«Фарҳанги русӣ ба тоҷикии вожаҳои шоз»-и Комин Чиллазод
Боиси хушнудист, ки дар соли ҷорӣ аз ҷониби Маркази «Тоҷикшиносӣ»–и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»–и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби ҳаштуми силсилаи «Тоҷикон дар масири таърих», яъне асари арзишманди Комин Чиллазод «Фарҳанги русӣ ба тоҷикии вожаҳои шоз» - «Русско-таджикский словарь редких слов», ба табъ расид. Ин китоб танҳо як луғат нест, балки падидаи муҳимми фарҳангиву забоншиносист, ки ба эҳё ва шинохти дубораи ганҷинаи забони тоҷикӣ равона шудааст.
Асари Чиллазод аз доираи луғатнигории маъмулӣ берун рафта, ба хонанда маҷмӯаи нодири вожаҳои камистеъмол, куҳан ва фаромӯшшударо пешкаш мекунад. Ин луғат пули иртиботӣ миёни забони имрӯз ва табақаҳои амиқи забони форсӣ-тоҷикӣ мебошад. Муаллиф онро на ҳамчун як вазифаи академӣ, балки ҳамчун натиҷаи заҳмати бисёрсолаи шахсӣ ва эҳтиёҷи ботинӣ барои ҳифзи вожаҳои аз байнраванда офаридааст.
Ба андешаи муаллиф, забон танҳо воситаи муошират нест, балки оинаи таърих ва ҳомили ҳувияти миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, ин луғат воситаи бозгашт ба решаҳо, ба «сабки баланд» ва ба ганҷинаи вожаҳои аслӣ маҳсуб меёбад.
Ин асарро метавон як навъ иқдоми фарҳангӣ арзёбӣ кард, ки ба нигоҳдорӣ ва эҳёи захираҳои луғавии камистеъмол нигаронида шудааст. Чиллазод анъанаи осори луғатнигории ҳадафмандро идома дода, таваҷҷуҳи хонандаро ба вожаҳои камкорбурд ҷалб мекунад.
Маводи гирдоваришуда ба хонанда имкон медиҳад, ки ғановати забони тоҷикро амиқтар дарк намояд ва бо қабатҳои гуногуни он ошно гардад.
Арзиши илмии асар танҳо ба заҳмати муаллиф маҳдуд намешавад. Китоб бо кӯшишу заҳмати Бобохонов Бобоназар, ки онро ба чоп омода кардааст, шакли мукаммал ва дақиқи нашриро касб намудааст. Назорати илмии асар зери роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол анҷом гирифта, ба он заминаи устувори назариявӣ бахшидааст.
Ҳамзамон, таҳти муқарризии доктори илмҳои филология, профессор Назарзода Сайфиддин китоб аз нигоҳи илмӣ мавриди арзёбии ҷиддӣ қарор гирифтааст.
Нашри ин асар дар доираи як барномаи илмӣ ва фарҳангӣ далели таваҷҷуҳ ба рушди забони миллӣ мебошад. Асари мазкур метавонад барои забоншиносон, тарҷумонҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён манбаи муфид гардад.
«Фарҳанги русӣ ба тоҷикии вожаҳои шоз» на танҳо як китоб, балки иқдоми муҳим дар роҳи ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ мебошад. Ин асар дорои арзиши бузурги илмӣ ва фарҳангӣ буда, метавонад дар шинохт ва истифодаи дурусти захираҳои луғавии забон саҳми назаррас гузорад.
Хонандагон метавонанд китоби «Фарҳанги русӣ ба тоҷикии вожаҳои шоз»-и Комин Чиллазодро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Таҳияи Искандаров Орзуҷон, сардори Маркази «Тоҷикшиносӣ» ва Маҳинбонуи Ҷамолиддин, мутахассиси пешбари Маркази «Тоҷикшиносӣ».