Хайрандеш: Агар ҳаққи муаллиф риоя мешуд, шояд ҳоло миллиардери тоҷик мебудам
Шоми 18-уми сентябри соли равон дар боғи ба номи Устод Рӯдакӣ, дар пояи пайкараи Одамушшуаро маҳфили ҷашнии “Ҳамешабаҳаор” баргузор шуд. Ин маҳфили суханварон чиҳил сол аст, ки фаъолият мекунад ва охирин ҳамоиши он ҳам ба муносибати ҷиҳилсолагии маҳфил буд. Дар зер суҳбати Раҳима Аъзам бо шоири шинохта Хайрандеш меояд, ки дар ҳошияи ҳамин нишасти ҷашнӣ сурат гирифтааст.
– Аз таъсиси маҳфили “Ҳамешабаҳор” чиҳил сол гузашт. Умри як ҷавоне, ки ба синни камолот расидааст. Тасаввур мекунем ҳатто суҳбат атрофи ин чиҳил сол ҳам мушкил бошад, чун роҳҳо тахту ҳамвор набуданд. Магар не?
– Рост. Маҳфили “Ҳамешабаҳор”-ро 5-уми сентябри соли 1981 дар хонаи хурдакаки иҷораам таъсис дода будам. Азбаски ин маҳфил бо завқи хосса асос ёфт, мушкилҳои давоми 40 солро, ки зиёд буданд, бо шавқу шўре, ки доштем, ҳал кардем. Он шавқ ҳоло ҳам гум нашудааст, бештар шудааст. Яъне он чӣ дил мехост, кардем. Мавлоно Ҷомӣ як байт дорад ба ин маъно, ки агар шавқ бошад, куҳҳои дар пешат истода ба мисли реганд. Барои ҳамин мушкилот дар назари ман ҳеҷ метофтанд, дар назди шавқе, ки дар ин маҳфил доштам. Аввалин иштирокчиёни маҳфил дар хонаи иҷораам шоири Халқии Тоҷикистон Салими Хатлонӣ, собиқ сармуҳаррири рўзномаи “Ҷумҳурият” Камоли Қурбониён, шоир Абдулқодири Раҳим, набераи шоир Сайдалӣ Вализода Фарҳоди Аброр буданд. Фарҳоди Аброр одати аҷиб дошт. Як дафтари бузург дошт бо номи “Адолатнома”, шеърҳояшро менавишт. Як дубайтияш то ҳанўз ёдам ҳаст:
Адолат мекунам ҷонро фидоят,
Худамро мекушам дар пеши поят,
Адолатҷон бигў як бўса додан,
Ягон мушкилӣ дорад бароят?
Тасаввур кунед, донишҷуи соли дуввум бо чунин завқ шеър мегўяд.
Хотираҳо аз он рўзҳо зиёд аст. Ин маҳфилро ба хотири як мисраи устод Бозор Собир таъсис дода будам. Дар он вақт се нафар: устод Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор Сафӣ як инқилобе дар шеър ба вуҷуд оварданд. Дар он замон ҳар кас ба шеъру шоир эҳтиром дошт, завқ дошт, ба дидани ин шоирон ҳавас доштанд. Ва мо низ рўзе бесаброна дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон онҳоро интизор будем. Вақте онҳо аз дар даромаданд, ҳама аз ҷо баланд шудему бо кафкўбиҳои пурмавҷ пешвозашон гирифтем. Онҳо бо қарсакҳои бардавоми мо ба саҳна баромаданд, вале кафкубиҳои мо хомўш намешуд. Бисёр хотирмон буд он маҳфил ва дар ҷараёни он устод Бозор Собир гуфтанд, ки ҷавонони навқалам шеър хонанд. Ростӣ дар ин хел маҳфилҳо шеър намехондам, чун бовар надоштам, ки шеърҳоям хубанд. Камоли Қубониён, ки он вақт Камоли Абдураҳим буд, ду шеър хонд:
Тоҷикон бо шеър дар по ростанд,
Оламе бо шеъри худ оростанд.
Ў донишҷўи соли аввал буд. Устод Бозор Собир аз шеърҳои Камоли Қурбониён ба ваҷд омада гуфтанд, ки шеърҳои баъзе шоироне, ки аз деҳот омаданд, мисли харбузаи лалмӣ ширин аст. Ва ин ду мисраи шеърро мисол оварданд:
Эй ташнаи ишқу ҳунару меҳру вафо,
Гар об бихоҳӣ, дили Кулоб биё.
