Тақризи устод Муъмин Қаноат ба як китоби Абдуллоҷон Ғаффоров дар соли 1966
Муваффақияти муҳаққиқ. А. Ғаффор, Мирзо Асадулло Ғолиб, нашриёти “Дониш” Душанбе, соли 1966
Адабиёти форсӣ-тоҷикӣ дар сарзамини Ҳинд зиёда аз 800 сол ривоҷу равнақ дорад. Бисёр намояндагони илму адаб, ки имрӯз ифтихори маданияти қадимии мо мебошанд, аз Ҳинд зуҳур карданд. Мояи хурсандист, ки дар солҳои охир олимони тоҷик ба тадқиқ ва таҳқиқи ин адабиёт даст зада, якчанд мунтахабот ва рисолаҳои илмӣ ба табъ расониданд.
Чанд моҳ қабл аз ин рисолаи номзади илмҳои филология Абдуллоҷон Ғаффоров, ки оид ба аҳвол ва ашъори Мирзо Асадулло Ғолиб аст, аз чоп баромад. Мирзо Ғолиб аз шуарои бузурги қарни XIX Ҳиндустон аст, ки бо осори илмию адабии худ ба ҷараёни адабии замонаш таъсири намоёне гузоштааст. Осори вай имрӯз ҳам диққати тадқиқотчиёни Ҳиндӯстон ва хориҷи онро ба худ ҷалб мекунад. Яке аз олимони Ҳиндустон Абдурраҳмони Баҷопурӣ дар муқаддимаи “Маҳосини Ғолиб” қайд мекунад, ки “китобҳои илҳомбахши Ҳиндустон ва “Веда”-и муқаддас ва девони Ғолиб иборатанд”.
Рисолаи Абдуллоҷон Ғаффоров бидуни муқаддима, хотима ва мулҳақот аз се боб иборат аст. Дар қисмати муқаддима муаллиф роҷеъ ба мақоми шоирии Ғолиб ва хидмати ӯ дар инкишофи забон ва дабиёти урду сухан меронад. Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти шоирии Ғолиб дар Ҳиндустон асар ва мақолаҳои зиёде навиштаанд. Шарҳи муфассали ҳамаи он чизе ки то имрӯз дар хусуси Ғолиб ба забонҳои форсӣ, урду ва англисӣ нашр гардидааст, аз тарафи муаллиф дар муқаддима ҷой дода мешаванд. Маълум аст, ки шоир ҳарчи бузургтар бошад, ақида нуқтаи назар ва баҳои тадқиқотчиён нисбат ба ӯ ҳамон қадар мухталиф ва гуногунтар аст. Ба муаллиф лозим омадаст, ки маъхазҳои гуногунро аз назар гузаронда ба омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти Ғолиб аз нуқтаи назари танқидӣ наздик шаванд. Дар навбати худ аз тарафи муаллиф истифода бурда шудани сарчашмаҳои зиёд қимати рисолаи тадқиқотии ӯро баланд бардоштааст.
Боби аввали рисола “Замони Ғолиб” ном дорад. Дар натиҷаи сабабҳои зиёди иқтисодӣ, сиёсӣ салатанати муғулҳои бузурги Ҳиндустон аз тарафи мустамликадорони англис барандохта шуд ва мардуми ин сарзамин ба асорати аҷнабиён дучор гаштанд. Дар ин қисмат диққати асосӣ ба инкишофи ҳаракати зидди мустамликачиён ва оқибати сар задани шӯриши умумихалқии солҳои 1857-1859 дода мешаванд. Ин тасодуфӣ нест. Зеро Ғолиб ҳарчанд, ки дар ин шӯриш фаъолона иштирок надошт, вале ӯ зиндаи шӯриш ва аз тарафи аҷнабиён пахш кардани он буд. Илова бар ин дар осори Ғолиб бисёр лаҳзаҳои ин ҳаракати халқӣ инъикоси худро ёфтаанд.
