замони соҳибистиқлолии кишвар нақши муассир гузоштааст. Шоири ватандўст бо сароидани ашъори баландмазмуни ифодагари ҳастии таърихии миллат, ормонҳои миллӣ ва муҳаббати  бузург ба Ватан дар тақвият бахшидани маънавиёти ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллиамон дар миёни мардуми кишвар маҳбубият пайдо намудааст. Ашъори ноб ва маҳсули хиради олии ин шоири тавоно дар ташаккули андеша ва тафаккури пешрафта, тарғиби дастовардҳои даврони истиқлол, ҳифзи манфиатҳои миллат ва тавсеаву густариши худшиносию худогоҳии миллӣ нақши бузург мебозад.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми барҷаста ва хизматҳои устод Лоиқ Шералӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла таъкид карда буданд: «Дар ин миён, лозим медонам, хизматҳои пурарзиши шодравон Лоиқ Шералиро дар талқини шуҷоати адабӣ, рўҳи миллӣ ва ватандорӣ, ситоиши модар ва забони модарӣ, эҳёи бисёр суннатҳои шеъри оламгири мо бо сипосу эҳтироми хосса ёдовар шавам».

  Ҷашни 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ ба соли таърихии таҷлили шоистаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, ки басо рамзӣ мебошад. Истиқлолу озодӣ ва шинохту гиромидошти ин неъмати бебаҳо он чунонки дар ашъори аксари суханварони бузурги мо мушоҳида мегардад, дар эҷодиёти устод Лоиқ низ мақоми хос дорад. Устод Лоиқ  барҳақ тараннумгар ва вассофи истиқлоли кишвари азизамон ва сулҳу ваҳдат аст. Ў ҳамчун фарзанди содиқ ва эҳтиромгузор ба обу хоки Ватан аз рўзҳои нахустини ба Истиқлол даст ёфтани кишвари азизамон-Тоҷикистони биҳиштосо бо эҷоди шеърҳое, ки мардумро ба сарҷамъӣ ва миллатро ба муттаҳидӣ даъват мекард, дар сафи пеши неруҳои сулҳхоҳу ваҳдатшиор қарор дошт.

 Шеъри устод Лоиқ намунаи возеҳи муборизаву талошҳои халқи тоҷик барои ба даст овардани озодию истиқлол дар марҳалаи бунёди давлати мустақили миллӣ буда, ҷомеаи моро ба ягонагиву ҳамдилӣ ва ҳамраъйӣ, дўст доштани Ватан ва оину арзишҳои миллӣ арҷ гузоштан ба таъриху суннат, мероси маънавии халқи тоҷик ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ ҳидоят менамояд.

   Ба таъбири дигар, мутолиаи ашъори ҷовидонаи устод Лоиқ Шералӣ ҳисси ифтихори миллии наслҳоро бедор сохта, ҷомеаи моро барои дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ ҳифз кардани асолат ва арзишҳои миллӣ раҳнамоӣ мекунад, ки имрўз иҷрои ин вазифаи бузург бешубҳа рисолати ҳар як фарди ватандўст ба шумор меравад.

  Китоби ҳозир, ки ба ифтихори 80-солагии зодрўзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ нашр гардид, фарогири мунтахаби беҳтарин ғазалиёт, рубоиёт ва дубайтиҳои шоир буда, барои мухлисону алоқамандони шеъри оламгир армуғони арзанда мебошад.

  Умедворем, ки ба таъбири худи устод Лоиқ ин «армуғоне аз азал» дар қалби ҳар як шахси ватандўст ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва эҳсоси гарми меҳнатпарастиро бедор намуда, насли ояндасозиро ба роҳи омўхтани илму дониш, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ – забон, фарҳанг, расму оинҳои  куҳани аҷдодӣ ва дар маҷмўъ, барои ободу пешрафта гардонидани Ватани азизамон – Тоҷикистон ҳидоят менамояд.

 Абдухолиқ Холиқзода, Раиси шаҳри Панҷакент.

Китоби “Ҳамболи офтоб”- Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералиро шумо ҳоло метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.