Ин мисраъҳо аз як рубоии Камоли Абдураҳим буд. Ин қадар баҳои баланд гирифт дар шеърнависӣ, вале вақте ба журналистика ворид шуд, муддати муайян шеърро канор гузошт. Ба шунидам ҳоло боз ба шеър рў овардааст. Дар шеър завқи баланд дошт, дар журналистика ҳам комёбиҳои назаррас ба даст овард.
Дар дилам шавқе пайдо шуд, ки 4-5 шоири маҳал ҷамъ шавему маҳфил ороем. Ин маҳалчигӣ нест, маҳалдӯстист. Баҳои устод Бозор Собир ба шеъри Камоли Қурбониён сабаб шуд номи маҳфили нахустинамро “Дили Кўлоб” гузорам. Дар гӯшам он вақт чӣ қадар гушнавоз расида буд “Дили Кулоб”. Мо бачаҳои кулобӣ ҳар ҳафта рўзи шанбе, дар давоми 2-3 сол дар хонаи кирояам ҷамъ омада, маҳфилро бисёр хотирмон мегузарондем. Абдулқодири Раҳим ғайр аз он ки шеърҳои хуб мегуфт, бисёр хати зебо дошт. Ба ғайр аз ман хати ҳама узви маҳфил зебо буд (механдад). Абдулқодири Раҳим ба сабки хоси худаш менавохт ва суруд мехонд, рубоби милии тоҷикиро тарзе менавозад, ки дар ягон ҷо надидам. Фарҳоди Аброр ҳам бо сабки кулобӣ бисёр хуб менавохт ва овози фораму ширин дошт. Суҳбатҳоямон суруд буду шеърхониву таҳлили шеър, дилгиркунанда набуд. Тавре, ки наврасон маҳфили “Ҳамешабаҳор”-ро бесаброна интизор мешаванд. Мо низ бетоқатона дар интизори рўзҳои шанбе мемондем.
Хотироти дигари маҳфил: устод Салими Хатлонӣ бисёр ҳусни хати зебо дошт, дар дафтарҳояш шеърҳояшро менавишт. Орзуву шавқи беандоза дошт, ки дар Донишгоҳи умумиҷаҳонии адабии ба номи М. Горкийи шаҳри Маскав таҳсил кунад. Дар он вақт танҳо шоири тавоно Искандари Хатлонӣ ин даргоҳи муқаддасро хатм карда буд. Ба ў гуфтам кўмак мекунам ва назди Меҳмон Бахтӣ, мудири шуъбаи назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рафтаму хоҳиш кардам, ки барои таҳсил дар Маскав ба Салими Хатлонӣ мусоидат кунед. Як донишҷў барои донишҷуи дигар талош кард. Гуфтам Салим истеъдоди баланд ва ҳаваси идомаи таҳсил дар донишгоҳи Горкийро дорад. Он кас, ки инсони шарифанд, сухани маро дар замин намонданду сабаб шуданд Салими Хатлонӣ шарафи дар донишгоҳи Горкий хонданро пайдо кунад. Яъне аз нахустин маҳфил дастовард доштем. Гарчанд аксарият онро ҳамчун маҳфили хонагӣ қабул мекарданд, лекин он маҳфили хонагӣ самараҳои бисёр зебо дорад.
– “Ҳамешабаҳор” дар ин чиҳил сол роҳи тӯлониро тай кард. Ҳатто ба ченаки масофа ҳам: Дар Душанбе таъсис шуду дар Кўлобу Рашт идома ёфт, дар Бохтар рушд карду ҳоло боз дар Душанбест. Ва мисли як маҳфили сайёр аст, ки қариб дар ҳар гӯшаи хоки кишвар баргузор шудааст. Ҳадафи ин маҳфил дар аввал чӣ буду ҳоло чист?
– Дастгирӣ, гирд овардан ва баҳси зебои навқаламони ҷавон дар атрофи шеър. Аз аввал як ҳадаф доштем, ҳоло ҳам ҳамон ҳадафро думбол дорем. Фақат тарзи гузарондани маҳфил чандин маротиба тағйир ёфт. Дар водии Рашт, Нуробод ва Ғарм муаллим будам. Дар ин мактабҳо баъди дарсҳо маҳфил мегузарондам. Дар Кўлоб чанд бор тарзи гузарондани маҳфил тағйир ёфт, дар Бохтар низ. Шакл гирифта омаду ҳозир шакли асосияшро пайдо кард. Нақша дорам сенарияи гузарондани маҳфилро муҳокима намуда, дар нашрияи “Пайрав” ба чоп расонам, дар тамоми ҷумҳурӣ аъзоёни маҳфил худашон гузаронанд. Дар дунё кӣ ҳасту кӣ не, сенария боқӣ монаду мардум аз рўи он маҳфил гузаронанд, шеър таҳлил кунанд.
