Ганҷ магир китоб гир

Китоб қимматарин ганҷина барои инсон аст, он калиди хазинаи илму маърифат буда, таҷрибаву дониши тамаддуни ҳазорсоларо дар бар мегирад, китоб аҳамияти бузурги тарбиявию ахлоқиро дорост.  Китоб устоди беминнат аст, мо бо ҳифз намудани китобҳои нодир илму фарҳанги миллати тоҷикро азиз медорем. Ҳар як китоб ҳамчун хишти хубест дар пойдории ҳаёти оянда. Тавре, ки Пешвои миллати мо оид ба китоб қайд намуданд: Эҳтиром ба Ватан, ифтихор ба Тоҷикистони азиз ва дўстдоштани ҳар гўшаву канори он аз дуруст мутолиа кардани китоб ва аз бар намудани мазмуни он сарчашма мегирад.                                                                                                                                         Халқи мо аз қадим китобхон буд ва ин анъанаро бояд ҳифз карда, идома бидиҳем. Аз ин рў, бояд ҷавонон ба қадри китоб бирасанд. Вақти пурқимати худро ба беҳудагардиву оворагардӣ сарф накарда, бештар китоб хонанд, то дар зиндагӣ душворӣ садди роҳи онҳо нашавад. Шоир дуруст мефармояд:

                               Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

                               Фуруғи субҳи доноӣкитоб аст.

Китоб дар ҳама давру замон барои рушди шахсият ва ҷамъият василаи асосию беҳтарин ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26-уми декабри соли 2019 дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ҷиҳати татбиқи сиёсати фарҳангӣ нисбати нақши китобҳонаҳо дар замони муосир таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда қайд карданд, ки китобхонаҳо бояд ба маркази илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ инчунин ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ўро бо роҳи дурусти зиндагонӣ раҳнамоӣ мекунад. Вобаста ба ин ҳар сол дар кишвар озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китобаст» баргузор мегардад.

Воқеъан ҳам ҳеч нерўе тавонотар аз китоб нест. Китоб тарбиятгар аст, бе китоб бунёди ҷомеаи солим ғайриимкон аст. Беҳуда нагуфтаанд «Ганҷ магир китоб гир». Бо мақсади омўзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намудаанд. Аз ин пеш ҳам миллати тоҷикро дар ҷаҳон бо китобҳояш, бофарҳанги воло ва фарзандҳояш мешинохтанд.

Саломат Яқубова,

сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон.