Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 10-уми июл

adabiyaotСоли 1790 ҳангоми пурсиш билохира ношир иқрор шуд, ки муаллифи китоби “Сафар аз Петербург ба Москав”Александ Радишев мебошад. Радишев – нависанда ва мунтақиди иҷтимоии аҳли Империяи Русия 31-уми августи соли 1749 дар шаҳри Москав ба дунё омада, 24-уми сентябри соли 1802, ҳангоме, ки 53 сол дошт, дар шаҳри Санк Петербург вафот кард.

Ӯ шоир ҳам буд ва асарҳои фалсафӣ ҳам навиштааст. Аммо бештар барои китобош “Сафар аз Петербург ба Москав” шуҳрат пайдо кард. Ин китоб соли 1790 бидуни номи муаллиф чоп шуда буд.

Китобро Радишев муддати тӯлонӣ навиштааст. Аввалин пораҳои он дар маҷаллаи «Живописец» соли 1771 бе номи муаллиф чоп шудааст. Дар миён Радишев китоби Мабли (Гариел Банно де Мабли, ик бо номи Аббат Мабли ҳам машҳур аст) “Мулоҳизаҳо дар бораи таърихи Юнон”-ро тарҷума ва чоп кард.

Аммо аз аввали солҳои 1780 Радишев китоби “Сафар аз Петербург ба Москав”-ро такмил кард ва асарҳои дигари назмию насрии худро ҳам эҷод намуд. Пирӯзии инқилоб дар Амрико ва ба дунболи он дар Фаронса дар Русияҳ низ як шароити озодии афкорро ба миён овард ва Радишев аз ин хуб истифода намуд.

Соли 1789 вай дар хонаи худ матбаа сохт ва моҳи майи ҳамон сол “Сафар аз Петербург ба Москав”-ро дар шакли комил чоп кард. Ин китоб зуд ба фурӯш рафт. Мулоҳизаҳои басо ҷиддиву мантиқии ӯ дар бораи ҳуқуқи раиятдорӣ ва дигар ақидаҳое, ки дар китоб дарҷ шуда буд, таваҷҷуҳи худи Маликаро ҷалб намуд ва ӯ Радишевро “балвогаре бадтар аз Пугачёв” номид. Ҳамон нусха китобе, ки ба малика Екатерина оварда буданд, то ҳол ҳифз шудааст. Ҳатто аз қайдҳои ҳошияи китоб дида мешавад, ки малика Екатерина онро хондаву ҷо-ҷо шарҳ ҳам навиштааст.

Радишевро боздошт карданд, барояш аввал ҳукми қатл доданд, вале баъдан онро ба зиндон ба муддати даҳ сол иваз намуданд. Баъди 6 сол, вақте Екатерина фавтид, Радишев бахшида шуд.

Пас аз ба тахт нишастани Александри якум Радишев озодии пурра ба даст овард, ба Петербург даъват шуд ва узви Комиссияи танзими қонунҳо таъин гардид.

marsel-prustСоли 1871 дар атрофи шаҳри Порис адиб, новелланавис, мунаққиди аҳли Фаронса Марсел Пруст таваллуд шуд. Асараш “Дар ҷустуҷӯи вақти гумшуда” ӯро соҳиби шуҳрат кардааст. Ва онро яке аз бузургтарин асари адабиёти олам дар асри ХХ меноманд.

Пруст хеле бармаҳал вориди адабиёт шуд. Ҳанӯз мактаб мехонд, ки дар маҷаллаи мактабии La Revue verte и La Revue lilas навиштаҳояш чоп мешуданд.

Соли 1896 маҷмуаи ҳикояҳо ва шеърҳояш бо номи “Дилхӯшиҳо ва рӯзҳо” бо сарсухани нависанда ва мунаққиди адабии Фаронса Анатол Франс чоп шуд. Китобро наққоши фаронсавӣ хонум Мадлен Лемар ороиш дод.

Худи ҳамон сол Пруст сари як романи худ кор кард, ки билохира соли 1952 бо номи “Жан Сантей” чоп шуд.

