Ганҷинаҳои Тоҷикистони азизро бишносем. Сангҳои  аҷиб

Ганҷинаҳои ТоҷикистонТоҷикистон на фақат бо кӯҳҳои боҳашамат, водиҳои зархез ва сарватҳои зеризаминӣ, инчунин бо сангҳои аҷиб-муҷассамаҳои беназири табиаташ, ки  бидуни  иродаи инсон пайдо  шудаанд, ном  баровардааст.

Ба муҷассамаҳои табиат-кӯлҳо, пиряхҳо, шаршараҳо, чашмаҳо, ғорҳо, харсангҳо ва шахҳои зебою аҷиб, кони сангҳои қиматбаҳо, ҷойҳои бозёфти боқияҳои наботот ва ҳайвоноти мунқариз ва қадим, мавзеъҳои зебоманзари табиат, регтеппаҳо, талҳо  ва сӯхторҳои  ниҳонии конҳои  амиқи  ангиштсанг дохиланд.

Ба ҳифзи муҷассамаҳои табиат, на фақат мо  имрӯзҳо машғулем, балки гузаштагонамон ҳам  табиатро бо  тарзу усулҳои ба замони  худ хос  муҳофизат мекарданд. Ингуна  кӯшишҳо дар масъалаи пешгирии эрозияи хок ва сел, ҳифзи манзараҳои дилфиреби табиат, релйеф, чашмаҳо, дарахтони азим  ва ҳайвони алоҳида дида мешуд. Мардум баъзе  ҷойҳои  зебои табиат, чашмаҳо шахҳо ва дарахтҳоро мазор  эълон карда, онҳоро ҳифз мекарданд. Аммо ин тадбирҳо яктарафа, маҳдуд ва  ғайриилмӣ  гузаронида  мешуд.

Имрӯз дар Тоҷикистон бештар аз 150 номгӯи  муҷассамаҳои  табиат  маълум аст, ки аксари онҳоро метавон осорхонаи табиӣ номид. Аз  ҷумлаи онҳо намаккӯҳи азими Хоҷамӯъмин дар ноҳияи Кӯлоб, Кӯҳи  Малики “оташфишон”-и ҳавзаи дарьёи Яғноб, Гармчашмаи  Ишкошим бо суфаҳои  садафин ва шаршараҳои оби гармаш, конҳои лоҷварду лаъли Бадахшон, кӯли Сарез-офаридаи зилзилаву  фурӯрафтаи кӯҳ, Искандаркӯл ва қуллаи  Лолакӯҳи  Наврӯз дар ҳавзаи дарёи Хингоб шӯҳрати ҷаҳонӣ доранд. Дар бисьёр мавзеъҳои  ҷумҳурӣ  муҷассамаҳои диққатангези табиат-“қаср”-ҳои табиӣ, оинасангҳо, боқияи  сангшудаи ҳайвонот ва наботот, нақши  пои аждаҳои кӯҳан (динозавр), занбӯруғҳои сангин ва дигар сангҳои  аҷибро низ метавон дид.

Гунбази баландиаш 700-метраи Хоҷамӯъмин (ҳаҷмаш 55 километри мукааб) асосан аз намаксанг иборат аст. Оби  шифобахши  Гармчашма (то 620С) аз байни санги садафмонанди масомдор фаввора зада баромада ба ҳавз мерезад. Суфачаҳои сап-сафеди Гармчашма ба мавҷҳои  шахшуда  монанданд.

Шӯҳрати лаълу лоҷварди  Бадахшон аз қадим  ҷаҳонгир аст. Имрӯз  аз конҳои  Кӯҳи  Лаъл ва Лоҷварддара сангҳои  қиматбаҳо мегиранд. Мо бояд ҷойҳои алоҳидаи конро, ки аҳамияти таърихӣ, илмӣ  ва маънавӣ  доранд, нигоҳ дорем. Боқимондаи конҳои қадимӣ ва дигар муҷассамаҳои табиат дар қаторкӯҳҳои Ҳисору Зарафшон ва Қаромазор ҳам бисьёранд.