– Солҳо худ хотираанд. Ҳоло биёед ба ёд оред, ки дар кадом шароите аввалин маҳфилҳои шумо баргузор мешуданд?
– Хонаи иҷораи ман як ҳавлии хурд дошт. Ду хонаи дарунӣ, ки соҳибхона зиндагӣ мекард ва як хоначаи хурдакаки се ба се. Ин ҳуҷраи хурд ба назарам хеле зебо менамуд, зебо қабул карда будам. Маҳфилро дар ҳамон хона мегузарондем. Хубии кор ин буд, ки соҳибхона апаи Гулсара ҳар рўзи шанбе хўрокҳои дўстдоштаи моро мепухт. Дар идома ёфтани маҳфил дар давраи донишҷўӣ саҳми апаи Гулсара низ ҳаст.
– Маҳфилдорӣ осон аст? Бахусус дар ҳамин шароиту замон?
– Маҳфилдорӣ бароям дар ҳар давру замон осон аст, вақте шавқ аст, чуноне гуфтам, кўҳҳо дар назарат мисли рег метобанд.
– Ҳар маҳфили “Ҳамешабаҳор” ҷоизаҳо дорад, ки то ҷое гаронарзиш ҳам ҳастанд. Агар махфӣ набошад сармоягузори он кист?
– Дар ҳар маҳфил ҳадди аққал 6 нафарӣ 300 сомонӣ ва шоҳҷоиза 1000 сомонӣ мегиранд. Ҳолатҳое мешуд, ки телефонҳои 1000 сомона ва дар шоҳҷоиза телефонҳои 1500 сомона медодем. Лаҳзаҳое буд, ки телефонҳои 1500 сомона ва дар шоҳҷоиза компутар туҳфа кардем. Дар аввалҳо ба нафарони дорандае, ки ба шеъру шоир, адабиёт ва банда эҳтиром доштанд, муроҷиат мекардам, ки сармоягузорӣ кунанд. Дар ибтидо дастгирӣ мекарданд маҳфилро. Ҳоло сарпарасти доимияш шоир Ниҳонист. Ў ба дабиёт бисёр алоқа дорад ва шеър мегўяд. Ҳатто шеърҳояш дар наврасӣ дар рўзномаҳо нашр шудааст. Як муддат аз сабаби масъулияти зиёд доштанаш шеърро раҳо намуд, ҳоло ҷиддан ба ин кор машғул аст. Бо дастгирии чунин сарпарастон маҳфил равнақи бештар меёбад. Аксари ширкатдорони маҳфил фарзандони камбизоат ҳастанд. Ин наврасон шодиву ифтихор мекарданд, ки соҳиби шоҳҷоиза шуданд.
– Аз ҷумлаи қаламкашони имрӯз касони зиёдеро медонем, ки худро дастпарварони мактаби “Ҳамешабаҳор” медонанд. Дар ин чиҳил сол киҳо ба маҳфил омаданду киҳо рафтанд?
– Фавҷи фаровони эҷодкорон меомаданду мерафтанд. Як қисмашон дастпарварони ин маҳфил, қисмати дигар чун устод меомаданду маслиҳат медоданд, таваҷҷўҳ доштанду фаъол буданд. Ҳамчунин дар таҳлилҳо иштирок мекарданд. Ҳоло аз ҳамон иштирокчиёни маҳфил 51 нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва як нафар – Озар Салим шоири Халқии Тоҷикистон.
– Қариб дар ҳама мавзӯъҳо шеър сурудед. Ё мавзӯе ҳаст, ки роҷеъ ба он шеър нагуфтед?
