Фаъолияти шуъбаи рисолаҳои илмӣ дар семоҳаи якуми соли 2024

ХимчаШуъбаи рисолаҳои илмии Китобхонаи миллӣ дар семоҳаи якуми соли 2024 6304 адад адабиёти фонди академикон ва докторони илмро ба барномаи Алеф ворид карда, 5636 адабиёт бо рамзбандии вижагӣ (штрихкод) таъмин карда шуд. Ҳамзамон, корҳои ҷамъоварӣ ва интихоби диссертатсияҳо барои ворид намудан ба дастури библиографии рисолаҳои номзадию доктории дар фонди китобхона мавҷудбуда иҷро шуда, 2677 номгўи рисолаҳои дар фонди шуъба маҳфузбуда, мутобиқ ба талаботи китобноманигорӣ тасвир карда шуданд.

Дар ин давра 32789 нусхаи фонди китоби китобхонаи шахсии олимону донишмандони шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар «Толори академикон ва докторони илм» ҷойгир аст, аз нав ба қайд гирифта шуда, тибқи муқаррароти соҳавӣ ҷобаҷо гузошта шуд. Илова бар ин, Гўшаи академикону олимони шинохтаи ҷумҳурӣ бо 682 нусха адабиёти нав ғанӣ гардонида шуд.

Бори нахуст аз ҷониби кормандони Шуъба бахшида ба 85-солагии Корманди шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Карим Абдулов китобномаи шарҳиҳолӣ тартиб дода шуд ва он дар ҳаҷми 10 ҷузъи чопӣ нашр шуд. Китобнома аз пешгуфтор, мақолаи муқаддимавӣ, 3 қисм, 10 боб ва 14 зербоб иборат буда, 569 номгўи осори Карим Абдулов ва адабиёт доир ба зиндагинома ва фаъолияти ўро дарбар гирифтааст. Китобнома ҳамчун раҳнамои илмӣ метавонад ба донишҷўён, унвонҷўён, омўзгорон, муаррихону муҳаққиқон ва аҳли илму адаб ҷиҳати пажуҳиш ва омўзиши осори устод Карим Абдулов кўмак расонад.

Илова бар иҷроиши нақшаи корӣ дар семоҳаи якуми соли 2024 кормандони шуъба тибқи супориши роҳбарияти Китобхона вазифадор карда шуданд, ки тамоми маводи дар фондҳои шуъба маҳфузбударо рўйхат намоянд. Бинобар сабаби зиёд будани теъдоди маводи дар фондҳои шуъба нигоҳдоришаванда кормандони шуъба дар радифи хидматрасонӣ ба хонандагони шуъба ва ҳамзамон иҷроиши супориши воридсозии автореферату диссертатсияҳо ба барномаи Алеф, танҳо имкон доштанд, ки дар муҳлати муайяншуда   32610 нусха китоб ва 3273 нусха авторефератҳоро ба рўйхат гиранд.

Таҳлил нишон дод, ки дар семоҳаи аввали соли 2024 аз фондҳои шуъба 1392 нафар хонандагон, аз ҷумла: 136 нафар – кормандони илм (доктор ва номзади илм); 118 нафар – аспирант; 41 нафар – магистрант; 71 нафар – унвонҷў; 151 нафар – доктор пейҷдӣ (Phd); 441 нафар – омўзгор; 223 нафар – донишҷў; 193 нафар – кормандони соҳаҳои мухталифи илм; 6 нафар аз ҷумлаиафроди бидуни шуғл ва 12 нафар – хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ истифода кардаанд.

Ниёзҳои иттилоотии хонандагон бештар тавассути фондҳои китобхонаҳои шахсии узви пайваста ва вобастаи АМИТ, аз қабили: Раҷаб Амонов, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Аҳрор Мухторов, Фозил Тоҳиров, Михаил Боголюбов, Талбак Назаров, Маҳкам Маҳмудзода, Фарҳод Раҳимӣ, Додихудо Саймиддинов, Иброҳим Обидов, Ҷўрабек Назриев, академикони АТТ: Маҳмадулло Лутфуллозода, Файзулло Шарифзода, Убайд Зубайдов; докторони илм: Раҳими Мусулмониён, Баҳриддин Камолиддинов, Карим Абдулов, Рамазон Раҳимзода, Ғаффор Ҷўраев, Абдушукур Абдусатторов, Сайфулло Маҳкамов ва Шарофат Ғуломова қонеъ гардонида шуд.

Химча АБДУЛФАЁЗОВА,
сармутахассиси Шуъбаи
рисолаҳои илмӣ