Силсилаи “Дар ҷустуҷӯи вақти гумшуда”, ки Пруст аз соли 1909 ба навиштани он оғоз кард,  аз ҳафт роман иборат буда, дар он наздик ба 2 ҳазору 500 персонаж иштирок мекнанд. Нависандаи машҳури англис, собиқ корманди хадамоти ҷосусии Британияи Кабир Грэм Грин Прустро беҳтарин романнависи асри ХХ номида буд. Ва нависандаи англис Сомерсет Моэм ин романро “беҳтарин асари бадеии замон” унвон кард.

Аммо Пруст натавониста ҷилди охири ин романи машҳури худро то ба охир таҳрир кунад, марг барояш ин имконро надод. Дар замони зиндагиаш танҳо се ҷилди он чоп шуд ва баъди маргаш бародараш Робер охирин ҷилди ин силсиларо таҳрир намуд.

Солҳои 30-уми асри ХХ чор ҷилди асар ба русӣ тарҷума ва дар Москав нашр шуд. Солҳои 90 бошад 6 ҷилди “Дар ҷустуҷӯи вақти гумшуда” дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар тарҷумаи Николай Любимов ба русӣ чоп шуд.

artur-remboСоли 1873 баъди як баҳси тузутунд дар Брюсел Пол Верлен, ки аз нӯшидани шароб хеле маст ҳам шуда буд, ба сӯи Артюр Рембо оташ кушод ва ӯро аз банди дасташ захмӣ кард. Дӯстии Пол Верлен ва Артюр Рембо муаммобарангез ҳам набошад, дур аз меъёрҳои ахлоқии шарқист. Мо низ бо муаррифии кутоҳи ин ду нафар иктифо мекунем.

Жан Николя Артюр Рембо (фаронсавии Jean Nicolas Arthur Rimbaud)  шоири фаронсавӣ, бунёдгузори шеъри нав дар адабиёти Фаронса. Сурудани шеърро аз даврони мактабхонӣ оғоз кардааст. Аммо дар 21-солдагӣ аз шеър худро канор гирифт, ки ҳамзамононаш аз ин дар ҳайрат афтодаанд. Солҳои 1854-1891 зистааст.

Пол Верлен – шоири фаронсавӣ ва аз чеҳраҳои мактаби импрессионизм ва намодгароӣ (символизм) дар шеъри Фаронса. Солҳои 1844-1896 зистааст.

Соли 1889 дар Лгов шоир, тарҷумон, филмноманависи Шӯравӣ  Николай Асеев таваллуд шуд.Вай барандаи ҷоизаи Сталин дараҷаи аввал буд.

nikolay_aseevАз соли 1909 аввалин чакидаҳои хамаашро чоп мекард. Аз соли 1914 Асеев ҳамроҳ бо Бобров ва Пастернак фаъолтарин ширкаткунанда ва аъзаи маҳфили “Лирика” буданд.

Аввал маҷмуаи шеърии шоир соли 1914 бо номи “Нойи шабона” чоп шуд ва таъсири чашмгире ба пайравони сабки намодгароӣ дошт.

Шиносоияш бо Маяковский ба рушди истеъдоди ӯ таъсир гузошт. Аз соли 1913 (баъди шиносоӣ бо Маяковский) оҳанги инқилобӣ дар ашъораш бештар мешавад. Вай муаллифи достонҳои инқилобии “Тӯфони Свердловск”, “Семён Проскаков”, “Чернишевский”, “Достон дар бораи 26 комиссари Боку” мебошад, ки ҳама зери  таъсири шеъри Маяковский эҷод шудаанд.

Дар тӯли ҳаёти худ беш аз 80 маҷмуаи шеърӣ чоп кардааст. Шеърҳои Мао Сзедунро ҳам ӯ ба русӣ баргардонидааст.

vera-mihajlovna-inber.Соли 1890 дар шаҳри Одесса дар хонаводаи яҳудӣ шоир, нависанда, тарҷумон ва рӯзноманигори Шӯравӣ, барандаи Ҷоизаи Сталин дараҷаи II Вера Инбер ба дунё омад.

Вера Инбер хеле барвақт, замоне, ки ҳанӯз ба гимназия дохил нашуда буд, аввалин шеърҳои худро навишта буд. Соли 1910 ба шавҳар баромад ва аввалин маҷмуаи шеърҳояш бо номи “Шароби ғам” соли 1914 чоп шуд.