Яке аз офаридаҳои ҳайратангези табиат чинҳои кӯҳи “Лолаи сангин”-ро дар 260 км роҳи  Душанбе –Хоруғ дар  соҳили чапи дарьёи Хингоб аз назди Кабутҳавз, дар қуллаи кӯҳи  Наврӯз,тамошо кардан мумкин аст. “Лолаи сангин”-и қариб садметра аз регсангҳои сурху зард, гилсангҳои хокистарранг ва оҳаксангҳои давраи палеоген, ки тақрибан 60 миллион сол муқаддам дар таги баҳр таҳшин шуда буданд, иборатанд. Бо мумури замон  қабатҳои ҷинсҳои кӯҳӣ дар  натиҷаи ҳаракатҳои тектонии қишри замин сарнагун  шуда, чунин чинҳои лоласиморо ба вуҷуд овардаанд. Чинҳои сандуқмонанди регсангҳои сурхи давраи неогенро болои деҳаи Зиддӣ дар  сари роҳи автомобилгард мушоҳида карда  мешавад. Дар атрофи Душанбе низ якчанд  муҷассамаҳои табиат ва сангҳои аҷиб шоёни диққатанд. Дар ҳавзаи  дарёи  Ширканд бештар аз 30 муҷассамаи табиат-“қаср”-ҳои табиӣ (Ҳазорхона, Сутункамар), ғорҳои калон (Мӯмиёкамар, Бибишир), шаршара ва камарҳои  зебо, оташдонҳои  маъдангудозӣ  ва дажғол мушоҳида карда  мешавад. Дар ин ҷо ва дар Боботоғ панҷ мавзеи зисти динозаврҳо-аждарҳои  азими  давраи  юра,  ки 230 млн. сол пеш мезистанд, ёфт шуд. Дар маҳалли Қуруқсойи ноҳияи Файзобод, дар зардхок устухонҳои филу заррофа, маймуну каркадан, хирсу  оҳу, аспу гов  дарёфт шудаанд, ки 2млн. сол пеш мезистанд.

Бояд гуфт, ки ҳаёт аввал дар баҳр  пайдо шуда, оҳиста-оҳиста  дар хушкӣ  паҳн шуд. Дар дохили  ҷинсҳои таҳшинӣ  мо боқияҳои сангшудаи дафинаҳои микроорганизмҳо, трилобит, брахиоподаҳо, марҷонҳо, моҳиҳои  гуногун, паррандаҳо ва ҳайвони ширхор ва растниҳоро ёфта метавонем. Илми палеонтология (палеоқадим, антос – мавҷудбуда) дар асоси омӯхтани боқияҳои сангшудаи ҳайвоноту растаниҳо синну соли ҷинсҳои  кӯҳиро муайян  мекунад.

Дар назди Кӯҳи Малик кони ангиштсанги Равот воқест. Дар байни қабатҳои ангишти ин кон тана ва нақши баргҳои  сангшудаи набототи  қадимро, ки  130 млн. сол муқаддам мерӯиданд, дидан мумкин аст. Дар  рӯи регсангҳо  изи  пойи динозаврҳо намудор аст.

Соли  1882  яке аз аввалин муҳаққиқони геологияи  Тоҷикистон Г.Д. Романовский дар  соҳили рости дарьёи  Яғноб назди  қишлоқи Равот, ки он ҷо кони ангиштсанги давраи юра мавҷуд аст, рӯи регсанге изи пойҳои ҳайвони ба калтакалос монанд, яъне динозавр-аждари кӯҳанро ёфта буд. Афсӯс, ки ин бозёфт вақти сохтани роҳи автомобилгарди Душанбе-Ленинобод зери фарши роҳ монда рафтааст.

Аъзоёни кружоки геологияи қасри пионерони шаҳри  Душанбе чанде пеш дар ин маҳал такроран  изи  пойҳои  динозаврро дарёфтаанд. Изи ёфтшуда аз сӣ пои сеангушта  иборат буд, ки дарозиашон 15-30 см аст. Мутахассисони Институти геологияи Академияи илмҳои  Тоҷикистон аз рӯи ин изҳо муайян намуданд, ки динозаврҳои Равот тақрибан то 10 метр дарозӣ дошта, бо ду пои ақибашон роҳ мегаштанд. Онҳо ба  гурӯҳӣ динозаврҳои алафхӯр мансуб буда, дар соҳилҳои кӯлҳо мезистаанд. Тахмин кардан мумкин  аст, ки дар нимаи дуюми давраи  юра (160 мин. сол муқаддам) дар ҷойҳои алоҳидаи қаторкӯҳҳои  Зарафшону Ҳисори имрӯза кӯли калоне воқеъ будааст. Дар ҷангалзорҳои соҳили ин кӯл динозаврҳое  зиндагӣ  мекарданд, ки изи  пойҳои онҳоро гилу регҳои  санггашта  то замони мо маҳфуз доштанд.

Ходими  илмии  Институти геолгия Фирдавс Ҳакимов соли  1963 нақши  пойҳои динозаврҳои  давраи  табоширро (120 млн. сол муқаддам) дар соҳили  рости дарёи Ширкан шимолтарин шаҳри Турсунзода ошкор кард. Шакли  изҳо чунин буданд, ки гӯё ду динозаври азим  дар соҳили баҳр  чарида мегаштанд. Изҳо 50 см  дарозӣ , 30 см бар доштанд. Дар  онҳо акси  чор ангушт хеле хуб  боқӣ  мондааст. Ангуштҳо  ношунҳои  каҷи  дарозиашон  5-7 сантиметра доштанд. Дарозии қадами  динозаврҳо 75 см буд. Олимон аз рӯи дарозии  қадам  тахмин намуданд, ки қади онҳо тақрибан 3 метр будааст. Мутахассисон ин ҳайвони куҳанро ба лотинӣ “Макропазозаурус гравис”, яъне “Аждари бузургпо” ном  ниҳоданд.

