Ғарбу Шарқ. Ашъори шуарои Ғарб дар тарҷумаи устод Лоиқ
Мардуми форс дар тўли панҷ аср аз ҳамаи шоирони худ фақат ҳафт тан (Фирдавсӣ, Низомӣ, Анварӣ, Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Ҷомӣ) – ро эътироф кардаанд ва ҳол он ки дар байни шоирони написандидаи онҳо мардони аз ман ҳам бузургтаре ҳастанд.
Иоҳан Ҳёте
ВИКТОР ГЮГО. “ФИРДАВСӢ”
Варо дар шаҳри Майсур дида будам.
Ба сар дастор аз нури саҳар дошт.
Ҷалоле чун шукўҳи подшоҳон,
Қабои арғувонранге ба бар дошт.
Ҷабин бикшода ҳамчун бомдодон,
Зи байни шаҳр чун султон гузар дошт.
Сияҳпўшаш бидидам баъди даҳ сол,
Саволаш кардам: «Эй пири хирадманд,
Туро, ки доштӣ дастори гулгун,
Туро, ки орзуманди ту буданд,
Чаро ин гуна мебинам сияҳпўш,
Ки гўӣ зулматат чодар кашида?»
Ҷавобам дод ў «Афсўс, афсўс,
Ғуруби офтоби ман расида».
ШОҲИ ФОРС
Подшоҳи Форс дорад зиндагӣ бо тарсу бим,
Дар тамуз ояд ба Тифлис, фасли дай бар Исфаҳон.
Баҳри тоҷу тахт дорад тарс аз ёрони худ,
Бўстонаш гулфишону посбон ҷанговарон,
Лек ў бедорхобу музтариб аз бими ҷон.
Як сабо бархўрд андар роҳ пири шубон,
Кўзпушту лек ҳамроҳаш ҷавони сарвқад.
– Кистӣ, – пурсид аз ў. Гуфт: « Номи ман Карам, –
(Як нафас нои шубониро гирифта аз лабон)
Ман шубонам, сайргоҳам даштҳои пурсукут,
Паҳлуям фарзанди ман, меросам аз дори вуҷуд.
Месароям, менавозам бо наи пуршеванам
Ҳамчу Ҳофиз як замоне, ҳамчу Саъдӣ ин замон –
Аз саҳар то шом байни даштҳои бекарон».
Он писар, фарзанди ў, бўсид дастони варо,
Дасти пиреро, ки чун Саъдию Ҳофиз шеърхон.
«Дўст медорад падарро ин писар, – мегуфт шоҳ, –
Бояд ин сон буд моро низ бо ҳам меҳрубон!»
ИОҲАН ҲЁТЕ. “ҲИҶРАТ”
Шуд шимолу ҷануб вайрона,
Мулки мағриб гашт бесомон.
Бояд акнун ба Шарқ ҳиҷрат кард –
Кишвари ишқу шеъру паймона.
В –аз насимаш, ки чун дами Исост
Бар тани мурда ёбӣ аз нав ҷон.
Рав ба он ҷой – мулки пайғамбар,
Хираду нур чашмаҳо дорад.
Марди хокӣ зи ғояти дониш
Баҳси андеша бо Худо дорад.
Он, ки дар ҷабҳаи хирадмандиш
Нури ғайби худо ҷило дорад.
Рав ба он ҷо, ки бар ниёгонаш
Ҷумларо ҳаст иззату имон;
Ростиро фароҳмайдоне,
Бастароҳе ба ҳилаю бўхтон.
Шеър дорад таҷаддуди ҷовид,
Баски з-аввал шифоӣ будааст он.
Бар чарогоҳ рав шубонӣ кун,
Пои сабзи чанор шав гоҳе.
Корвоне бубар зи регистон,
Бораш аз мушку қаҳваю шоҳӣ.
Аз биёбони бераҳу тафбод
Гар гузар созӣ гоҳу бегоҳе,
Ҳар куҷо роҳ пурнаҳиб ояд,
Зуд оғоз кун ғазалхонӣ,
То тавонӣ суруди Ҳофиз хон,
Аз ҳама бим то амон монӣ;
То ҳама ахтарон ба рақс орӣ,
То ҳама раҳзанон гурезонӣ.
Ғазали Ҳофизи лисонулғайб
Боз бархон ба базми маҳрўён,
К- ў ба зону фитода мебўсид
Аз лабони чу ёқути рахшон;
К- ў ҳаме бо таровиши табъаш
Гарм медошт маҷлиси ҳурон.
Дур, ҳосид, дур, эй бадгўй!
Баски инҷост маскани шоир,
Баски ҳар шеъри болдори ў
Меравад то биҳишт бетаъхир,
Мезанад панҷа бар дари ҷаннат,
То биёбад ҳаёти беохир!
