Гулҳои соядор ё фарзанди маъюб ангушти шашум нест

Ҳомия ТӯфоноваБо амри тақдир фарзанди чорумам маъюби гурўҳи дуюм, ман зиндагиамро бе Анушервон тасаввур карда наметавонам, бениҳоят дӯсташ медорам ва аз Худои бузург шукргузорӣ мекунам. Бениҳоят дили нозук дорад ва зуд ба эҳсосот дода мешавад. Дар даврони кӯдакияш бениҳоят зиқ мешудам гиря мекардам баъд оҳистаоҳиста фаҳмидам, ки аз тақдир роҳи гурез нест. Бовар кунед чор писари солимам як тараф Анушервон бошад дар зиндагии ману падараш ҷои махсусро дорад.

Фарзанд меваи умр, давомдиҳандаи насли инсон ва нишон аз бенишониҳост. Танҳо фарзанд метавонад ба дил наздик ва аз ҳоли волидайн бохабар бошад. Ҳангоми яъсу навмедӣ шодиву нишот бахшад ва дар ҳолатҳои беморӣ ва руҳафтодагӣ дармони қалби ранҷури падару модараш гардад. Зеро беҳтар аз фарзанд касе ва ё чизе наметавонад ба захми хуншори волидайн малҳам шуда бошад. Ба ибораи дигар касе наметавонад ҷои фарзандро касб намояд.

Ҳомия ТӯфоноваФарзанд, хоҳ духтар, бошад хоҳ писар новобаста аз вазъи саломатиаш барои волидайн бениҳоят азизу ноёб аст. Набояд мо байни писар ё духтар, бемор ва ё солим фарқ гузорему якеро нисбати дигаре авло хонем. Ин неъмат аз ҷониби Парвардигор аст ва бояд ба будаш шукргузор бошем, чун ки дар аснои пириву беморӣ танҳо мададгори аслии мо фарзанди худи мост.

Ба ин маънӣ фарзанди маъюбро, низ дар қатори фарзандони солим бояд дӯст дошту эҳтиёт намуд. Зеро табиати фарзанди маъюб нисбат ба фарзанди солим нозуктару ҳассотар аст. Барои ранҷ накашиданаш ба ӯ бояд зиёдтар аҳамият диҳем, нагузорем, ки дар оила ва ҷаъмият худро бегона ҳисобад. Зеро, беэътиноӣ ва дӯст надоштани фарзанди маъюбро бештар ба кӯи номуродӣ мебарад ва саломатии ӯ торафт рӯ ба табоҳ меоварад.

Суханоне, ки дар рӯи коғази сафед иброз намудаистодаам ин сидқан аз таҷрибаи рўзгори худи ман аст, дар ҳақиқат фарзанди маъюб ангушти зиёдатӣ нест.

Ман модар соҳиби панҷ нафар писар. Бо амри тақдир фарзанди чорумам маъюби гурўҳи дуюм, ман зиндагиамро бе Анушервон тасаввур карда наметавонам, бениҳоят дӯсташ медорам ва аз Худои бузург шукргузорӣ мекунам. Бениҳоят дили нозук дорад ва зуд ба эҳсосот дода мешавад. Дар даврони кӯдакияш бениҳоят зиқ мешудам гиря мекардам баъд оҳиста-оҳиста фаҳмидам, ки аз тақдир роҳи гурез нест. Бовар кунед чор писари солимам як тараф Анушервон бошад дар зиндагии ману падараш ҷои махсусро дорад. Бениҳоят писари олуфтааст то либос иваз накунад, дасту рӯяшро нашӯяд, ба ҷогаҳи хобаш намедарояд ва ба ҳама хоби хуш мегӯяд.

Дидам падару модароне, ки фарзандонашонро ба парваришгоҳҳо бурда, дигар аз ҳолу аҳволи онҳо хабар намегирифтанд ба ин падару модарони сангдил нафратам меояд. Баъзе аз волидайн аз доштани фарзанди маъюб шарм медоранд, ман баръакс шукр мегӯям.

Ҳомия ТӯфоноваАнушервон тез-тез ба ягон ҷо барои тамошо баромаданро дӯст медорад бо ҳамроҳи акаҳояш ба боғҳо, ба боғи ҳайвонот, ба бозиҳои компютерӣ мераванд. Анушервон ба худ хислатҳои хос дорад. Дар оилаи мо на аз тарафи падариаш ва на аз тарафи оилаи падарии ман ягон санъаткор то ба имрӯз набуд, вале писари ман дар навохтани таблак ҳамто надорад. Оҳангҳое, ки ӯ менавозад, ман дар ягон барномаҳои мусиқӣ ё дар ягон сабтҳо нашунидаам. Ман бо истеъдоди фарзанди худ мефахрам ва шунавандаи доимии писарам ҳастам. Мо ўро бе аҳамият намемонем ва намехоҳем, ки ӯ худро дар оила инсони нолозим ҳис намояд. Охир ҳарчанд бемор, аст ин фарзанд фарзанди худи ман аст. Новобаста аз мушкилоту дарду ранҷ шабу рўз ҳамдаму ҳамрози писари азизам ҳастам ва мемонам то нафасҳои вопасин. Ба Анушервон бо якҷоягии падараш тамоми шароити зистро муҳайё кардаем. Кӯшиш мекунем, дар ҳама ҳолат мунису ғамхораш бошем. Анушервон дили пок ва муҳаббати самимӣ дорад нисбати ҳама, ба ҳар нафари дучоромадааш муаддабона салом мегӯяд, ҳолу аҳвол мепурсад…

Бо дидани чеҳраи пурхандаву қалби поки ӯ дил аз фараҳ лабрез мегардад. Зеро баъзан шахси солим мисли ӯ вафодор буда наметавонад. Оре, фарзанд новобаста аз сину сол ба меҳру муҳаббати волидайн ниёз дорад. Агар садсолаҳам бошӣ, ба модар ниёз дориву барои модар ҳамеша кӯдаки хурдсолӣ…

Лек, ҳайҳот  ки имруз бархе аз волидайн ба ҷои дил дар қафаси сина санг андохта. Ҷои меҳру муҳаббати фарзандро пулу мол ва дороӣ гирифта. Ин гуна падарону модарон боре ҳам намеандешида бошанд, ки ин дунё ҷовидона несту, нафаре бо худ ба он дунё молу пул ва чизу чора бурда наметавонад.

Ман аминам, ки давлату Ҳукумати кишварамон чуноне то имрӯз карду мекунад, минбаъд низ кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюбро дар нимароҳи тақдир намегузорад ва барояшон шароити буду бошро муҳайё месозад. Вале волидайни худи онҳо чӣ? Ин суол посух металабад, ки дар ҷавоби он оҷизам…

Ҳомия Тӯфонова,
мутахассиси шуъбаи
хидматрасонӣ ба маъюбон,
модари Анушервон.