Нигору номаҳои мардумони Осиёи Вусто. Номаҳои бохтарӣ

Таъсири юнониён ба фарҳанги миллӣ, ба вижа ба маданияти Бохтар зўр буд. Нигори юнонӣ дар мудати ҳазор сол хати асосии Бохтар буд. Аммо ин таъсир якҷониба набуд Дар ҳунари меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, заргарӣ масалан, таъсири мутақобила эҳсос мешуд. Ҳамчуноне Б.Ғафуров таъкид мекунад «бар хилофи даъвои бисёри мунаққидонаи Ғарб дар ин ваҳдат маданияти Осиёи Миёна аъзои комилҳуқуқ ва ҳатто аъзои асосии пешбаранда буд».(67-С-168).

Нисбати таърихи Юнону Бохтар ақоиди мухталиф ҳаст. Баъзеҳо онро қисмати олами эллинӣ, дигарҳо як қисмати таърихи Ҳиндустон мешуморанд. Ба ақидаи Б.Ғафуров «Юнону Бохтар, пеш аз ҳама, Осиёи Миёна ва Афғонистон аст, инчунин Ҳиндустон ва олами эллинӣ»(67-С-169).

Дар айёми Кўшониён дар Бохтар нигори гуногун истифода мешуд. Замоне, ки қавмҳои кўчӣ Бохтарро ба худ тобеъ карданд, онҳо нигори хешро надоштанд. Аз диди олимон онҳо нигор ва фарҳанги эллиниро пазируфтанд. Дар айёми ҳукумронии аввалин императорони Қўшон Қудзул Кадфиз ва Вим Кадфиз коргузорӣ асосан ба забон ва нигори эллинӣ анҷом меёфт. Дар сикказанӣ забонҳои юнонию ҳиндиро масраф мекарданд. Рафта-рафта таъсири унсурҳои ҳиндӣ суст  мегардад, бештар ба анъанаҳои соф юноннӣ такя мешавад. Набиштаҳои рўи сиккаҳо ҳам ба ҳамин забони юнонӣ сурат мегирифт.

Дар айёми Канишки вазъият ба оҳистагӣ тағйир меёбад. Ба ин мувофиқи ақидаи Б.Я.Ставитский, сустӣ ва кам шудани нуфузи ҳамон доираҳои юнонизабон боис шуд. Эрониёни шарқӣ (аҳолии Бохтаристон) ба такиягоҳи низомию маъмурии Кўшониён табдил ёфтанд. Онҳоро ба ноҳияҳои дури Ҳиндустон барои идораи умрони давлат равон мекарданд. Ва онҳо  он ҷо рўҳи мардуми хешро нигоҳ дошта, комёбиҳои фарҳангӣ антиқӣ ва ҳиндиро аз худ намуданд. «Маҳз ана ҳамин унсурҳои барои ҳайати ҳокимони императори худӣ, дар замони Канишка ба такягоҳи асосии фарҳангӣ табдил  ёфтанд».(46-С-212).

Дар айёми Канишка набиштаҳои бо нигори қўшони сабт шуда ба миён омаданд. Он нигоре буд юнониасос ва мувофик ба нутқи эронии сарварони императории Кўшон. Тибқи гузориши Б.Я.Ставитский тамоми набиштаҳои «юнонии» айёми Кўшониҳо маҳз бо «нигори кўшонӣ» иҷро шуданд. Аҳамияти ихтирои  хати нав барои таърихи ҳаёти фарҳангии императоронии Кўшон бисёр бузур буд. Онҳо бори нахуст соҳиби нигори худӣ шуданд. Ва ин хат дар тамоми Осиёи Вусто мавриди истифода қарор гирифт. Ин нигор барои мардумони эронинажод низ имконот муҳайё сохт ва онҳо тавонистанд дар сабти нутқи хеш, дар тарҷумаи осори бегонагон ин нигорро истифода бикунанд.(46-С-217).

Ба оҳистагӣ  ин нигор ба якҷоягии забони бохтарӣ ба расмият даромад ва ҳамчун як нигори дигари эрониёни шарқӣ шинохта шуд. Ин нигор нақши бохтариҳо ва забони онҳоро боло бардошт. Кўшониёни кўчӣ онҳоро қабул карданд ва то охири салтанати хеш ба нашру густариши он мусоидат карданд.

Оиди паҳншавии «нигори кўшонӣ» бо забони бохтарӣ дар айёми гулгулшукуфии императории Кўшон се набиштаи рўи зарфҳои сафоли шаҳодат медиҳанд. Яке аз онҳо рўи зарфи бузург сабт шудаасту дуи дигар бо ранги сиёҳ рўи кўзаҳо нигошта  шудаанд.

Дар императории Кўшон забон ва нигори ҳиндӣ низ масраф мешуд. Ин гуна набиштаҳо асосан бо алифбои кхароштхӣ ва брахмӣ иҷро мегардид. Натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ собит кард, ки қисмати ин набиштаҳо ба Бохтар ҳамл шудаанду қисмати дигар дар ҳуди маҳал сабт шудаанд. Олимон паҳншавии хатҳои ҳиндиро дар Бохтар аз паҳншавии дини буддоӣ медонанд.

Аз китоби Раҳимҷони Шарифзода “Таърихи номаҳои Аҷам”, нашри дуюм, чопи соли 2010.

Таҳияи Ойҷонгул Давронова, сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.

(Давом дорад)