Фаъолияти шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ фаъолияти худро дар асоси Кониститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Фаъолияти китобдорӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Шартномаҳои байналмилалӣ» Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» ва Низомномаи шуъба фаъолиятро ба роҳ мондааст.
Шуъбаи мазкур ҳамасола, тибқи Нақшаи корӣ, ки аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллӣ тасдиқ мешавад фаъолият мекунад.
Яке аз самтҳои асосии шуъба муаррифӣ намудани Китобхонаи миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи китобу китобдорӣ бо китобхонаҳои миллии кишварҳои ҷаҳон, ки заминаи ҳуқуқии онро санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд, ба ҳисоб меравад. Шуъба дар асоси Созишномаҳо ва Ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ бо китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ фаъолият карда истодааст. Ҷиҳати рушду равнақи соҳаи китобдорӣ ва таҳкими робитаҳои хориҷии муассиса шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ аз соли 2012 то соли 2023 корҳои зеринро анҷом додааст:
Дар давоми солҳои зикршуда бо мувофиқаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор сафирони кишварҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони баландпояи сатҳи дипломатӣ, амсоли Ҷумҳурии Халқии Чин, Корея, Фаронса, Индонезия, Ҷопон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Шоҳигарии Тайланд, Туркия, Австрия, Русия, Молдова Беларусия, Ўзбекистон, Озарбойҷон, Украина, Арманистон, Қазоқистон, мушовири фонди китобхонаи Шайх Муҳаммад Ибни Рошиди шаҳри Дубай, мудири Шабакаи ҷаҳонии дипломатӣ ба Китобхонаи миллӣ ташриф овардаанд. Ҳадафи ташрифи ҳар як намояндаи хориҷӣ ба Китобхонаи миллӣ ба роҳ мондани ҳамкории ояндаи соҳаи китобдорӣ ва шиносоӣ бо фарҳанги куҳанбунёди миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди дўстона ва якдигарфаҳмӣ соли 2013 гўшаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Халқии Чин ва Ҷумҳурии Корея дар Китобхонаи миллӣ таъсис дода шуданд. Тибқи Ёддошти тафоҳум фаъолияти Гўшаи Корея дар Китобхона то имрўз хеле назаррас буда, шумораи хоҳишмандони омӯзиши забони куриёӣ рўз ба руз зиёд шуда истодааст.
Хотиррасон бояд кард, роҳбарият ва кормандони Китобхона тибқи Нақшаи Китобхонаи миллӣ ва барномаҳои Ҳукуматӣ дар конфронсҳо, барномаҳои таҳсилӣ, намоиши китобӣ, ки дар дигар кишварҳои хориҷӣ баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Чунончӣ, соли 2014 тибқи Барномаи иқдоми мушорикати фарҳангӣ корманди шуъбаи адабиёти хориҷӣ Оламова Лутфия ва соли 2018 корманди шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Умаров Фаёз муддати шаш моҳ дар Ҷумҳурии Корея ҷиҳати такмили забони англисӣ ва шиносоӣ бо фарҳанги мардуми Корея сафари кориву омӯзишӣ доштанд. Дар доираи ҳамкориҳои самти фаъолияти китобдорӣ санаи 27-29 ноябри соли 2017 дар Китобхонаи миллӣ 4-умин ҷаласаи раисони китобхонаҳои миллии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа Ёддошти тафоҳум байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Озарбойҷон ба имзо расид.
Бояд қайд кард, ки бахшида ба муносибати иди байналмилалӣ «Наврўз» 27-уми марти соли 2018 бо ҳамбастагии Гўшаи фарҳангии Ҷумҳурии Халқии Чин чорабинӣ бо пешниҳоди мўди либосҳои тоҷикию чинӣ, иҷрои мусиқии ду кишвар, сароидани сурудҳо дар васфи наврўзу баҳор ва барномаи консертӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини директори Институти Конфутсий хонум Ся Тиен ва намояндаи Гўша Ван Хуенчуан ширкат доштанд. Моҳи ноябри соли 2019 бошад бо мувофиқаи Вазорати корҳои хориҷӣ рўнамои китобҳои Ҷалил Мамедқулизода «Қутии почта» ва «Девони Насимӣ», ки бо ташаббус ва дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҷума ва нашр гардидааст, баргузор гардид. Дар чорабинӣ сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Гасан Мамедгулзаде, Сафири Ҷумҳурии Қирғизистон ва меҳмонон аз вазорату идораҳои кишвар ширкат доштанд. Баъди анҷоми чорабинӣ аз ҷониби Сафорати Озарбойҷон як нусхагӣ китоб ба меҳмонон ҳадя шуд.
