Гиромидошти Рӯзи устод Рӯдакӣ дар Китобхонаи миллӣ. Китоби донишманди маъруф Сайид Нафисӣ муаррифӣ шуд
Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба гиромидошти Рўзи ҷаҳонии устод Рўдакӣ мизи гирд доир гардид ва дар он асари арзишманди донишманди маъруфи Эрон устод Сайид Нафисӣ «Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рўдакӣ» муаррифӣ шуд.
Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба муҳимтарин тадқиқоти Сайид Нафисӣ ҷалб намуд. Вай қайд намуд, ки рӯдакишиносӣ ва рӯдакипажӯҳишӣ як бахши таҳқиқу таҳлил аст, ки реша ба умқи таърих дорад. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон он бештар рушд кард. Бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зодрӯзи Одамушшуаро “Рӯзи Рӯдакӣ” ном гирифт ва ҳамасола таҷлил мешавад.
Баъдан, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода суханронӣ намуда, ёдовар шуд, ки “Таърихи ҳазору сад солаи адабиёти тоҷик бо номи бунёдгузори он Устод Рӯдакӣ сахт вобаста аст. Рӯдакиро муосиронаш ва суханварони баъдинааш бо унвонҳои ифтихорӣ: Қофиласорои назми форсӣ, Соҳибқирони шоирон, Султони шоирон, Муқаддумушуаро, Одамушшуаро ва ҳамсони инҳо ёд мекунанд. Асосгузор ва сардафтари адабиёт аслан маънои онро надорад ки пеш аз дигарон асар эҷод карда бошад”.
Ҳамчунин Ортиқи Қодир, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон атрофи нақши Рўдакӣ дар саҳнаи тетари тоҷик ҳарф зада, аз эҷодиёти устод А.Рўдакӣ шеърҳо қироат намуд.
Дар ҳамоиши мазкур инчунин зумрае адабиётшиносону донишмандон ва дӯстдорони шеъри Рўдакӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.
Дар охир, аз ҷониби намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилкунандагони маҳфили мазкур баҳри қадрдони «Сипоснома»-ҳо тақдим карда шуд.
Гуфтанист, ки чорабинии махкур бо ибтикори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Анҷумани Рӯдакӣ-Порис, Энсиклопедияи миллии тоҷик ва Китобхонаи устод Халилӣ баргузор шуд.
Абдуғаюр Саломов