– Ҳаёт беинтиҳост, фазо беинтиҳост, зиндагӣ беинтиҳост. Мавзуҳо низ интиҳо надоранд, сухан ҳазор паҳлў мегардад. Агар дар як мавзуъ ҳазор кас ҳам сухан гуфта бошад, метавонӣ ба тарзи худат сухан гуӣ. Сухан ҳам як муъҷизаи илоҳист. Худи инсон муъҷиза аст. Ин қадар одам бисёр аст, ба ҳамдигар монанд нестанд. Як барги дарахт ба дигараш монанд нест. Агар ҳазор кас сухан гуфта бошад, ҳам боз як сухани нав гуфта мешавад. Аз гап гап мебарояд. Суханҳоро хонӣ, боз сухани нав меёбӣ. Зиндагӣ воқеоту ҳодисоти зиёд дорад, сухан ҳам меафзояд. Фирдавсии бузург вақти “Шоҳнома”-ро оғоз кардан гуфта буд:
Сухан ҳарчӣ гўям, ҳама гуфтаанд,
Бари боғи дониш ҳама руфтаанд.
Лекин боз “Шоҳнома” гуфт. Тарсидан даркор нест, ки мавзӯъ пайдо мешавад ё не. То вақте ҳаёт ҳаст, мавзӯъҳо зиёданд. Аммо масъала ин аст, ки чӣ тавр гуӣ, кай гуӣ, ки аз дил барояд, ба дил нишинад.
– Соли 2006 дар шеъри “Тоҷиксолор”, хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтед “Коре бикун… Андар ватан ихтироъ афзун шавад”. Ин орзуятон амалӣ шуд?
– Он вақт пас аз ҷангҳои зиёд Ватан нав рушд мекард ва роҳбари кишвар мардумро дастгирӣ мекард, барои ободии Ватан мекўшид. Дар самти маориф, фарҳанг ва соҳаҳои гуногун пешравиҳо эҳсос мешуд. Як силсила рубоиҳо навиштам, ки тамоми бунёдкориҳои пешвои миллатро дар бар мегирифтанд. Якеш ҳамин шеър буд. Мебинӣ, ки дигар кишварҳо ихтирооти зиёд доранд, ихтирооти дигар кишварҳо моро фаро гирифтааст, мо дар рўзгорамон аз онҳо истифода мебарем. Барои чӣ миллати мо ихтироъ накунад?
Пешвои миллат имрўз ба пешравии илмҳои дақиқ, хоса ихтироъкорӣ таваҷҷўҳи махсус медиҳад. Дар гӯшаҳои гуногуни кишвар ҳар замон ихтирооте ба амал меояд. Мешунавем, ки касе чизе ихтироъ кардааст. Масалан дар ноҳияи Панҷакент хонандаи мактаб тракторе ихтироъ кардааст, ки дар хоҷагии қишлоқ ба тарзи ҳаёти мардум мусоидат мекунад. Бинед, алаккай наврасон ба ихтироъ ҳавас пайдо кардаанд, ки ин аз ояндаи рушани миллат дарак медиҳад.
Бо имову ишора зиёрати Мавлоно рафтаму бо имову ишора омадам
– Дар шеъре номи Аҳмадшоҳи Масъудро овардед. Шинохти шумо аз Аҳмадшоҳи Масъуд то куҷост? Оё мо Аҳмадшоҳи Масъуд дорем?
– Аҳмадшоҳи Масъуд қаҳрамони миллии тоҷикони ҷаҳон аст. Рамзи қаҳрамонист, ки ҳар тоҷик вақте бо тоҷик буданаш ифтихор кардан мехоҳад, Аҳмадшоҳи Масъудро пеши назар меорад. Аҳмадшоҳи Масъудро ҷаҳон мешиносад. Як нақлаш аз ёдам намеравад: “Ман ҳеҷ гоҳ гиря накардам, чун гиря мекардам, Афғонистонро аз даст медодам. Вале як бор натавонистамашкамро нигоҳ дорам. Замоне буд, ки таҳти фишори сахти душман қарор доштем ва бидуни ғизо ва либоси гарм ба сар мебурдем. Рўзе берун аз қароргоҳ рафтам ва занеро дидам, ки кўдакеро дар бағал дошт. Кўдак аз бағали модараш поён омад ва рафт тарафи буттае. Алафашро барканд ва решаҳои пур аз хокашро хурдан гирифт. Тарсидам, ки модар ба тарафи ман фарёд мезанад ва мегўяд: -Ай хок ба сарат Масъуд, бо ин ҷангҳоят. Вале модар ба кўдакаш гуфт: “Бихўр писарам, боке надорад. Хок мехўрем, аммо хок намедиҳем”. Бидуни ихтиёр ашк аз чашмонам ҷорӣ шуд. Сахт гиристам”… Акнун худатон Аҳмадшоҳи Масъудро бишносед.