Дар ин боб дар бораи юришҳои Нодиршоҳу Аҳмадшоҳ ва аз тарафи онҳо ғорат намудани сарватҳои Ҳиндустон низ сухан меравад. Пас муаллиф дар хусуси ҳаёти адабии замони Ғолиб ба таври муфассал маълумот медиҳад. Бо вуҷуди ин аз байн рафтани сулолаҳои темурӣ, ки шеър ва адабиёт асосан дар дарбори онҳо ривоҷу равнақ дошт, ҷараёни адабӣ тамоман аз байн нарафт. Дар Деҳлӣ, Лакҳнав ва дигар вилоятҳои Ҳиндустон доираҳои адабии нав ба вуҷуд омаданд, ки анъанаи гузаштаро давом медоданд.
Хусусияти ҷолиби диққати равнақи адабӣ дар замони Ғолиб иборат аз он буд, ки забони урду мавқеи давлатӣ пайдо кард ва забони форисро, ки асрҳо забони давлатӣ буд, тадриҷан аз байн бардошт. Бо вуҷуди ин бисёр шоирон ва нависандагон асарҳои мансур ва манзуми худро бо ду забон – форсӣ ва урду таълиф мекарданд. Маҳсули адабии шоирони ин давра хеле зиёд аст. Масалан Ғулом Ҳамадонии Мустаҳфӣ бидуни як силсилаи маснавиёт ва асарҳои илмӣ ҳашт девон ба забони урду ва чор девон ба забони форсӣ мураттаб сохта шудааст.
Шумораи ин гуна шоирон хеле зиёд аст. Мақоми дараҷаи аввал дар ин силсила ба Ғолиб таалуқ дорад, ки муаллиф дар ин хусус ба тафсил маълумот додааст. Ба фикри мо як нуқтаи ҷолиби диққате, ки мебоист дар ин фасл инъикос ёбад, аз назари муаллиф дур афтодааст.
Маълум аст, ки то шӯриши халқии солҳои 1857-59 аксар шоирон дар дарбори ҳокимони маҳаллӣ ва шоҳзодагони темурӣ ҷамъ буданд ва табиӣ буд, ки асарҳои онҳо низ дар ситоиш ва мадҳи ин ҳокимону шоҳзодагон навишта мешуданд. Вақте ки мамдуҳ аз байн рафт ва харидори шеър намонд, дар мазмун ва мундариҷаи он ногузир бояд дигаргуние ба вуҷуд ояд. Бо як ҷумлаи умумӣ ифода кардани вазъияти ҳаёти адабии як аср имконият намедиҳад, ки дар хусуси ғоя ва мундариҷаи доираҳои адабии асри XIX Ҳиндустон тасаввуроти комил ҳосил карда шавад. Бо вуҷуди шоир ва фозили бузурги замон будани Ғолиб аз асрҳои ӯ маълум мегардад, ки роҳи зиндагияш ноҳамвор ва нишебу фароздор будааст. Камбағалӣ, бадбахтии оилавӣ бо тӯҳмати ҳасудон ба зиндон афтодан,- чунинанд лаҳзаҳои зиндагии шоир, ки мо онро дар абёти ӯ ҳам дида метавонем. Муаллифи рисола барои пурра ва муфассалтар тарбиб додани тарҷимаи ҳоли шоир аз бисёр сарчашмаҳо истифода кардааст. Қиммати меҳанти муаллиф дар ин аст, ки вай қариб ҳамаи лаҳзаҳои ҳаёти Ғолибро бевосита ба осори худи ӯ пайдо карда, ба як силсилаи мавзун даровардааст. Бояд гуфт, ки чунин тарҷимаи ҳоли яклухт, мукаммал ва муфассали шоирро ҳатто дар Ҳиндустон касе нанавиштааст.
