“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”. Рӯзи чорум

Фариштамоҳи-СайдалӣГурӯҳи дуюми иштирокчиён пурсида мешаванд. Аз имрӯз хонандагони синфҳои 5-11 –и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар даври ниҳоии озмун баромад мекунанд. То имрӯз 109 нафар хонандагони синфҳои 1-4 дар озмун ширкат ва пурсида шуданд. Аз инҳо: дар номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон 30 нафар, адабиёти муосир 27 нафар, адабиёти классики тоҷик 25 ва адабиёти хориҷӣ27 нафар. асон

Фариштамоҳи Сайдалӣ хонандаи синфи 11 – и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 -и ноҳияи Ҳамадони аст. Ӯ аз рӯи номинатсияи хондан ва азёд намудани адабиёти муосир иштирок мекунад. Баъди баромадаш бо ӯ ҳамсуҳбат шудем. Фариштамоҳ мегӯяд, дар бахши назм мушкили  надоштам, ба ҳамаи суолҳои ҳакамон посух гуфта тавонистам, аммо дар луғатдонӣ ва баъзе асарҳои насрӣ мушкилӣ кашидам, ки ҳакамон эрод гирифтанд.

Омӯзгори ӯ Неъмат Одинаев, ки аз ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамроҳи Фариштамоҳ омадааст, мегӯяд аз баромади шогирдам, қаноатмандам чунки мо баъзан дар дастрасӣ ба китобҳои дар низомнома пешниҳодшуда мушкили мекашидем. Новобаста аз ин ҳамаҷониба кӯшиш кардем ва дар ҳамкорӣ бо Китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ шогирдонро омода намудем.Умедворем ки сазовори ҷойи намоён мегардем.

Муборакшо Раҳмонов аз як деҳаи дурдасти ноҳияи Файзобод духтараш Мутрибаи Муборакшоро ба озмун овардааст. Ӯ дар суҳбат ба мо иброз дошт, ки барои дастрас кардани китобҳои духтараш борҳо ба маркази ноҳия рафтааст. Аммо ин барояш ифтихор аст чун фарзандон ҳамагӣ китобдӯстанду дар мактаб низ бо баҳои аъло таҳсил мекунанд.

Мутрибаи Муборакшо иштирокчии номинатсияи адабиёти муосири тоҷик аст. Вай мегӯяд аз аввал ба хондани китобҳо завқ доштам, вале барои дар озмун иштирок кардани ман сабаби асоси ғолибияти хоҳарам дар соли гузашта буд. Нигора Раҳмонова хоҳарчаам дар номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон ғолиб омад ва шавқу ҳаваси ман зиёд гардид.Азм намудам, ки ман низ пирӯз шавам.

Иштирокчии дигар Зайнабхон Ҳамидиён баъди баромад намуданаш каме эҳсоси ҳаяҷон дошт. Вай гуфт,  дар асарҳои насрӣ ба хатоӣ роҳ додам, аммо ҳакамон ба маҳорати ғазалхониам баҳои хуб доданд.

Зайнабхонро барои иштирок дар озмун падараш Илҳомҷон Ҳамидиён, ки худ омӯзгор аст, роҳнамоӣ кардааст. Падари Зайнабхон дар суҳбат ба мо гуфт, ки баромади духтараш ӯро қаноатманд намудааст, вале баҳоро  ҳакамон мегузоранд.

Дар номинатсияи эҷоди назму наср низ бо чанде аз иштирокчиён ҳамсуҳбат шудем.  Наҷиб Яқубов то даври ниҳоии озмун аз ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадааст.Наҷиб мегӯяд иштирок дар озмун таҷрибаи аввалини ӯ мебошад.Ӯ ба озмун 8 афсона, 8 ҳикоя, 3 эссе , 1 достон ва чандин латифаю занбурмасалҳоро пешниҳод намудааст. Дар даврҳои гузашта, талаботҳо низ камтар буд, вале дар даври ниҳои ҳакамон ҳам сахтгирӣ мекунанд, ки ин ҳама барои ояндаи мост, –иброз дошт Наҷиб.

Ҳамчунин Наҷиб мегӯяд : Хеле хурсанд ҳастам, ки то ин давр роҳхат гирифтам. “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст “- фақат як озмун нест. Мо дар ин ҷо дӯстони зиёд пайдо мекунем. Бо ҳамдигар  баҳсу мунозираҳо меороем. Озмун метавонад ҷаҳонбинии моро дигар кунад ва андешаронии моро мукаммал гардонад. Агар ғолиб  ҳам наоям, рӯҳафтода нахоҳам шуд, чунки бисёр чизҳои нав ва боманфиатро аз дигар иштирокчиён омӯхтам.

Волидони Омина Одинаева хонандаи синфи 11 ум аз ноҳияи Восеъ, ки аз рӯи номинатсияи адабиёти классик иштирок мекунад ҳамроҳи ӯ ба озмун омадаанд. Адиба Боқиева модари Омина  аз духтараш зиёд боварӣ дорад. Ӯ мегӯяд Омина хатмкунандаи мактаб аст ва мақсади асосиаш ғолиб омадан ва унвони баланди донишҷӯиро соҳиб шудан мебошад. Мувофиқи низомномаи озмун хатмкунандагоне , ки дар даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, дар дилхоҳ Донишгоҳҳои олии ҷумҳури метавонанд ба тариқи ройгон донишҷӯ шаванд. Омӯзгори Омина падараш  Ҳабибулло Одинаев аст, ки ӯ ба мо дар робита ба шароиту имконоти дастрасии китобҳо барои хонандагонашон ибрози назар намуд.

Духтарам бисёр бо завқ китоб мехонд ва баъди эълони озмун тасмим гирифтем, ки ӯ низ  донишу маҳорати худро санҷад. Албатта баъзан китобҳоро пайдо кардан мушкил аст, вале агар хоҳем, дар ҳамкори бо дигар китобхонаҳои шаҳрӣ дарёфт мекунем,- мегӯяд номбурда.

Бояд  қайд намоем,  рӯзи чорум аст, ки озмуни ““Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Китобхонаи миллӣ гузашта истодааст ва то 15 уми ноябр идома хоҳад ёфт.

Наргис НАЗАРЗОДА