Нақши  дигари  пойҳои аждари  куҳанро  соли 1980 геолог В.Бунин дар кӯҳи Боботоғ дар сои Чучелии шохобчаи дарьёи Кофарниҳон ошкор кард. Дар  сатҳи  қабати регсангҳои  оҳакдори  давраи  табошир ки  100-110 млн. сол  муқаддам  дар зери  баҳр таҳшин  шуда  буданд, ҳашт нақши пои калтакалоси калонҷуссаро ёфт. Дар баъзе нақшҳо кафи по  ва панҷаҳои аждаҳоро дидан  мумкин аст.

Изҳои ҳайвоноти гурбашакл дар сари роҳи мошингарди  Душанбе-Норак поёнтари қишлоқи Чормағзак, дар сатҳи регсангҳои сурхи  давраи неоген, ки тақрибан 20 миллион сол муқаддам таҳшин шудаанд, мавҷуд аст.

Аломати мавҷҳои баҳру кӯлҳои қадим ва боришот дар сатҳи варақсанг ва регсангҳои давраҳои гуногун низ мушоҳида мешаванд.Чунин изҳои  воқеӣ ба мо дар бораи шароити табиии муҳит ва сахти ҳайвоноти давраҳои қадим маълумот медиҳанд.

Дар натиҷаи чиндоршавии табақоти ҷинсҳои кӯҳӣ дар қаъри замин дар онҳо нақшу нигорҳои гуногун пайдо мешаванд. Ин тавр нақшҳо дар регсанг, оҳаксанг, гнейсҳои эраҳои архею протерозой ва палеозою мезозой дучор мешаванд.

Дар “Бобурнома”-и Заҳириддин Муҳаммад Бобур (1483-1530) навишта шудааст,ки дар самти ҷанубии Исфара байни пуштаҳо санге ҳаст, ки  онро “Санги оина” меноманд. Дарозиаш тақрибан 10 қори (8м), баландии баъзе ҷоҳояш ба андозаи қади одам ва ҷои  пасттаринаш то ба миёни  одам мерасад. Ҳама чиз  дар он чун дар оина  окс меёбад.

Солҳои охир ба ин мавзеи диққатангези табиат мардум чандон аҳамият намедоданд. Агар санги оинаро диданӣ бошед, аз Исфара рӯ ба Чоркӯҳ, раҳсипор шавед, баъди аз қишлоқи Қаробақа 1,5 км гузаштан, аз автобус мефароед ва ба тарафи чап, бо соҳили сой баъди  200-300 метр рафтан, дар наздикии харсанги 80-100 метраи ҳайкалмонанд санги оинаро мебинед.

Санги оина қуллаи теппаи 20-30 метраи иборат аз варақсангҳои кристаллии давраи силур мебошад. Дар ин ҷо варақсангҳои хокистарранги суфтаи ҷилодор ҳастанд, ки ба  самти ғарб 60-700 нишеб мебошанд. Сатҳи онҳо дар натиҷаи лағжиш ва соиши ҷои кофидаи замин суфта ва ҷилодор шуда аст. Сатҳи оинамонанди варақсангҳо зери фишори лағжиш чунон сахт шудааст, ки  обу ҳаво онро ба осонӣ  фарсуда наметавонад. Ҳоло дар  рӯи санги  оина аз таъсири офтоб ва обу ҳаво таркишҳои зиёде пайдо шудаанд. Санг хеле  тира шуда бошад ҳам, бо вуҷуди он нури офтоб аз он нағз инъикос мешавад. Чунин сангҳо дар дигар ҷойҳои ҷумҳуриамон низ ҳастанд.  Аксаран чунин сангҳо дар ҷойҳои хати кафидаи замин вомехӯранд. Дар  ҳавзаи  дарьёи  Варзоб, яъне дар Харангону Такоб, Хоҷа  Обигарм ва дигар ҷойҳо ин хел сангҳои суфтаи ҷилодорро дучор омадан  мумкин аст…

Метавон гуфт, ки аз мавҷудияти чунин муҷассамаҳои табиат ва сангҳои аҷиб  бисьёр касон бехабаранд. Аз ин рӯ, вазифае дар пеш меистад, ки муҷассамаҳои табиатро дар байни омма тарғиб кунем, дар бораи онҳо роҳнома ва маълумотномаҳо нависем ва паҳн намоем. Ҳифзи муҷассамаҳои табиат вазифаи ҷонии ҳар кадоми мост. Мо танҳо дар сурати ғамхорона муносибат кардан офаридаҳои  нотакрори табиатро ба наслҳои ояндаи башар мерос гузошта  метавоннем.

Аз китоби Р.Баротов “Сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон”, Душанбе, “Маориф”, соли 1996.

Таҳияи Нилуфар Иғболова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