Санаи 25-уми феврали соли 2021 ба муносибати 150-солагии гиромидошти нависанда, тарҷумон ва адиби шинохта, Леся Украинка дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ «Намоиши китоб» баргузор гардид. Дар ин тадорукот сафирон аз Ҷумҳурии Украина, Олмон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Туркманистон, Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (СҲИ) хабарнигорон ва хонандагони мактаби байналмилалӣ ширкат намуданд. Дар чорабинӣ директори Китобхонаи миллӣ профессор Файзализода Ҷумахон Хол доир ба муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Украина суханронӣ намуд. Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби Сафорати Украина 32 адад номгўйи китобҳои нависандаи машҳур Леся Украинка ба фонди Китобхонаи миллӣ тақдим шуд
Зикр бомаврид аст, ки моҳи апрели соли 2022 бо иштироки роҳбарони китобхонаҳои миллии кишварҳои ИДМ дар доираи ҷашни 100-солагии Китобхонаи адабиёти хориҷии ба номи М.И. Рудомино дар шаҳри Москва мизи мудаввар баргузор гардид. Директори Китобхонаи миллӣ профессор Файзализода Ҷумахон Хол дар чорабинӣ иштирок ва маъруза кард.
Ҳамчунон директори Китобхонаи миллӣ 25-27 майи соли 2022 дар Ҳамоиши байналмилалӣ, ки дар шаҳри Андиҷони Ҷумҳурии Ўзбекистон баргузор гардид, ширкат дошт. Дар Ҳамоиши мазкур профессор Файзализода Ҷумахон Хол дар мавзўи «Ҳолат ва тамоюлҳои рушди захираҳои электронии Киобхонаи миллии Тоҷикистон» суханронӣ намуд. Моҳи май бошад тибқи мактуби Вазорати корҳои хориҷӣ муовини якуми Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Фарзона Мирзоева, муовини шуъбаи дасхатҳои шарқ ва китобхои нодир Рамзӣ Ҷумъақулов, муовини сардори шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ Исмоилбег Саидзода дар Намоиши байналмилалии китоби Эрон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок доштанд.
Ҷиҳати бозомўзии донишҳои технологияи китобдорӣ-иттилоотӣ, омўзиши модулҳои барномаи Alefh, усули рақамигардонии ҳуҷҷатҳои фонди Китобхона, омўзиши пайваст намудани китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба Китобхонаи электронии Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё аз 20 то 27-уми моҳи майи соли 2022 сардори шуъбаи автоматикунонӣ Зафар Саидов ва сардори шуъбаи муҳосибот Раҷабалӣ Пиров, ба шаҳри Москва сафар карданд. Моҳи июн бошад дар семинари байналмилалӣ таҳти унвони «Чеҳраҳои хотира технологияҳои навтарин барои нигаҳдорӣ ва барқарор кардани мероси дастнависӣ ва чопшуда», ба шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон сафар доштанд.
Тибқи мактуби Ассотсиатсияи китобхонаҳои муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Китобхонаи Донишгоҳи Назарбоев ҷиҳати иштирок ва омўзиши ҳамаҷонибаи таҷрибаи кории Муассисаи Давлатии Китобхонаи аввалин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Елбасӣ» дар ХI-умин Конфренсияи Авруосиёии Китобхонаи академиявӣ (EACL-2022) дастрасии озод ба дониш ва китобхонаҳо: дастовардҳо ва равандҳо», ки рўзҳои 25-28 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона баргузор гардид, муовини директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов ба муддати чор рўз ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафари хидматӣ дошт.
Дар асоси банди 8-и Нақшаи корӣ оид ба иҷрои лоиҳаи «Бунёди Хазинаи маводи мусаббати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025» соли 2022 ҷиҳати омўзиши таҷрибаи “Муассисаи аввалин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Елбасӣ», ки дар шаҳри Остона қарор дорад, аз 25.10.2022 то 01.11.2022 ба муддати ҳашт рўз сардори шуъбаи Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуқра Аҳмадова ба Ҷумҳурии Қазоқистон фиристонда шуд.
Мувофиқи мактуби Китобхонаи бачагонаи Федератсияи Русия ҷиҳати иштирок дар озмуни байналмилалии адабии “Тоҷикистон-Русия дар оинаи Китобхона», ки аз 10-ум то 14-уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Москва баргузор гардид, муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода ва сардори шуъбаи кўдакон ва наврасон Назира Толибова дар озмун мазкур иштирок доштанд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки соли 2022 тибқи Барномаи ҳамкории техникӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Ҳиндустон (ITEC) кормандони Китобхонаи миллӣ Моҳира Муродова, Шуҷоъ Ҳошимов, Исроил Иброҳимов, Амриддин Исломов, Исмоилбег Саидзода, Фарзона Мирзоева, Зафар Саидов, Сайид Ғафуров, Абубакр Манонзода ва Марҷона Одинаева дар дарсҳои барномаи мазкур барои такмили забони англисӣ дар шаҳрҳои мухталифи Ҳиндустон иштирок карданд.
Дар асоси банди 4-и Нақшаи кории Китобхонаи миллӣ оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО ва банди 6-и Нақшаи кории шуъба 27-уми сентябри соли 2022 бахшида ба 815-солагии мутафаккири барҷастаи форсу-тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Китобхонаи миллӣ Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Мавлоно муршиди ваҳдат ва гуфтугўи тамаддунҳо» дар ҳамбастагӣ бо Ҷамъияти дўстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (Ҷамъияти дўстии Тоҷикистон–Туркия) баргузор гардид. Конфронсро директори Китобхонаи миллӣ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол оғоз намуда, меҳмоноро хайра мақдам гуфт. Дар Конфронс муҳаққиқон, коршиносон ва роҳбарони мақомоту идораҳои дохилӣ ва хориҷӣ ширкат карданд. Ҳамчунон дар Конфронс ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ Масрур Абдуллозода, муовини Ҷамъияти дўстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Кароматулло Олимов, намоянда аз Вазорати корҳои хориҷӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО Алишер Бахтиёрзода, сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Маҳмудзода, Сафири Ҷумҳурии Индонезия (бо иқомат дар ш. Нурсултон) Муҳаммад Фаҷрул Раҳмон, аттешеи фарҳангӣ аз Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳсин Фараҳбар, муовини Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Батухан Челебӣ, доктори илмҳои фалсафа Муҳиба Маҳмадҷонова аз Ҷамъияти дўстӣ, профессор Муштоқ Аҳмад Садаф аз Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Саидолим Комилҷон Саидмирзо, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршедҷон Зиёӣ ва доктори илмҳои филологӣ, профессор Аламхон Кўчарзода суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни Конфронс инчунин тариқи онлайнӣ иштирок кунандагон аз Федератсияи Руисия Лайлӣ Додихудоева ва Софя Виноградова, доктори Донишгоҳи Австралия Амир Ҳусайни Зикргу (Малайзия), Абад Бадрузамон аз Ҷумҳурии Индонезия, Лайло Тоҷир аз кишвари Австрия, доктори илмҳои фалсафа Саид Нурулҳақ Ковиш аз Олмон баромад намуданд. Меҳмонон инчунин аз Ҷумҳурии Озарбойҷон Тоҳира Алёрова, Абдуллаева Насиба Бурановна доктори илмҳои фалсафа, профессори Донишгоҳи миллии Ўзбекистон, Нигина Шермуҳаммадова, доктори илмҳои фалсафа профессори Донишгоҳи миллии Ўзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек, Мажинбеков Сакен номзади илмҳои фалсафа, дотсент ва Корганова Саипжамал Султановна номзади илмҳои фалсафа, дотсент аз Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок доштанд. Дар фарҷоми Конфронс роҳбарияти Китобхонаи миллӣ меҳмононро баъди боздид аз Китобхона бо хотираҳои нек гусел намуданд.
Бо мақсади густариши ҳамкориҳои мавҷуда тибқи Барномаи (ITEC) барои соли 2023-2024 мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Фароғат Сафарова ва мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ Манижабону Ибрагимова 4-уми сентябри соли 2023 ба Ҷумҳурии Ҳиндустон сафар карданд.
Аз соли 2013 то соли 2023 Китобхонаи миллӣ бо китобхонаи олам 22 санади ҳамкорӣ ба имзо расонд.
Айни ҳол Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллӣ ва Китобхонаи миллии Туркия, Фаронса, Ҳиндустон, Китобхонаи оммавии, илмӣ-техникии Академияи илмҳои Русия дар минтиқаи Сибир ва Китобхонаи Искандарияи Ҷумҳурии Мисри Араб дар остонаи имзо қарор доранд.
Реҷаи корӣ: аз 8:00 то 17:00
Сардори шуъба: Муҳаббат Шобулбулова.
Тел: 902 22 54 29
Фаъолияти шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