Қиссаҳои  хуб  барои бачаҳои  хуб (Аз “Гулистон”  ва  “Мулистон” )

 

ҶОҲИЛОНА

Рўзе буду рўзгоре буд. Ду ҷоҳил дар саҳрои Балх мерафтанд. Роҳ дароз буд, аммо аз ҷаҳолат то ҳамоқат роҳи дарозе нест. Нодони аҳмақ ё сухане надорад ё дар гуфтушунид чизе барои даъво пайдо мекунад. Вақте зиёд хомўш монданд, яке ба дигаре гуфт:

– Фалонӣ, охир чизе бигў, зиқ шудем.

Шунаванда ҷавоб дод:

– Ба ҷаҳаннам, ки хафа шудӣ, аммо агар гапе дорӣ бигў ва натарс. Аввалӣ гуфт:

– На, мақсудам ин аст, ки худамонро машғул намуда, роҳро наздик кунем. Ҳикояте, ривояте, аммо маро бигў, ки аз аҳмақи мисли ту тақозои нутқ мекунам.

Дуввумӣ ҷавоб дод:

– Хуб аст, хоҳиш мекунам даҳонатро бипўш, ки бўи пиёз саҳроро пахш кард.

Аввалӣ гуфт:

      – На, ту бимирӣ ҳам чизе намегўям, биё аз орзуи худ гап бизанем.

Дуввумӣ гуфт:

      – Хеле хуб, бигў бубинам ту мехоҳӣ чӣ дошта бошӣ?.

Аввалӣ гуфт:

–  Ман орзу дорам чандто бузу меш дошта бошам, ки дар ин саҳро бичаранд, аз ширашон бинўшам, аз пашмашон бипўшам, поруяшонро бифурўшам ва ба ҳеҷ кас эҳтиёҷ надошта бошам ва ҳеҷ аҳмақи мисли туро одам ҳисоб накунам.

Дуввумӣ гуфт:

–  Гул гуфтӣ. Ман ҳам орзу дорам чандто гург дошта бошам ва онҳоро сар диҳам, биёянду бузу меши туро аз ҳам бидаранд ва бихўранд, то бурутҳоят овезон шавад.

Аввалӣ гуфт:

–  Хеле бемаърифатӣ! Магар ман ба ту чӣ бадӣ кардаам, ки мехоҳӣ гўсфандҳоямро нобуд кунӣ?

Дуввумӣ гуфт:

Аз ин бадтар чӣ мехоҳӣ, ки аввалин корат бо мешу бузат, ин аст, ки маро одам ҳисоб накунӣ. Худо накунад, ки ту чизе дошта бошӣ.

Аввалӣ гуфт:

     –  Росташро бихоҳӣ ҳоло ҳам ба як мушти ман банд нестӣ.

Дуввумӣ гуфт:

      – Ба назарам сар ба танат зиёдатӣ карда! Мехоҳӣ ба худ биёрамат?

Аввалӣ гуфт:

      – Мардаш нестӣ, ин шакар хўрданҳо барои даҳони ту хеле зиёд аст.

Дуввумӣ гуфт:

– Ҳоло, ки ин тавр аст, пас бигир! Муште рафиқашро зад ва бо ҳам ҷанг шуданду якдигарро заданд. Баъд аз ин ки пироҳанашон пора шуд ва хун дасту сару рўяшонро гирифт, якдигарро нигоҳ доштанд, ки нафас тоза кунанд, шахсе аз роҳ расид ва гуфт:

 – Чӣ шудааст, ҷавро бисёр хўрдаед? Чаро мисли одам масъаларо бо забони хуш ҳал намекунед, даъво барои одам нон намешавад.

Аввалӣ гуфт:

     – На, охир ин бемаърифатро бигў, ки бузу меши маро чашми дидан надорад ва гургашро бар сари онҳо мефиристад

Дуввумӣ гуфт:

–  Тақсир аз худаш аст. Лаёқати ҳеҷ чизро надорад ва агар дуто гўсфанд дошта бошад дигар Худоро банда нест. Мехостам одамаш кунам.

Шахси аз роҳ расида гуфт:

     – Хуб, ҳоло ку гургу ку гўсфанд? Ман чизе намебинам.

Аввалӣ гуфт:

– На, гўсфанду гург дар ин ҷо нестанд. Мо орзуҳоямонро мегуфтем ва ин аҳмақ нагузошт ду сухан бигўям.

Дуввумӣ гуфт:

На, ба Худо! Ҳамоқати инро бубин, ки гурге нест ва ў рафиқи ҷониашро фидои мешу бузаш мекунад.

Шахси аз роҳ расида гуфт:

–  Хеле хуб, сар диҳед ва достонро таъриф кунед. Вақте қиссаро аз аввал гуфтанд, ў гуфт:

Шумо ҳар ду одамҳои ҷоҳилу аҳмақе ҳастед, ки сари ҳеҷу пуч даъво мекунед. Аслан дуто бузу меш чӣ ҳаст, ки шумо барои онҳо хуни худатонро мерезед?

Баъд ба аввалӣ рў карду гуфт:

Хуб, ту ки орзу мекардӣ, мехостӣ як гала шутур орзу кунӣ, ки ҳам пашмаш бештар бошад ва ҳам шираш, ҳам қиматаш, дигар гург ҳам ҳарифи онҳо намешуд.

Дуввумӣ гуфт:

Хуб, ман ҳам як гала фил орзу мекардам ва онҳоро ба ҷони шутурҳо меандохтам.

Шахси нав аз роҳ расида нороҳат шуду гуфт:

– Ин хабиси бешуурро бубин, ки сараш барои даъво дард мекунад. Хаёл накунӣ! Ман худам даҳто филро бо як мушт нобуд мекунам.

Дуввумӣ гуфт:

–  Ту иштибоҳ мекунӣ, дар даъвое, ки ба ту марбут нест дахолат мекунӣ.

Мард гуфт:

Ҳамин ки гуфтам. Агар хоҳӣ гапатро ба ман гузаронӣ гўшҳоятро мегираму одамат мекунам ва пеш рафту гўшҳои ўро гирифт.

Аввалӣ ба ғайрат омаду ба он мард гуфт:

   –  Аслан ту кӣ ҳастӣ ва чӣ мегўӣ?

Мард гуфт:

–  Аҷаб одамони ҷоҳиле ҳастед! Ман мехоҳам байни шумо сулҳ кунам, вале шумо бо ман ҳафту ҳашт мекунед? Дасти аввалиро ҳам гирифту тоб дод.

Дуввумӣ ба ғайрат омаду гиребони мардро гирифт ва гуфт:

–  Бубин бародар мо ҳар чӣ ҳастем, бо ҳам рафиқем, вале ту ғарибӣ ва ҳарифи мо нестӣ.

Мард гуфт:

Ғариб падарону аҷдодатон аст. Ин саҳро моли ман аст ва шумо ҳақ надоред дар ин ҷо даъво кунед.

Аввалӣ ва дуввумӣ гуфтанд:

  –  Як саҳрое ба ту нишон бидиҳем, ки худат ҳайрон шавӣ.

Ду нафар бо ў даст ба гиребон шуданд ва ў зўраш мерасид. Баъд аз каме заду хўрд гуфт:

– Масъала бо ҷанг ҳал намешавад, шумо хаёл кардед ин ҷо шаҳри Ҳирот аст, вале хаёли бад кардаед. Девони Балх наздик аст. Назди қозӣ мебараматон, то ҷазоятон диҳад.

Ду нафар гуфтаанд:

–  Бирав, мо бо ту коре надоштем. Ту моро шаллоқ задӣ, биравем то нишонат бидиҳем.

Пеши қозии Балх омаданд ва ҳар се шикоят карданд, ин гуфт:

    – Он маро задааст.

Он гуфт:

    – Ин маро задааст.

Қозӣ пурсид:

– Гуфтугў бар сари чӣ буд? Достонро шарҳ доданд. Қозй тамоми гапҳоро шунид ва гуфт:

– Бисёр хуб, бояд бузҳо, мешҳо, гургҳо, шутурҳо ва филҳоро ҳозир кунед, то ҳукмро содир кунем.

Гуфтанд:

Охир бузу мешу гургу шутуру филе вуҷуд надорад. Мо инҳоро орзу карда будем.

Қозии Балх гуфт:

– Хеле хуб. Орзу бар ҷавонон айб нест, вале кори мо ҳисоб дорад. Шумо ҷанг кардаед ва ҳоло ё бояд ҳарсеро ба зиндон бияндозам, ё бояд замонат бидиҳед ва тамоми осори ҷурмро ҳозир кунед, то баррасӣ кунем ва бегуноҳро аз гунаҳкор бишносем.

Гуфтанд:

  –  Хеле хуб, ба зиндон меравем.

Қозӣ гуфт:

Зиндони мо нони муфт надорад ба касе бидиҳад. Бояд худатон зомини якдигар шавед ва бираведу бузҳову мешҳоро биёред, то бароятон ош омода кунанд, гургу шутур ва филҳоро ҳам ба шумо мебахшам.

Ҷоҳилон диданд, ки чора нест. Аз якдигар замонат карданду рафтанд, ки бузҳоро биёранд. Вале ҳануз ба орзуяшон нарасиданд.

         Аз китоби “Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб” (Аз “Гулистон” ва “Мулистон”). Муаллиф Маҳдии Озаряздӣ. Душанбе “Ирфон”, 2024.

Силсилаи китобҳои “Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб” – ро метавонед дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ бихонед.

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова, шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон.