Густариши ҳамкориҳо, ташаккули фонд ва натиҷагирӣ аз фаъолияти сохторҳо дар шурои илмӣ-методии Китобхонаи миллӣ
3-юми апрели соли 2026 Шурои навбатии илмӣ-методии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Маҷлисро Муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ, Салима Раҷабзода оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.
Аз рӯйи масъалаи якуми ҷаласа ҳисоботи сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаббат Шобулбулова оид ба масъалаи “Густариши ҳамкориҳои Китобхонаи миллӣ бо китобхонаҳои миллии кишварҳои хориҷӣ дар заминаи асноди расмии байнидавлатӣ” шунида шуд.
Қайд гардид, ки яке аз самтҳои асосии шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ дар соҳаи китобдорӣ мебошад. Аз ин рў моҳи январи соли равон Китобхонаи миллӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии китобхонаҳо ва дастгирии хадамоти босифати китобхона ва иттилоот барои шомил шудан ба Федератсияи Байналмилалии Ассотсиатсияҳо ва Муассисаҳои Китобхона ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (IFLA) нома ирсол намуд.
Муддати се моҳ тибқи мактуби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ёддошти тафоҳум байни Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати баргузор намудани вохўрии роҳбарони китобхонаҳои миллӣ, Файзализода Ҷумахон Хол ва Ғуломризо Амирхонӣ барои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи илмию фарҳангӣ ҷониби эронӣ даъватнома ирсол карда шуд.
Боиси зикр аст, ки моҳи феврали соли 2026 аз Сафорати Ҷумҳурии Австрия (бо қароргоҳ дар ш.Остона) 200 адад китоб бо забони олмонӣ ба Китобхонаи миллӣ ҳадя шуд.
Дар доираи тавсеаи робитаҳои хориҷӣ ва омўзиши таҷрибаи пешқадами китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ шуъба ҳамкориро бо ташкилоти KOICA (Агентии ҳамкории байналмилалии Кореяи ҷанубӣ) то охири сол ба нақша гирифтааст.

Дар идома ҳисоботи сардори Маркази “Тоҷикшиносӣ” Орзу Искандаров дар мавзуи “Масъалаҳои ташаккули фонд ва дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографӣ дар Маркази “Тоҷикшиносӣ”” пешниҳоди ҳозирин карда шуд.
Ташаккул додани фонд яке аз масъалаҳои асоси маҳсуб меёбад, чунки Маркази “Тоҷикшиносӣ” дар қатори дигар шуъбаҳое, ки дорои фонд мебошанд, ба таҳия ва нашри китобҳои Силсилаи “Тоҷнома” машғул аст ва аз ин ҳисоб фонди марказ ғанӣ гардонида мешавад.
Баъдан Меҳроҷ Комилов, сардори шуъбаи адабиёти табиатшиносӣ,техникӣ ва илмҳои дақиқ ҳисоботи худро дар масъалаи “Натиҷагирӣ аз фаъолияти шуъбаи адабиётӣ табиатшиносӣ,техникӣ ва илмҳои дақиқ дар самти татбиқи бистсолаи “Омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ,дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар Китобхонаи миллӣ дар солҳои 2020-2025 ва нақшаҳо барои фаъолияти оянда дар ин самт” ироа кард.
Шуъбаи мазкур, ки асосан адабиётҳои соҳаи табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқро дар фонди худ нигоҳ медорад, барои муаррифиии китобҳои шуъба пайваста талош мекунад.
Баъд аз ироаи ҳисоботи мазкур аъзоёни Шурои илмӣ-методӣ пешниҳоду хулосаҳои худро изҳор дошта, дар охир барои беҳтарсозии вазъ ва пешрафти тамоми самтҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Наргис Назарзода