Вақте бори аввал ба вилоятҳои Кундуз, Сари Пул, Самангон ва Балх рафтам шеърам “Салом Афғонистон” эҷод шуд. Он вақт Афғонистон осоиштатар буд.
– Соле қабл сафари Туркия доштед ва бе тарҷумон то оромгоҳи Мавлоно рафтед. Мушкил набуд?
– Ҳамон ҷо ҳам шавқ ғалаба кард. Мо 10 рўз дар шаҳри Истамбул будем ва аз чанд рафиқи тоҷикам хоҳиш кардам, ба зиёрати Мавлоно равем. Гуфтанд роҳ дур аст, аз Истамбул 600 километр аст. Автобус дар давоми 9 соат меравад. Шавқи зиёрати Малоно тарсро аз дилам берун бурд. Ҳол он, ки Туркия ҷоест, ки агар танҳо бошӣ, забонро надонӣ хатари ба Сурия ё ягон ҷои дигар равон карданат ҳаст.
Бим чун банд аст андар пои ту,
В-арна сад сел аст дар дарёи ту.
Аз Умарҷон, тоҷики муқими Истамбул хоҳиш кардам дар гирифтани чипта мадад кунад, ҳамроҳ то терминол омадем, чипта гирифтаму ба автобус нишастам. Дар паҳлуи ман марде нишаста буд, соат 9-ишаб буд, аз шавқи тамошо фақат ба берун менигаристам. Азбаски забонро намедонистам, ягон ишораи суҳбат ҳам бо ҳампаҳлуям накардам. Ҳушу ёдам ба тамошои деҳаву манзараҳои зебои роҳ, гузашти 9 соатро ҳис накардам. Дар автобусҳои Туркия сари чанд вақт қаҳва, шарбат ва ширинӣ меоранд, ки зиқшавиро намедонӣ. Соати 6 – и субҳ ба шаҳри Қуния расидам, қадамамро ба замини он гузоштам, ки азони субҳро доданд. Дасту рў шустаму назди таксӣ рафтам. Ба ронанда ба талафузи туркҳо гуфтам “Мавлане”.
– Мавлане? пурсид ронанда. Бо ишора тасдиқ кардам. Дар тамоми Туркия Мавлоноро Мавлане мегўянд. Фақат як калима гуфтаму хомӯшона то мақбараи Мавлоно шаҳрро тамошо карда рафтам. Ба дидори Мавлоно расидам, хурсандиямро худам медонаму Худо. Он қадар барвақт расидам, ки дарвозаи зиёратгоҳро накушода буданд. То соати 8, яъне қариб 2 соат фурсат доштам, шаҳрро тамошо кардам. Гирди марқади Мавлоноро чанд бор чарх задам, то хурдтарин ҷузъиётро тамошо кардам. Дар самти рости он гӯристони қадимии шаҳри Қуния будааст, онро тамошо кардам. Хулоса, 2 соат чӣ гуна гузашт, бехабар мондам. Соати 8 дарвозаро ба рўи зиёраткунандагон кушоданд. Ҳатто дар як ошхонача хўрок хурдам.
– Чӣ хел? Забонро намедонед – ку?
– Бо имову ишора (механдад). Бо даст ғизоро нишон додам ва пешхидмат овард. Худаш мегўяд – ку “Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст”. Ин мисраъ ҳамеша дар ёдам буд. Ҳамроҳи касе сўҳбат накардам, зеро забонашонро намедонистам. Зиёрат кардаму намоз хондам. Мақбараи Мавлоно мисли мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бузург аст, вақте аз дарвозаи мақбара ворид мешавӣ ҳама ҷо садои най аст, куҷое меравӣ садои най шунида мешавад. Бо имову ишора рафтам бо имову ишора омадам. (механдад).
Вақте бузургонро мехонам, аз шоири миёна гуфтан ҳам шарм мекунам
– Шеъре доред бо номи “Туҳмат”. Гирифтори туҳмат шудаед?
– Ин дигар туҳмат аст. Солҳои ҷанги бародаркушӣ бисёр одамон аз рўи тўҳмати ноҳақ кушта шуданд. Вақте медидам чӣ қадар одамони бузург нест шуданд, дилам хун мегирист. Яке аз онҳо шоири маъруф, ки барои Вахшонзамин ҷонашро дареғ надошта буд, то рафтани мо ба он ҷо маҳфилҳои он ҷо обод буд, Пирумқул Сатторӣ буд. Худамро шогирди он кас мепиндорам, зеро авалин шеърамро дар ҳафтанома нашр карда аст. Худованд раҳмат кунад.
