Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 22-уми январ

Рузи адабиётСоли 1561 дар шаҳри Лондон файласуф, сиёсатмадор, донишманд, ҳуқуқдон ва нависандаи англис  Фрэнсис Бэкон ба дунё омад. Бисёриҳо ӯро меҳвари аслии таҳаввули фикрӣ дар асрҳои миёна медонанд ва ҳатто поёни султаи калисо ба тафаккурро  ба андешаҳои ӯ нисбат медиҳанд. Ӯро падари таҷрибагароӣ ва материализми англис ҳам меноманд.

“Арғунуни ҷадид”, “Пешрафти илм”, “Баррасиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ”, “Таърихи ҳунари ҳафтум” аз ҷумлаи таълифоти ӯ мебошанд.

arkadij-gajdarСоли 1904 дар Лгов навсандаи кӯдакнависи Шӯравӣ, намоишноманавис, филмноманавис, журналист ва хабарнигори ҳарбӣ Аркадий Гайдар ба дунё омад.

Нахустин асари адабияш — повести «Дар рӯзҳои шикасту пирӯзӣ» (1925) буд.  Муаллифи повестҳои «Кишварҳои дур» (1932), «Пиёлаи кабуд» (1936), «Чук ва Гек» (1938), трилогияи «Темур ва командаи ӯ», «Коменданти қалъаи барфӣ», филмномаи «Савганди Темур» (1940) мебошад. Мавзӯи аслии осори Аркадий Гайдар тарбияти иҷтимоӣ буда, образҳои офаридаи ӯ — писарак Кибалчиш ва Темур мояи ибрати чандин насли кӯдакон ва наврасони собиқ ИҶШС, аз ҷумла Тоҷикистон, будаанд.

Мақсади Аркадий Гайдар дар осораш тарбияи ватандӯстони ҳақиқӣ буд. Дар повести «Сарнавишти шайпурнавоз”» (1937) зиндагии бачагони хонаводаҳои табъидшудагонро ба қалам овард. Нашри боби аввали он дар рӯзномаи «Пионерская правда» қатъ гардида, китобҳои Аркадий Гайдар аз китобхонаҳо мусодира шуданд. Танҳо баъди ба ордени «Нишони Фахрӣ» (1939) сарфароз гардидан имкон ёфт, ки ба кори адабӣ идома диҳад.

Аз нахустин рӯзҳои ҶБВ (1941−45) хабарнигори махсуси рӯзномаи «Комсомолская правда» буд. Осори ӯ ба чандин забон, аз ҷумла тоҷикӣ («Мактаб» 1938; «Сирри ҳарбӣ» 1941; «Чук ва Гек» 1947; «Темур ва командаи ӯ» 1951, 1983; «Тақдири нақорачӣ», 1962 ва ғайра) тарҷума шудаанд. Аз рӯйи асарҳояш  филмҳо ба навор гирифтаанд.

Соли 1906 дар Пистер, иёлати Техас нависандаи амрикоӣ Роберт Говард ба дунё омад.

Соли 1908 дар шаҳри Порис дуюмин китоби шеърҳои Николай Гумилёв ба теъдоди сесад нусха чоп шуд.

Соли 1918  Александр Блок  мақолаи машҳури худ “Зиёӣ ва инқилоб”-ро навишт.

uolter-mСоли 1922 дар Ню-Смирна-Бич нависандаи асарҳои тахайюлии армикоӣ Уолтер М. Миллер таваллуд шуд. Вай бо асари «Сурудае барои Лейбович» машҳур аст. Ин роман соли 1959 нашр шуд ва ҳодисаҳои тасвиршуда дар он дар як савмааи католик дар ҷанубу ғарби Амрико мегузарад. Нақл аз он аст, ки чӣ гуна баъди ҳазорон сол  тамаддун дар миёни инсонҳои боқимонда барқарор мешавад.

Соли 1925 дар Глен Ридж, иёлати Ню-Ҷерси нависандаи асарҳои тахайюлии армикоӣ хонум Кэтрин Маклин ба дунё омад. Вай бо ҳикояҳои тахайюлии худ дар солҳои 1950 – 1970  машҳур аст. Ӯ дар навиштаҳояш аз таъсири комёбиҳои  технологӣ ба одамон навиштааст. Барандаи ҷоизаи «Небюло» буд.

anna-eberСоли 2000 дар Монреал дар синни 83-солагӣ шоир, насрнавис, намоишноманвиси канадиёӣ Анна Эбер тарки олам кард.  Анна Эбер ба забони фаронсавӣ менавишт. Навиштаҳояш аз соли 1937 чоп мешуданд.

Таҳияи Б.Шафеъ.