Вера Инбер як зиндагии ҳамеша парешону дар мусофиратро пушти сар кардааст. Дар Русия бахусус баъди рӯйдодҳои ба сари Тротсикй ва пайравонаш омада, ӯро нороҳат кардааст.  Соли 1924 вай Русияро тарк кардаву ба Аврупо рафтааст ва муддати ду сол дар шаҳрҳои Берлин, Брюксел, Порис зиставу ба кори хабарнигорӣ машғул шудааст. Аммо соли 1926 дубора ба Москав баргаштааст.

Солҳои 1927-1929 китоби очеркҳояш бо номи “Оғози рӯз” ва китоби сафарномаҳояшро бо номи “Амрико дар Порис” навишт.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ вай ҳамроҳ бо шавҳари сеюмаш профессор Страшун дар Ленинград монд ва берун шудан аз онро танҳо ба хотири он ки шавҳараш наметавлонист бо ӯ биравад, рад кард. Достони “Хати тӯли Пулковский”-ро ӯ дар муҳосира, соли 1942 навишт. Соли 1946 ин достон ба ҷоизаи Сталин, ки он замон обрӯмандтарин ҷоиза барои адабиёт ба ҳисоб мерафт, шоиста дониста шуд.

Вера Ибер аз ҷумлаи адибоне буд, ки 31 декабри соли 1958 барои кишвар берун рондаи Борис Пастернак овоз дода буд.

11 ноябри соли 1972 дар синни 82-солагӣ дар шаҳри Москав аз олам рафт.

Соли 1902  шоири аҳли Куба, барандаи Ҷоизаи Сталин “Барои таҳкими сулҳ миёни халқҳо”, ҷоизаи байналмилалии ба номи Христо Ботев  Николас Гилйен тавааллуд шуд.

Аввалин шеърҳояш соли 1919 интишор ёфтанд. Аз соли 1920 то 1930 дар маҷаллаҳои гуногун шеър чоп мекард ва авалин маҷмуаи ашъораш ҳам бо номи “Оҳангҳо” ҳамин солҳо рӯи чоп дид.

Дар маҷмуаи “Сонгоро Косонго” аз ҳаёти зангиёни муқими Куба ҳикоят кардааст.

Аз муборизони фаъол барои таҳкими сулҳ буд ва дар таърихи адабиёти Куба чун як коммунисти сарсупурда боқӣ мондааст.

16 июли соли 1989 дар синни 87-солагӣ дар шаҳри Гаванаи Куба тарки дунё кардааст.

john-wyndhamСоли 1903 дар Ноул нависандаи тахаййюлнависи англис Ҷон Уиндем таваллуд шудааст.

“Рӯзи триффидҳо”, “Фохтаки Мидвич”, “Кирокин бедор мешавад”, “Зочаҳо” номи чанд асари  ӯ мебошанд. Уиндем ба аксари асарҳояш номҳои ғалатӣ додааст. Аз ҷумла, дар “Рӯзи триффидҳо”, ки як достони хондании тахайюлӣ мебошад, триффид рустании тахайюлии ҳаракаткунанда аст. Дар тасаввури муаллиф ин рустанӣ бо се реша-пой метавонад ҳаракат кунад.

Ва ё дар асараш “Кикрокин бедор мешавад” аз ҳаюлои афсонавии азимҷусса нақл мешавад, ки тибқи ривоятҳо гӯё дар соҳилҳои Норвегия зиндагӣ мекунад. Аммо дар ин асар аз ҳамлаи одамони сайёраи дигар ба Замин сухан меравад ва муаллиф номи ривояти қадимиро истифода кардааст.

vazha-pshavelaСоли 1915 дар шаҳри Тифлис дар синни 53-солагӣ бар асари бемории илтиҳоби шуд нависанда ва шоири гурҷӣ Вожо Пшавело аз олам гузашт.

Вожо Пшавело зиндагии адабии худро аз миёнаҳои солҳои 1880 шуруъ кард. Дра корҳои адабиаш зиндагии рӯзмарраи мардуми зодгоҳашро ба тасвир кашидааст.  Вай падидоварандаи корҳои зиёди адабӣ бо шуҳрати ҷаҳонӣ аст, ки иборатанд аз 36 ҳамоса, ҳудуди 400 чакома, намоишномаҳо ва ҳикоятҳо, нақди адабӣ, мақолоти рӯзноманигорӣ, мақолаҳои илмӣ марбут ба қавмнигорӣ.

