Хайём дар Гурҷистон
Шиносоии гурҷиҳо бо адабиёту маданияти бостонии тоҷик ба замонҳои хеле қадим талуқ дорад. Аз асри XII сар карда, асарҳои намояндагони маъруфи ин адабиёт, аз ҷумла “Вис ва Ромин”-и Фахриддини Гургонӣ, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ва баъдтар осори Низомии Ганҷавӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигарон бо забони гурҷӣ тарҷума шудаанд.
Ҳусни таваҷҷӯҳи адибон ва муаррихони гурҷистон нисбат ба адабиёти тоҷик калон аст. Шарҳи муфассали ин масъала дар чунин як мақолаи хурд имкони ғунҷоиш надорад. Бинобар ин мо дар ин чанд саҳифа фақат роҷеъ ба тарҷумаҳои гурҷии рубоиёти Умари Хайём, ки дар Гурҷистон шӯҳрат доранд, таваққуф хоҳем кард.
Муаллифони гурҷӣ ҳанӯз аз солҳои 20-ум ба тарҷумаи рубоиёти ин мутафаккири бузург камари ҳиммат бастаанд. Соли 1908 гурҷишиноси маъруф, проффесори дорулфунуни Петербург Александре Хаханашвили Умари Хайёмро дар қатори арбобони бузурги адабиёту маданияти ҷаҳонӣ ёдоварӣ мекунем.
Дар соли 1925 дар маҷаллаи “Минатоби” мақолае бо унвони “Адабиёти форс” чоп шуд, ки дар он аз ашъори шоирони форсу тоҷик, аз ҷумла аз рубоиёти Хайём ҳам намунаҳо оварда шудааст. Тарҷумаи гурҷии он чанд рубоӣ ба қалами шоир ва мутарҷим Константине Чичинадзе тааллуқ дошт. Пас аз як сол эроншиноси маъруфи гурҷӣ Иустине Абуладзе дар маҷаллаи “Кавкасиони”тарҷумаи мансури чанд рубоии Хайёмро нашр намуд.
Аз соли 1933 дар маҷмуаҳои мухталиф тарҷумаи рубоиёти Хайём (тарҷумаи Амбако Чиладзе) ва дар соли 1950 (тарҷумаи шарқшинос Магали Тодуа) ба табъ расидааст. Соли 1963 дар Гурҷистон китобчаи алоҳидае ба унвони “Рубоиёт” нашр шуд, ки онро шоир ва шарқшиноси ҷавон Вахушти Котетишвили тарҷума кардааст.
Ғайр аз ин тарҷумаҳо, ки бевосита аз забони форсӣ-тоҷикӣ иҷро карда шудаанд дар Гурҷистон як қатор мутарҷимон рубоиёти Умари хайёмро аз забонҳои дигар тарҷума кардаанд.
Сабаби дар байни аҳли Гурҷистон ва дигар мамолики ҷаҳон ба шуҳрати калон сазовор шудани рубоиёти Умари Хайём дар он аст, ки онҳо мазмуни аниқи фалсафиро дар шакли кутоҳи шеърӣ ифода кардаанд. Ба гуфтаи академик Крымский “ҳар як мисраи рубоии Умари Хайём ба достоне баробар аст”.
Забони рубоиёти Умари Хайём аз такаллуфот ва иборапардозии нолозим холист. Маҳз ҳамин фасеҳии забон ва саҳеҳии баёни шоир боиси ба дигар забонҳо ба хубӣ тарҷума шудани рубоиёти ӯ гардидаанд. Албатта, барои аз як забон ба забони дигар хуб тарҷума кардани асар танҳо донистани забон кифоя нест, илова бар ин маҳорат ва қудрати баланди эҷодӣ доштан лозим аст.
Аз нуқтаи назари шеърияти гурҷӣ рубоиёти Умари Хайём хеле хуб тарҷума карда шудаанд. Тарҷумаҳо як андоза нафосат ва тобишҳои рубоиётро нигоҳ доштаанд.
Чунонки арз намудем, тарҷумаҳои гурҷии рубоиёти Умари Хайём ба қалами тарҷимонҳои гуногун мансуб аст. Баъзе аз мутарҷимон ҳаводорони назми баланд ва баъзеяшон мутарҷимони касбӣ мебошанд.
