Гулбаданбегими муаррих кӣ буд?

Таърихи асрҳои миёнаи халқҳои Шарқ бисёр занони маъруф – адибаҳо ва ҳатто ходимону арбобони давлатиро медонад. Лекин дар байни онҳо номи нухустин олимаи  таърихи Шарқ Гулбаданбегим – духтари Заҳируддин Мирзо Бобур мавқеи намоёнро ишғол менамояд.

Гулбаданбегим соли 1522 дар шаҳри Кобул ба дунё омадааст. Давраи бачагии ӯ дар Кобул гузаштааст. Ӯ дар сини 8-солагӣ аз падар маҳрум монда, зери парастории модараш Дилдорбегим ва зани дигари Бобур Моҳамбегим тарбия ёфтааст. Гулбаданбегим соли 1529 бо ҳамроҳии модараш аз Кобул ба шаҳри Аграи Ҳиндустон меравад ва дар дарбор таҳсил менамояд.

Сафарҳои Гулбаданбегим ба аксари шаҳрҳои Ҳинду Арабистон ва шиносии ӯ бо халқҳои ин сарзаминҳо ба ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти адабии ӯ таъсир расонид.

Яке аз донишмандтарин занҳои замони худ, донандаи якчанд забонҳои Шарқ – Гулбаданбегим ҳамчунин дар кори давлатдорӣ низ сару кор дошт, вале эҷоди адабию таърихӣ ҳамеш дар фаъолияти ӯ нақши асосиро ишғол кардааст. Гулбаданбегим  дар дарбор ҳамчун донишманди фозил камол ёфтааст. Ӯ дар вақти мутолиа асарҳои бисёри китобхонаи дарбор аз ғояҳои пешқадами адабиёт ва таърихи форсу араб ва Ҳинд аз наздик шиносоӣ пайдо мекунад.

Гулбаданбегим дар назм низ маҳорати баланд нишон додаст. Ӯ асарашро бо шеърҳо, ибораҳо ва ҷумлаҳои равону пуроҳанг оро додаст, ки аз маҳорат ва табиати нозуки шоирӣ доштани муаллиф шаҳодат медиҳанд. Ҳамаи ин пайвастагиҳои ҳаёти Гулбаданбегим бо муҳити адабӣ ва илмии асри XVI Ҳинд рағбат ва муҳаббати ӯро нисбат ба таърих зиёд намуд.

Гулбаданбегим солҳои 1585-87 бо хоҳиши вазир, адиб, олими маъруфи асри XVI Шайх Абулфазл ибни Шайх Муборак Алломӣ асари таърихиаш «Ҳумоюннома»-ро  ба забони тоҷикӣ таълиф кард. Дар ин бора худи Гулбаданбегим чунин менависад: «Ҳукм шуда буд, ки он чӣ аз воқеаи фирдавс, макон ва ҳазрати ҷаннатошён медониста бошад, бинависанд. Вақте ки ҳазрати фирдавсмакон аз долурфано ба дорулбақо хиромиданд, ин фақир ҳаштсола буд. Бинобар ҳукми подшоҳ он чӣ шунида ва ба хотир буд, навишта мешавад».

«Ҳумоюннома» асосан таърихи давраи ҳукуматдори Бобур ва писари калонии ӯ Ҳумоюнро  (1510-1559) дар бар гирифтааст. Асари мазкур барои омӯхтани таърихи сиёсӣ иқтисодӣ ва мадании Ҳиндустон аҳамияти калони илмӣ дорад. Дар «Ҳумоюннома» маълумоти зиёде дар хусуси баъзе ҳодисаю воқеаҳои замони Бобур Мирзо, ҷангу ҷидолҳо, тохтутозҳои феодалону подшоҳон, таърихи салтанати Ҳумоюн, юришу муборизаҳои ӯ ҳаматарафа ҷамъ оварда шудаанд. «Ҳумоюннома»-и  Гулбаданбегимро давоми «Бобурнома» гуфтан мумкин аст.

«Ҳумоюннома» аз ҷиҳати арзиши илмии худ яке аз беҳтарин сарчашмаҳои таърихӣ ва бадеии қарни XVI мебошад. Муаллифи асар Гулбаданбегим бинти Бобур Мирзо тавонистааст бо эҷодиёти худ барои устувор ва ғанитар гардонидани илми таърихи форс-тоҷик ҳиссаи босазо гузорад.

Порча аз «Ҳумоюннома»-и Гулбаданбегим

«Дар ин зимн ташвиши суқами эшон бештар шуд. Ҳазрати Ҳумоюнподшоҳ, ки аҳволи падар харобтар диданд, боз бетоқат шуданд. Утабо ва ҳукаморо талабида гуфтанд: «Нек 12 хутба карда илоҷи ташвиши Ҳазрат намоед». Утабо ва ҳукамо ҷамъ шуда гуфтанд, ки кам тобеъии моён аст, ки доруе коргар намешавад. Умедворем аз Ҳазрати Ҳақсубҳоне, ки аз ғазона айби шифои оҷил ато кунад. Дар ин ҳин чун набзи он Ҳазрат диданд, утабо ба арз расониданд, ки аломати ҳамон заҳр аст, ки волиди Султон Иброҳим дода буд.

