ГУФТОВАРД АЗ БУЗУРГМЕҲРИ БАҲОДУР: Маҳфил бо бинотарин, гӯётарин ва шунавотаринҳо
Дар шуъбаи махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон (шуъбаи одамони имкони ҷисмониашон маҳдуд) вохӯрӣ доштем. Онҳо аз садҳо касони бино, аммо кӯрдилу кӯрнамак, шунаво, аммо безор аз ҳарфи муҳаббат, гӯё, аммо дашномбалабу беилтифот беҳтаранду авлотаранд.
Онҳо аҷибтарин одамони сайёраанд, ирода доранд, ишқ доранд, навмед нестанд, месозанд, месароянд, мерақсанд, шеър қироат мекунанд.
Шунавандаи ҳақиқии шеър онҳоянд…
Фариштаҳое, ки Худованд ба мо мисли оинаҳо фиристода, то дар зиндагӣ ва ҳастии онҳо худро бубинем ва аз ШУКР фаромӯш накунем…
Маҳфиле доранд бо номи “Равшандилон“.
Муассис ва гардонандаи маҳфил устод Хайрандеш ҳастанд.
Шояд аз пурнуртарину оромтарин шуъбаҳо бошад ин шуъба…