Феҳрист – калиди китобхона

Феҳрист  рӯйхати   асарҳои  дар   китобхона   мавҷудбударо    мефаҳмонад. Тамоми  китобхонаҳо   тавассути  феҳристҳо  фонди  худро  барои   хонандагон муаррифӣ менамоянд. Барои  дарёфт  намудани  адабиёт аз  ҷониби    хонанда  нақши феҳрист ниҳоят  муҳим  мебошад. Феҳристҳо аз  рӯи  намудашон алифбоӣ, мураттабӣ,  предметӣ  ва  ғайра мешаванд ва дар  шакли  анъанавиву  электронӣ  ҷойгир  шудаанд.

Дар  феҳристи   алифбоӣ   адабиёт  бо  тартиби  алифбоӣ ном  ва  насаби  муаллифон  ва  дар  ҳолати  набудани муаллиф дар зери  сарлавҳа гузошта  мешавад.  Феҳристи   алифбоӣ  аз   ҳама  одитарин  феҳрист   ба ҳисоб меравад. Масалан, аввал ҳамаи асарҳои  Абдуллоев, Авдиев, Айнӣ  ва сипас Баҳромов,  Бурҳонов, Валиев ва дигарон тасвир  карда мешавад. Ба шумо кифоя аст, ки номи муаллифи  асарро  ба  зудӣ   пайдо  карда  тавонед.

Феҳристи мураттабӣ мавзӯӣ мебошад. Асарҳои чопӣ дар  асоси   соҳаҳои   дониш  дар  рафъҳои   китоб,   ба қуттиҳои  феҳристҳо  аз  рӯи  таснифоти  библиографӣ,   китобхонаҳо,   ББК   ё  ТДУ ҷо  ба  ҷо  гузошта   мешавад.

Феҳристи предметиро аз рӯи  як  предмет, адабиёт мегузоранд. Яъне  химия, физика, биология  ва  ғайра.

Ҳоло аксари китобхонаҳо  аз технологияи муосири  иттилоотӣ   истифода  мебаранд.  21- уми   марти  соли   2012   бо  ташаббуси   Асосгузори   сулҳу  ваҳдати  миллӣ,  Пешвои  миллат,   Президенти   Ҷумҳурии  Тоҷикистон,   муҳтарам   Эмомалӣ   Раҳмон   бузургтарин   махзани   илму  дониш,  кони  фарҳангу  маърифат –  Китобхонаи    миллиро  барои  кулли  хонандагон  ва  шаҳрвандон  ифтитоҳ  шуд, ки   яке  аз  калонтарин   китобхонаҳо  ба  ҳисоб  меравад.  Имрӯз  дар  назди  китобхонаҳои  кишвар   вазифаи  асосӣ   истифода   бурдани  технологияи  муосири  иттилоотӣ  мебошад.  Аз  ин  рӯ,  дар  фаъолияти  китобхонаҳо  инчунин  истифодаи   барномаи  махсуси  китобдорӣ дар шакли  автоматикунонӣ  аҳамияти   калон  дорад.

Имрӯз  дар  фаъолияти  як  қатор  китобхонаҳои   ҷумҳурӣ  барномаи  махсуси    китобхонавӣ  монанди  Ирбис-  Алиф   истифода  мешавад. Дар  Китобхонаи  миллӣ  низ  хидматрасонӣ  аз  барномаи    “ALEPH”мавриди истифода қарор гирифтааст. Ин  барнома   аз  2   қисм  иборат  мебошад. Қисми  якум  (аз 5 модул)  барои   кормандон – такмил, феҳристнигорӣ, хизматрасонӣ  ба  хонандагон   тавассути  абонементи  байни  китобхонаҳо,  назоратӣ- маъмурӣ   ва қисми  дуюм ”ОPAK” (Опак) барои  хонандагон   пешбинӣ  шудааст.  Ҳар  ду  қисм ба ҳам алоқамандии зич  доранд. Хонандагон  бевосита  метавонанд  аз  феҳристи электронӣ   истифода   баранд.  Маводи  лозимро   ҷустуҷӯ   намуда,  дар  як  навбат  онҳоро    барои  мутолиа     фароҳам  кунанд.

Имрӯз   шавқу рағбати  хонандагон   ба  китобхонӣ  рӯз  аз  рӯз  меафзояд. Дар   Китобхонаи   миллӣ  низ  теъдоди хонандагон   хеле   зиёданд.  Чун  вориди   китобхона   мегардӣ,   аз  зиёд   будани   теъдоди   хонандагон   шахс   ҳаловат     мебарад. Барои  хонандагон  нақши  феҳрист  хеле  калон  аст. Чун  онҳо  вориди  китобхона  мегарданд, сараввал  аз  феҳристҳои  китобхона  истифода  мебаранд. Чунки  калиди   китобхона   феҳрист   мебошад. Бале,  барои  дарёфт  намудани   адабиёти  худ   аз   феҳристҳои   китобхона    адабиёти    лозимро  дарёфт  мекунанд. Сипас барои  мутолиа  ба   толори  хониш  роҳ  меёбанд. Имрӯзҳо мо кормандони китобхона хонандагонро бештар бо феҳристи электронӣ кӯмак  мекунем. Чунки  хеле  муносиб  ва  дастрас  аст   ва  ба  зудӣ  адабиётро  пайдо кардан  мумкин  аст. Лекин  ҳатман  бояд  номи  муаллиф  ё номи  китоб  аниқ бошад. Хонандагони  мо  хеле   зирраку  доно  ҳастанд.

Қисми  зиёди  онҳо  аллакай   феҳристи    электрониро   омӯхтаанд.  Аз  он  истифода  бурда,  ба  зудӣ   адабиётро пайдо  мекунанд. Аммо  аз  феҳристи  анъанавӣ  бисёр  вақт  намехоҳанд  истифода баранд. Танҳо   аспирантҳо, омӯзгорон  ё  кормандон  бештар  аз  феҳристи  анъанавӣ  истифода  мекунанд.

Хонандагони  мо танҳо он вақт наметавонанд адабиёти лозимиро пайдо кунанд, ки дар бораи он маълумоти дақиқ надоранд: на исми муаллифи китоб ва номи онро дуруст медонанд.  Дар ин  ҳолат  мо  кормандон  танҳо  метавонем  аз  феҳристи  мураттабии   анъанавӣ  истифода  барем.  Чун  аз  хонанда  пурсон  мешавем, ки   мавзӯи  онҳо   вобаста  ба  кадом  соҳа   аст.    Азбаски   феҳристи  мураттабии  мо  аз  рӯи  соҳаҳо  ҷобаҷо   карда  шудаанд,  мо ба  хонандагон  вобаста  ба ҳамон  мавзӯашон   соҳаи  ба  мавзӯъ  наздикро  истифода  мекунем. Барои   ҳамин хуб аст, ки  агар муроҷиати хонанда дақиқ бошад.

Фароғат ТОЛИБОВА,
муовини сардори
шуъбаи  феҳристнигорӣ.