БЕПОЁН
Ҳофиз, ту мисоли ҷовидонӣ
Чун умри абад надорӣ поён.
Ҳар як ғазалу чакомаи ту,
Ҳар нақши сарири хомаи ту,
Вобаста фақат ба хеш бошад
Чун чанбари осмони гардон.
Сарчашмаи умри лоязолӣ
Шеъри ту мисоли оби ҳайвон.
Лабҳои ту баҳри бўса бурдан,
Ҳам аз лаби ёр бода хўрдан.
Табъи ту барои хуш сурудан,
Ақли ту паи гиреҳ кушудан,
Қалби ту барои меҳрубонист,
Бар шоҳиди маст армуғонест.
Бигзор фурў равад ҷаҳоне,
Ман боки шикасти он надорам.
Хоҳам, ки миёни шодии ғам
Худро чу бародарат шуморам.
Ҳофиз, ману ту чу тавъамонем,
Ҳамқисмати рўзгори фонӣ.
Гар ҳамдилу ҳамдами ту бошам,
Он аст ҳаёту шодмонӣ!
Эй шеър?
Ту лек дар амон бош,
Такрор машав, ки ҷовидон бош.
Ту дер зи мою пиртар ҳам,
Ҳам дер бимон зи мо дар олам!
ФАТВО
Чеҳраи шоиронаи Ҳофиз
Бар дили кас ҳақиқат ангезад.
Нашиносад вале шариатро,
Аз гуноҳу хато напарҳезад.
То ки бошем мўъмини комил,
Фарқ созем нўшро аз неш, –
Бояд умре нишот бигзинем,
Нашавем аз ғаму алам дилреш.
Оташи бодаро биафрўзем,
Тухми дарду алам дар он сўзем.
Роҳи шодию хайрият ин аст,
Ҳам шариат ва охират ин аст –
Инчунин мефиристад Эбусуд*
Он чӣ Ҳофиз ҳамеша мефармуд.
Александр Пушкин. “БАРРАСӢ АЗ ҲОФИЗ”
(Лашкаргоҳе дар канори Фурот)
Маҷў номи баланд аз корзорон,
Ту, эй зебоҷавони беғаму доғ!
Марав дар ҷанги хунрезӣ ба майдон
Қатори размхоҳони Қаробоғ.
Агарчи марг раҳ н- орад ба сўят,
Ҳам Азроил ба қасди ту наёрад,
Чу андар ҷанг бинад ҳусни рўят,
Зи баҳри куштанат озарм дорад:
Вале тарсам, ки байни корзорон
Равад барбод ҳусни бемисолат –
Ҳама шарму ҳаёву нозу ҷавлон,
Сафои пайкари чун навниҳолат.
****
Шабе бераҳму бепарво
Бирафт аз назди ман Лайло.
Намудам илтиҷо «Сабре,
Чаро рафтӣ, чаро, ҷоно”?
«Ту пирӣ, ман ҷавон» – гуфто.
Ҷавоби таъни ў гуфтам:
«Ҷавониям забун гашта.
«Замоне мушк буд мўям,
Кунун кофургун гашта»
Табассум карда бепарво
Ҷавобам дод пас Лайло, –
Ки мушки судаю анбар
Насиби ошиқон будааст.
Валекин кофуру заъфар
Писанди мурдагон будаст…
СЕРГЕЙ ЕСЕНИН
Моҳ аст чу гирдаи тилоӣ,
Гулбодаи бедгул ва шаббўй.
Оромишу сайр чун нахоҳӣ
Дар кишвари дилнавозу дилҷўй.
Афсонатироз Шаҳрзода
Дар кишвари дурдасти Бағдод
Сад боғи фасона об дода,
Боғи дили хеш бар ҳазон дод.
Арвоҳи замонаҳои рафта-
Гардида мазорҳо алафпўш.
Бар гўри баҳасратони хуфта
Ҳон, раҳгузаро, чӣ медиҳӣ гўш!?
Пиромуни худ нигаҳ кун, эйдун,
Лаб ҷониби гул ниёз дорад.
Дар дил ба адўт оштӣ кун,
То гардани ту фароз дорад.
Ошиқ шаву хуб бўса бистон
Дар партави моҳ аз лаби ёр.
Гар хоҳӣ зиёрати хамўшон,
Дар хоб ту зиндагон маёзор.
Ин буд суруди Шаҳрзода,
Такрор шунав зи барги резон.
Ҳар кас зи ҷаҳон нахост чизе,
Охир бишавад зи худ пушаймон.
ШАРҲ: ЭБУСУД–муфтии машҳури Қустантания. Аз ў муъминон пурсида буданд, ки хондани ашъори Ҳофиз аз рўи шариат равост ё на.
Манбаъ: Садои Шарқ соли 1969№2
Таҳияи мутахасси шуъбаи матбуоти
даврӣ Фараҳнози Тоҳирхон.