Фаъолият ва дастовардҳои як кафедра дар Донишгоҳи миллӣ
Муаллифи рисолаи “Фаъолият ва дастовардҳои кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар замони Истиқлол”, ки соли гузашта ба табъ расидааст, Мисҳобиддини Нарзиқул мебошад. Дар муаррифи рисола кутоҳ омада:
Кафедраи таърихи адабиёти тоҷик ҳамсоли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз замони таъсис то кунун дар омода кардани мутахассисони соҳаи филология саҳми шоиста гузоштааст. Кафедра фаъолияти худро асосан дар чунин самтҳо ба роҳ мондааст: таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, баргузории маҳфилҳои илмию амалии тахассусию инфиродӣ, семинарии илмии « Баҳори дониш», ташкил ва баргузор кардани ҳамоишҳои илмӣ: донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, омода кардани кадрҳои илмӣ, корҳои тарбиявию ҷамъиятӣ ва робитаҳои байналмилалӣ.
Дар ин рисола, пас аз руҷўе мухтасар ба таърихчаи таъсис ва собиқаи фаъолияти кафедра, перомуни самтҳои мазкури фаъолияти кафедра дар замони Истиқлоли давлатии Чумҳурии Тоҷикистон сухан меравад.
Рисола барои мутахассисони соҳаи филология, устодони донишгоҳҳои олӣ, донишкадаҳо, омўзгорони коллеҷу омўзишгоҳҳо ва доираи васеи алоқамандон пешниҳод мешавад.
Мавзуна Назарова