– Ба ҳар ҳол шуморо туҳмат задаанд?
– Ба тухмат монанд гапҳо буд, лекин Худоро шукр, ки ба гирдоби туҳмат гирифтор нашудам.
– Дар мусоҳибае гуфтед шоири миёнаам. Чаро шоири рақами аввал нестед? Ин хоксорист ё…?
– Намедонам хоксорист ё сохтакорӣ. Аз омўзиш ва мутолиае, ки кардам ба ин хулоса расидам. Шоирони навгуро хондам, шоирони Эрону Афғонистонро хондам. Лекин шоири миёнаи нофаҳм нестам, дараҷаамро медонам ва мувофиқи он муносибат мекунам. Шоироне ҳастанд, ки миёнаанд, вале инро эътироф намекунанд. Вақте бузургонро мехонам, аз шоири миёна гуфтан ҳам шарм мекунам.
– Аз шоирони классик Ҳофизро дӯст медоред. Аз муосирон чӣ?
– Тамоми классиконро дўст медорам, Ҳофизро устод интихоб кардам. Аз муосирон Турсунзода, аз шоирони Кўлоб Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, аз Ғарм Боқӣ Раҳимзодаро дар шеър устод интихоб кардам.
– Гуфтед бо шеър гуфтан дар шароити кунунӣ наметавон зиндагиро пеш бурд. Аз кадом ҳисоб зиндагиатонро мечархонед?
– Маоши хуб мегирам, сурудҳоямро сарояндаҳо мехаранд, китобҳои шогирдонро барои чоп омода мекунам, ҳаққи хизмат мегирам. Сарватмандоне ҳастанд, ки гоҳ-гоҳ дасти саховат дароз мекунанд. Ба ҳамаи ин шукр бояд кард. Рўзгор фақат ба шеър навиштан намегузарад. Эҷодкори ҳақиқӣ низ барои маблағ наменависад. Дарди мардумро, дарди худашро менависад. Шояд дар кишварҳои бузурги Ғарб ва Руссия бо гуфтани шеър ва асарҳои бузург маблағи ҳангуфт ба даст биёрӣ.
– Шумо дар озмуни байналмилалии “Қандпаҳлу”- и Эрон ҷои аввалро гирифтед. Ширкат тасодуфӣ буд ё омодагӣ аз қабл доштед?
– Дар кўча будам, ки Шоира Раҳимҷон занг зад, гуфт устод Хайрандеш Эрон меравӣ? Гуфтам кӣ Эрон намеравад? Шиносномаи хориҷӣ дорӣ? Фардо дар фалон ҷо ҳозир шавед, Эрон меравем, гуфт. Чор нафар ба барномаи “Қандпаҳлу” даъват шуда будем. То ҷое тавонистам ҳамсафаронамро дастгирӣ кардам. Барномаи Қандпаҳлу 5 рўз давом кард, ҳар рўз 8 мавзуъ медоданд. 4 нафар аз Эрону Афғонистону Тоҷикистон нишастему ба мо мавзуъ доданд ва ҳайати доварон рў ба рўи мо нишастанд ва 3 дақиқа вақт доданд. Агар омода бошӣ, тугмачаро пахш мекунӣ. Яъне агар дар ин 5 рўз 8 мавзуӣ 4 мисраъ шеър гуфта бошам, 40 мисраъ мешавад. Аммо баъзан то 12 мисраъ ҳам мегуфтам бадоҳатан. Дар охир 3 нафар мондем. Ман аз Тоҷикистон ва Ҳамид Мубошир (агар хато накунам) аз Афғонистон ва як шоир аз шаҳри Ҳамадони Эрон. Рақобат чунон тезутунд ҷараён гирифт, ки ҳайати доварон се маротиба барои машварат ба берун баромаданд. Намедонистанд кадоми моро ҷои аввал диҳанд. Азбаски Наврўз буд, гуфтанд, билохир эълон карданд: ҳарсеятон ғолиби ҷои аввал. Он лаҳза хурсандии ҳарсеямон охир надошт,
– Ва чаро мо барномае мисли Қандпаҳлу надорем?
– Мисли “Қандпаҳлу” надошта бошем, ҳам, аз он шавқовартарҳо дорем. Масалан “Фурўғи субҳи доноӣ” аз ҳар ҷиҳат боло аст, тамоми қишри ҷомеаро дар бар гирифтааст. Масалан, ман Маҳфили “Ҳамешабаҳор”-ро кам аз “Қандпаҳлу” намедонам. Сенарияи худашро алакай дорад, шавқовар мегузарад. Телевизионҳои мо он сон ки лозим аст, сабт намекунанд. Мехоҳам маҳфилро дар ҳамон шакле, ки ҳаст пахш кунанд, муваффақ мешавад, вале намекунанд.