Дар достонҳояш зиндагонии кӯҳнишинҳои гурҷиро тасвир кардааст.  Дар ашъораш гузашта қаҳрамононаи мардумашро нишон медиҳад ва мубориза ба муқобили душванони хориҷӣ ва дохилиро меситояд.

Достонҳои “Гоготур ва Апшина”, “Қиссаи пирамард”, “Бахтриони”, “Меҳмон ва соҳихона”, “Алуда Кетелаури” аз ҷумлаи навиштаҳои ӯ мебошанд.

Осори Вожо Пшавело ба забонҳои русӣ, олмонӣ, англисӣ, фаронсавӣ тарҷума шудаву ҳаводорони зиёд пайдо кардаанд.

 dzhejms-oldridzhСоли 1918 дар иёлати Викторияи Австралия нависандаи англис Ҷеймс Олдриҷ таваллуд шуд.

Дар оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, Олдриҷ ҳамчун мухбир дар Эрон ва Шарқи наздик ба кор шурӯъ кард. Дар он замон аввалин романи ў «Кори виҷдон» (1942) нашр шуд, ки дарҳол ба бестселлер табдил ёфт.

Ин асар ва инчунин романи «Уқоби баҳрӣ» (1944), ки пас аз он эҷод шуд, аз ҷониби нависанда зери таъсири эҷодиёти Эрнест Ҳемингуэй навишта шудааст. Китоби дуюми муаллиф, бар хилофи китоби аввал, аз ҷониби мунаққидон он қадар гарм пазируфта нашуд, аммо бо вуҷуди ин дар соли 1945 Ҷоизаи бонуфузи адабии Ҷон Левелинро сазовор шуд.

Яке аз муваффақтарин асарҳои нависанда низ романи «Дипломат» (1949) мебошад. Дар соли 1974 Олдриҷ ҳатто идомаи онро бо номи Кӯҳҳо ва яроқ” навишт. Романи «Шикорчӣ» (1949)  аз ҷиҳати бадеӣ хеле шавковар буд. Дар он Олдриҷ кӯшиш кардааст, ки жанрҳои гуногун ва равияҳои адабиро муттаҳид созад.

Нависанда муддати дароз дар Қоҳира зиндагӣ кардааст ва «Қоҳира. Зиндагии шаҳр»-ро дар ин кишвар бахшидааст.

Дар миёнаи солҳои 1960-ум Олдриҷ ба навиштани китобҳои кӯдакон ва наврасон шурӯъ кард. Нависанда муддати дароз бо Иттиҳоди Шўравӣ  муносибатҳои дўстона дошт ва аз ин рў, соли 1972 ба ў мукофоти фахрии Ленин «Барои таҳкими сулҳи байни халқҳо» тақдим шуд. Худи ҳамон сол Олдридҷ бо медали тиллоии «Созмони байналмилалии рўзноманигорн» мукофотонида шуд.

Нависанда умри  дароз дид ва як ҳаёти пуршӯру шавқовар дошт. Ӯ 23 феврали соли 2015 дар синни 96-солагӣ дар Лондон, дар хонааш даргузашт.

elis-manroСоли 1931 дар Уингем нависандаи маъруфи аҳли Канада хонум Элис Манро ба дунё омад. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 2013 ва ҷоизаи байналмилалии Букер дар соли 2009 мебошад. Се маротиба ҷоизаи канадиёии генерал-губернатор дар адабиётро соҳиб шудааст, се маротиба Ҷоизаи адабии О.Ҳенрӣ ба ӯ тааллуқ гирифтааст, соҳиби Ҷоизаи Доираи миллии муноққидони китоб мебошад.

“Руъёи модрам”, “Мехостам чизе бароят бигӯям”, “Хушбахтӣ дар роҳ аст”, “Зиндагии азиз”, “Поизи доғ”, “Пешравии ишқ”, “Чӣ тавр бо шавҳарам ошно шавам” ва ғайра номи асарҳои ӯ мебошанд”.

Таҳияи Б.Шафеъ