Сабти барномаи телевизионӣ аз фаъолияти толори озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат»

Сабти барномаи телевизионӣТелевизиони Тоҷикистон имрўз аз фаъолияти толори озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат»-и Китобхонаи миллӣ, ки дар ошёнаи 3 ҷойгир шудааст, барнома таҳия кард. Дар барнома сардори Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абубакр Манонзода доир ба аҳамият ва ҳадафи ин озмун ибрози андеша намуда, зикр кард, ки донишҷўён метавонанд аз осори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар бораи Ҷаноби Олӣ китобҳоро дар толори озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат» мутолиа намоянд

Ба гуфтаи ин масъули толори озмуни ҷумҳуриявӣ айни ҳол дар Медиатекаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1266 асарҳо дар бораи Пешвои миллат ва 106 асарҳои худи Ҷаноби Олӣ нигоҳдорӣ ва пешкаши хонандагон мегардад. Аз ин ҳисоб  206 адад китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони русӣ, 17 асар бо забонҳо чинӣ, арабӣ, англисӣ, ҳиндӣ, қирғизӣ, қазоқӣ, узбекӣ, озарӣ ва забонҳои дигаранд.

Дар суҳбат ҳамзамон таъкид гардид, ки китобҳои электронӣ низ дар сомонаи Китобхонаи миллӣ қобили мутолиа аст. Доир ба ин озмун иттилои бештарро метавон аз сомонаи расмии Китобхонаи миллӣ www.kmt.tj   дастрас намуд.

Барои дастрасӣ ба китобҳои электронӣ мешавад ба шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ низ муроҷиат намуд.

Толори мазкур аз соати 8:00-и субҳ то 17:00 хонандагонро қабул менамояд  ва тамоми маводи мавҷударо дар ихтиёри хонандагон мегузорад. Арҷ гузоштан ба таърихи пурғановати кишвар, шинос шудан бо қаҳрамониҳо ва корнамоиҳои наҷибонаи Ҷаноби Олӣ ҳадафи озмун аст.

Дар озмун донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (магистр ва бакалавр) ва ҳамаи хоҳишмандони дигар ширкат варзида метавонанд. Дар вақти баҳогузорӣ ба савияи дониши довталабон ва баёни мантиқии мўҳтавои асарҳои Пешвои миллат ва амалӣ гардидани рўйдодҳои фараҳбахши миллӣ, ки бевосита бо ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайвастааст, бартарӣ дода мешавад.

Озмун бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ баргузор мегардад.

Ғолибон ба ду гурўҳ ҷудо мешавад: Ғолибони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ғолибони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.

Мукофот барои ҷойҳои якум 20 000 сомонӣ, барои ҷойҳои дуюм 15 000 ва барои ҷойҳои сеюм (ду ҷой ба ҳар кадом гурўҳ) 7500 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон) муайян шудааст. Дар маҷмуъ хазинаи ҷоизаи озмун 100 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, ки онро Китобхонаи миллӣ аз ҳисоби захираҳои дохилии худ пардохт мекунад.

Муаллифи барномаи «Махзани илм»-и телевизиони Тоҷикистон  Фарзона Одиназода буда, қарор аст ин барнома рўзи ҷумъа пахш гардад.

Раҳима АЪЗАМ, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.