Доштани нашрияи шахсӣ мушкил аст, дастгирӣ намеёбад
– Шумо илова ба он ки соҳибмаҳфилед, боз соҳибнашрия низ ҳастед. Нашрияи “Пайрав”, ки миёни хонандагонаш маъруфият дорад, чаро замимаи нашрияи “Омўзгор” аст? Чаро мустақил нест?
– Доштани нашрияи шахсӣ мушкил аст, дастгирӣ намеёбад, обуна намекунанд. Дар солҳои нооромӣ, вақте ҷанг идома мекард, дар шаҳри Кулоб маҷаллаи адабии “Субҳ”-ро ба роҳ мондам. Як шумора баровардам. Дар Бохтар маҷаллаи “Гулбарг” таъсис додам, номи маҳфили устод Пирумқул Сатторӣ, то ёди устодро гиромӣ дорам. 3 сол маҷалларо бо мушкилҳои беандоза ба нашр мерасондам, аз ҳазор ҷо маблаг дарёфт мекардам ва натиҷаи маҳфилро нашр мекардам.
Навқаламон самари эҷодашонро дида, шод мешуданд. Дар Душанбе низ якчанд ҳафтанома чоп кардам. Масалан “Фаровон” бари бозори “Сабз”. Баъд бозори “Фаровон” ташкил шуд, шояд номро аз нашрияи мо гирифтанд. Нашрияи дигарро бо номи “Шарқи озод” таъсис додам, ки журналистон таваҷҷўҳ кунанд. “Шарқи озод”- ро тамоми журналистон дўст медоранд, чи журналистони давлатӣ, чӣ шахсӣ. Аз тарфи журналистони Шарқи озод баҳои баланд ҳам гирифт. Як таваҷҷўҳ ҳам буд. Гоҳ-гоҳ директори онвақта Ёқуб Исмоил кам-кам маблағ ҷудо мекард. Дигар худамон маблағ пайдо мекардем. Базӯр ду сол идома ёфт.
Дар Китобхонаи миллӣ низ рўзномаи “Дунёи китоб” таъсис додам. Хаёл мекарам аз тарафи роҳбарон нағз дастгирӣ меёбад. Агар роҳбарияти вақти китобхона ба вазири фарҳанг муроҷиат мекард, кори хуб мешуд.
Тоҷикистон се ҳазор китобхона дорад. Агар якдонаӣ низ обуна мешуданд, бо 500 обуна мешуд ҳафтаномаро нашр кард. Агар кормандони Китобхонаи миллӣ низ обуна мешуд, он вақт 24 сомонӣ буд, онҳо маоши хуб мегиранд, ками-кам1000 сомонӣ маош мегиранд. Яъне дастгирӣ наёфт. Як сол идома намуд. Қарор додам, ки дигар ба таъсис рўзнома машғул нашавам. Чунки ҷон каниву меҳнат кунӣ, дастгирӣ намеёбӣ. Ҳамаи нашрияҳоям хонанда ёфт. Баҳои нағз ҳам гирифт.
Рўзе Нуриддин Саид, вазири вақти маориф пешниҳод дод, ки сармуҳарририи нашрияи “Пайрав”-ро, ки барои хонандагони мактабҳо дар назар гирифтаанд, ба уҳда гирам. Дудила шудам, зеро он вақт ду нашрия ба зиммаам буд: “Шарқи озод” ва “Дунёи китоб”. Фикр кардам вақте вазир супориш медиҳад, дастгирӣ меёбад. Ҷое хонда будам: Кореро ки худат мекунӣ, садди зиёд мегузоранд, кореро, ки ба ту бовар мекунанд, авҷ мегирад. Татбиқи ин суханро дар амал дидам. Масалан порина 5 солагии “Пайрав”-ро дар мактаби рақами 8 ҷашн гирифтем, ҳар баромадкунанда мегуфт “Пайрав” дар 5 сол кори 50 соларо анҷом дод. Яъне, ба мардум писанд аст, аз тамоми гушаи диёр занг мезананд, мавод мефиристанд. Шавқу шури редаксияи даврони шуравӣ ҳис мешавад. Аз он ҳам бештар (механдад).