Марҳум Амбако Челидзе ҳанӯз дар солҳои 20-ум ҳамчун иқтисодчии сафоратхонаи СССР дар Теҳрон панҷ сол кор карда, забони форсиро хеле хуб меомӯзад ва фаъолияти тарҷимонӣ сар мекунад. То ин давра ӯ дар байни адибони Гурҷистон ҳамчун носир маъруф буд. Вай ҳарчанд худаш шеър навишта бошад ҳам, дар тарҷумаи асарҳои шоирони маъруфи форсу тоҷик ба мисли Умари Хайём, Саъдӣ, Румӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигарон хидмати босазое кардааст. Амбако Челидзе аз аввалин касоне мебошад ки, халқи гурҷиро бо лирикаи тоҷик шинос намудаанд.
Магали Тодуа бошад, аз мутарҷимони насли миёнаи Гурҷистон аст. Ӯ ҳамчун корманди калони илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Гурҷистон дар як вақт фаъолияти илмӣ ва тарҷимониро бо ҳам пайвастааст. Тарҷумаи асарҳои шоиру нависандагони советии тоҷик, аз ҷумла асарҳои Мирзо Турсунзода, қисми сеюм ва чоруми “Ёддоштҳо”-и Садриддин Айнӣ ба қалами ӯ таалуқ доранд.
Вақте ки хонанда тарҷумаи гурҷии рубоиёти Умари Хайёмро мехонд, ба назар чунин мерасад, ки агар вазни рубоиҳо дар шеърияти гурҷӣ муродифи худро надошта бошанд ҳам, вале тарҷимонҳо барои нигоҳ доштани шакли рубоӣ кӯшише ба кор бурдаанд. Амбако Челидзе аввалин шуда исбот намуд, ки рубоиёти Умари Хайёмро дар шакли вазни шеъри 14 ҳиҷоии гурҷӣ тарҷума кардан беҳтар аст, чунки ин вазн ба вазни рубоӣ хеле шабоҳат дорад. Баъзан тарҷумонҳо вазни 16 ҳиҷоии “Шиарӣ” ва 20-ҳиҷоии “Чахрухаулӣ”-ро истифода кардаанд. Ҳанӯз дар солҳои 40-ум проффесор Д. Кобидзе бо тарҷумаҳои Амбако Челидзе баҳо дода гуфта буд, ки ин хидмати мутарҷим “қадами нахустинест дар кори паҳн кардани дурдонаҳои беҳтарини назми форсӣ, аз ҷумла рубоиёти шоири маъруфи ҷаҳонӣ Умари Хайём. Ба ин восита ӯ маро бо истеъдод ва заковати баланди Умари Хайём шонос менамояд”.
Ҳаминро ҳам бояд қайд кард, ки мутарҷим на ҳама вақт ба муваффақият ноил гаштааст. Масалан, Умари Хайём дар рубоии зер муфтии шаҳр хитоб карда мегӯяд:
Эқ муфтии шаҳр аз ту пуркортарем,
Бо ин ҳама мастӣ зи ту ҳушёртарем.
Ту хуни касон хӯрию мо хуни разон,
Инсоф бидеҳ кадом хунхортарем.
Ҳамин рубоӣ дар тарҷумаи Амбако Челидзе аз назм дида ба насри мусаҷҷаъ бештар шабоҳат дорад. Дар тарҷумаи он таъсирот, ки дар нусхаи асл дида мешавад, қариб боқӣ намондааст. Зиёда аз ин мутарҷим ба ҷои мисраи якуми рубоӣ мисраи зеринро аз худ сохтааст:
Мулло, гарчи мо аз май мастем…
(Рубоии 55.)
Магали Тодуи дар тарҷумаи ин рубоӣ барои ба хонанда пешкаш намудани мазмун ва оҳанги он бештар кӯшиш карда бошад ҳам, мазмуни мисраи якуми рубоӣ дар тарҷума аз нусхаи асл андаке дур рафтааст. Магали Тодуа мисраи якуми рубоиро ин тавр овардааст:
Эй муфтӣ дар ҷустуҷӯи сабаби бадмастии мо нашав.
(Рубоии 14)
Ин мақолаи ҷолибу хондании донишманди гурҷӣ Ҷ. Серсвадзе дар шумораи 9-уми соли 1966 маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шудааст. Хоҳишмандон идомаи онро метавонанд дар толори хониши шуъбаи матбуоти даврӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи Шавқинисо Носирова, мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ.