Гӯшаи фарҳангии Кореяи Ҷанубӣ дар Китобхонаи миллӣ

Гӯшаи-фарҳангии-КореяМуассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аз соли 2012 бо як қатор китобхонаҳои миллии пешрафтаи ҷаҳон ҳамкориро дар самти фаъолияти китобдорӣ ба роҳ монд, ки заминаи  ҳуқуқии онро санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, тибқи санади имзошудаи ҳамкории Китобхонаи миллӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Халқии Мардуми Чин Гўшаҳои фарҳангии ин кишварҳо аз соли 2013 дар назди Китобхона фаъолияти ихудро ба роҳ монданд.

Фаъолияти кории Гўшаи фарҳангии Кореяи Ҷанубӣ тибқи «Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ ва Сафорати Ҷумҳурии Корея» хеле назаррас аст. Хоҳишмандони омўзиши забони куриёӣ нисбат ба солҳои 2020 – 2022 рӯ ба афзоиш овардааст.

Инчунин меҳмонони зиёди хориҷӣ ва дохилӣ ба Гўша ташриф оварда, бо фарҳанги мардуми Корея аз наздик шиносоӣ пайдо  мекунанд. Гўшаи зикршуда  ҳамвора аз фаъолияти худ ба роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ҳисобот пешниҳод мекунад ва дар мавриди гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву китобдорӣ доимо бо шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ дар иртибот аст.

Барои тавсеаи робитаҳои хориҷӣ ва омўзиши таҷрибаи пешқадами китобхонаҳои миллӣ шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ  ҳамкориро бо ташкилоти KOICA (Агентии ҳамкории байналмилалии Кореяи Ҷанубӣ) тавассути Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024  ба нақша гирифтааст.

Хотиррасон мекунем, ки соли 2019 Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ  (KOICA) тибқи як созишномаи дуҷониба ба Китобхонаи миллӣ таҷҳизоти техникӣ тақдим карда буд.

Гуфтанист, ки гўшаи фарҳангии Корея аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Корея сарпаратӣ мешавад ва дар айни замон намояндаи он Шин Наг Кюнг мебошад. намояндагӣ мекунад. Аз ҷониби Сафорат ҳамчунин Ҷумахонов Ғайратҷон, Сафаралиева Маҳбуба ва Латифова Азиза  ба ҳайси муаллим  интихоб шуданд.

Дарсҳо дар Гўша тибқи нақша аз рўзи душанбе то ҷумъа доир гардида се моҳ давом меёбанд. Баъди се моҳи  омўзиш ба хонандагон  Шаҳодатномаи (Сертификат) хатм супорида мешавад.

Соли 2023 ба 80 нафар шунавандагони ин дарсҳо соҳиби Шаҳодатномаҳои хатм шуданд.

Хоҳишмандон метавонанд маълумоти иловагиро дар бораи дарсҳо аз тариқи телефонҳои:

+(992) 931 -77-01-77
+(992) 935-24 -29-29 дарёфт кунанд.

Муҳаббат ШОБУЛБУЛОВА,
Сардори шуъбаи
робитаҳои байналмилалӣ