Ва он чунон аст, ки Байдаи  бадбахт ба дасти дояи худ як дӯлча заҳр дода буд, ки бурда ба дасти Аҳмад чошнигир бидеҳ ва бигӯ, ки ҳар тавр карда дар оши хоссаи подшоҳ андозад. Ва ба ӯ ваъдаи бисёр карда буд. Бо вуҷуди он, ки Ҳазрати подшоҳ он Байдаи бадбахтро модар мегуфтанд, ҷо ва ҷойгир таъйин карда, риояти куллӣ фармуда буданд. Ва фармуда буданд, ки «маро ба ҷои Иброҳими худ бидон» аммо аз он ҷо, ки ҷаҳл дар он қавм ғолиб аст, риоятҳоро манзур надошт. Машҳур аст: «Бозгардад ба асли худ ҳама чиз». Ⱪиссаи мухтасари он заҳр, ки бо он боварчӣ оварда дода буд. Боварчиро Аллоҳи таъоло кӯр ва кар сохта буд, ки заҳрро болои ноне пошида буд, камтар тановул карда буданд. Аммо асли беморӣ ва асари ҳамон (заҳр) буд, ки рӯз ба рӯз  заиф ва наҳиф мешуданд ва ҳар рӯз ташвиши эшон дар тарғир, ки фардои ҳамаи умроёнро (амирон) талабида фармуданд, ки  «подшоҳии» худро бо Ҳумоюн Мирзо бидиҳам ва худ дар боғи Зарафшон ба гӯша нишинам. Аз караме илоҷи ҳама чиз муяссар шуд. Аммо он нашуд, ки дар тандурустии худ ин амрро бикунам. Алҳол ин ташвиши маро забун карда, васият мекунам, ки ҳама эшон Ҳумоюнро ба ҷои ман донанд ва дар  давлатхоҳии ӯ тақсир накунед ва ба ӯ мувофиқ ва якҷиҳата бошед! Аз ҳақи субҳона умедворам, ки Ҳумоюн ҳам аз мардум пеш хоҳад омад. Дигар Ҳумоюн туро аз бародарони туро аз ҳама хешону мардуми худро ва туро ба Худо месупорам ва инҳоро ба ту месупорам».

Аз ин суханон ҳозирон ва нозиронро гиряву зорӣ даст дод ва худ ҳам чашмони муборак пуроб карданд. Ин воқеаро аҳли карам ва мардуми дарун шуниданд. Турфа ҳоле ва бетоқатӣ ва гиряву зорӣ даст дод. Баъд аз се рӯз аз олами фонӣ ба олами ҷовидонӣ хиромиданд. Ба таърихи «панҷӯми моҳи ҷамодулаввал, рӯзи душанбе, санаи 937 нӯҳсаду сию ҳафт» буд, ки шунқор шуданд.

Ҳамаи моро ва модарони моро ба баҳонае бароварданд, ки табибиён ва ҳакимон барои дидан меоянд. Ҳама бархостанд, ҳамаи бегимонро ва модарони моро ба хонаи калон бурданд ва фарзандону хешон ва ғайра мардумро рӯзи сиёҳ афтод. Ва турфа зорӣ ва фарёду фиғон ва бетоқатӣ кардан гирифтанд. Ва ҳар кас гӯши пинҳонӣ ин рӯзи сиёҳ доштанд. Ва воқеаи эшонро пинҳон мекарданд. Охируламр Ороишхон ном як умарои Ҳинд буд, ки ӯ арза дошт, ки пинҳон кардан ин амри хуб нест. Аз барои он ки дар Ҳиндустон расм аст, ки агар подшоҳонро воқеаи чунин даст медиҳад, мардум бозортороҷӣ мекунанд. Мабодо муғулон надониста дари хонаҳо ва ҳавлиҳо даромада тороҷ бикунанд. Муносиб он аст, ки ба як кас ҷомаи сурх пӯшонанд ва бар фил савор бикунанд ва аз болои фил мунодӣ бикунад, ки «Ҳазрати Бобурподшоҳ дарвеш шуданд ва подшоҳии худро ба Ҳумоюнподшоҳ доданд». Ва ҳазрати Ҳумоюнподшоҳ ҳукм фармуданд, ки чунин бикунанд. Ба ҳаҷри мунодӣ кардан мардумро хеле тасаллӣ шуд. Ва ҳамаи мардум дуои давлати эшон мекарданд. Ба таърихи нуҳуми шуҳури мазкур, рӯзи ҷумъа ҳазрати Ҳумоюнподшоҳ ба тахт нишастанд.

Ва подшоҳии эшонро ҳама олам муборакбод гуфтанд. Баъд аз он ба дидани модарон ва хоҳарону мардуми худ омада, пурсишу дилдорӣ дода навозиш ва ғамхориҳо фармуданд. Ва ҳукм фармуданд: «Ҳар кор ҳар мансабе ва хидмате ва ҷогирӣ ва ҷое, ки дошт ҳама ба ҳоли худ бошад ва ба хидмати худ ба дастури собиқ қиём намояд».

                                            

 Навиштаи Л.Д.Бойматов, ходими илмии Иститути таърихи ба номи Аҳмади Дониши АИ Тоҷикистон.

 Рӯнависи Малика Абдуллоева аз маҷаллаи “Занони Тоҷикистон, 1988, №4.