– Чаро “Пайрав” мустақил нест, яъне замимаи ҳафтаномаи “Омўзгор” аст?
– Он вақт вазир пурсида буд, ки нашрияи “Пайрав” мустақил бошад ё замимаи “Омўзгор”? Чун барҳам додани рўзнома аз таъсисаш мушкилтар аст, яъне агар барои таъсис додани нашрия 12-13 идора равӣ, барои барҳам доданаш 17-18 идора даводав мекунӣ, ба ҳамин хотир гуфтам бигзор як сол чун замимаи “Омўзгор” фаъолият кунад, пас мустақил шавад. Хатоям ҳамин буд. Ҳоло 5 сол аст тамоми кўшишҳоро ба харҷ медиҳам, вале дигар истиқлоли ҳафтаномаро ба даст наовардам.Аз рўзи аввали ба кор шуруъ карданам ҳама медонистанд, ки мехостам нашрия мустақил бошад. Дар назди Вазорати маориф бошад, лекин алоҳида бошад, ҳисоби бонкии худро дошта бошад. Умедворам бо шарофати 30 солагии Истиқлоли кишвар “Пайрав” низ соҳибистиқлол хоҳад шуд.
– Лутфан бигӯед, ки дар ҳамин солу замон доштани нашрия чӣ мушкилиҳо дорад?
-Азбаски таҷрибаи кориам дар ин соҳа хеле бисёр аст, душвориеро эхсос намекунам. Баръакс, хеле роҳат ва шавқовар аст.
– Як дӯстам, ки алоқаманди шеър аст, боре гуфта буд, ки кам ҳолат мешавад, ки шеъри Хайрандешро хонаму табассум накунам. Ин воқеъият ҳам дорад. Табиатан шӯхед ё бадоҳатан шеър чунин меояд?
– Гоҳе лутф меояду гоҳе шеъри ҷиддӣ. Он дўст шеърҳои танзомезамро бисёр хонда будаанд.
– Назаратон ба адабиёти кӯдак дар Тоҷикистон: Он то куҷо ба завқи бачаҳо мувофиқ аст?
-Хушбахтона, мо адибони хеле хубе доштем ва имрўз ҳам дорем, ки маҳз барои кўдакон ва наврасон эҷод кардаанд ва эҷод карда истодаанд. Асарҳои хуб ва тарҷумаҳои хуб барои бачаҳо хеле зиёданд. Бачаҳо низ адибони худро хеле дўст медоранд.
– Ва чун “Пайрав” нашрия барои кӯдакон аст, мехостам пурсам, ки пайдо кардани маводи ҷолибу дархӯри завқи кӯдакон осон аст?
-Кормандони нашрияи “Пайрав” журналистони хеле бомаҳоратанд. Маводҳои ҷолиби зиёде пайдо мекунанд. Аз байни онҳо ҷолибтарашро интихоб мекунем. Бар замми ин, худи хонандагон аз пойтахти кишвар ва гўшаву канорҳои меҳани азизамон хеле фаъоланд. Онҳо газетаашонро хеле дўст медоранд ва бе мавод намегузоранд.
Як чизро мехоҳам махсус қайд кунам. Ман як умр рўзномаеро орзу мекардам, ки шеъру ҳикояҳои хубу шавқоварро аз маҳфил саривақт дар сафиҳаҳои он чоп намоям. Шукри Худо, ки ин орзуям маҳз тавассути нашрияи “Пайрав” зиёда аз 5 сол мешавад, ки амалӣ гашта истодааст.
Аз ин ҷиҳат, худро хеле хушбахт эҳсос мекунам. “Пайрав” ҳам барои ман ва ҳам барои кўдакон ва наврасон як олами афсона ҳаст.
Афсонаи зиндагии пур аз шебу фароз…
– Ҳеч суоле накардам, ки аз чизе гила доред ё на…
– Аз телевизионҳо гила дорам. Номи сарояндаро менависанд, муаллифи шеърро не. Намедонам чаро. Худамро дар назар надорам, тамоми шоиронро мегўям. Меҳнат мекунанд, шеър менависанд, дар ягон телевизион аз онҳо ном намебаранд. Чаро шеърашро гӯш мекунанду аз номаш мераманд?
Зимнан агар ҳаққи муаллиф риоя шавад, шояд ҳоло миллиардери тоҷик мебудам. Зеро тую маърака, радио телевизионе нест, ки сурудҳоям садо надиҳанд.
Мусоҳиб Раҳима Аъзам