Муаллифи рисола иқтибосро дӯст медорад. Саҳифае нест, ки дар он суханони Ғолиб ду-се иқтибос набошад. Масалан, дар ҳамин боби дуюм бидуни мисолҳои шеърӣ мо панҷоҳ иқтибосро дида метавонем, ки ин миқдор барои як боб, ки аз шонздаҳ варақ иборат мебошад, нисбатан зиёд аст. Аз тарафи дигар иқтибоси зиёд назокати сухан ва мавзунии фикрро аз байн мебарад.
Ғолиб шоири сермаҳсул, олими нуқтасанҷ ва забоншиноси моҳир аст. Дар ин қисмат қариб хулосаи тамоми таълифоти назмӣ, насрӣ ва илми шоир ба таври мухтасар гирд оварда шудааст. Миқдори таснифоти шоир, ки дар ин ҷо мавриди таҳлил қарор гирифтааст, бисту ду номгӯи асарҳои ӯро дар бар мегирад.
Муаллиф тамоми осори манзумаи Ғолибро, ки ба забони форсӣ ва урду навиштааст, алоҳида-алоҳида ва мухтасар тавсиф карда, шакл ва миқдори онҳо муайян мекунад. Аз рӯи мундариҷаи ғоявӣ таҳлил ёфтани ашъори форсии Ғолиб, яке аз сифатҳои кори муаллиф аст.
Дар рисола дар хусуси асарҳои насрии Ғолиб, ки ба забони форсӣ таълиф ёфтаанд ва мактубҳои ба забони урду навиштаи ӯ низ маълумот дода мешаванд.
Таҳлили асарҳои назмӣ ва насрӣ дар ҳар маврид кори осон нест. Барои ин кор зарур аст, ки тадқиқотчӣ ба олами афкори шоир ғӯта занад, он меъёреро, ки фикри ӯро ба вуҷуд овардааст, дарк намоянд ва онро алоқамандона ба замон ва макони тавлидшудааш таҳлил намояд. Ашъори Ғолиб дар Ҳиндустони асри ХIX эҷод шудааст ва аз он бӯи замини ҳинд меояд. Дар рисола аксар маврид ин талабот ба эътибор гирифта шудааст. Бо вуҷуди ин дар натиҷаи бедиққати муаллиф ва ё муҳаррир як қатор хатоҳои ҷузъие роҳ ёфтаанд, ки онҳоро ба осонӣ ислоҳ кардан мумкин аст. Масалан, аз он қисмате, муаллиф ашъори Ғолибро таҳлил мекунад, дар чанд ҷой дар натиҷаи нодуруст навиштани калимаҳои алоҳида вазни баъзе мисраҳо костаанд:
Гул афканему гулобе ба раҳгузор пошем,
Майл оварему қадаҳ дар миён бигардонем.
Ниҳем шарм ба як сӯву бо ҳам овезем
Ба шӯхӣ, ки руҳи ахтарон бигардонем.
Агар ба ҷои калимаи “раҳгузор” “раҳгузар” ва ба ҷои калимаи “шӯхӣ” “шӯхие” меомад, вазни шеър халалдор намешуд.
Ё худ дар чанд ҷои асари Амир Хисрави Деҳлавӣ “Маҷнун ва Лайлӣ” ба шакли “Лайлӣ ва Маҷнун” навишта шудааст.
Осори ин ва ё он шоирро танҳо аз нуқтаи назари сотсиолгӣ таҳлил кардан хатост. Агар шоире пояи каломи бадеиро то андозае болотар бардошта бошад, ин ҳам аз тарафи ӯ ба ҷамъият хидмат кардан аст. Ана як ҷумлаи муаллиф, ки дар саҳифаҳои 86-87 ба тариқи хулоса сабт шудааст: “Ғолиб золимонро ҳамин тавр фошу танқид намудааст. Аммо Ғолиб он роҳеро, ки танҳо ба воситаҳои он ноили бахту саодат шудан мумкин аст (яъне роҳи револютсяи ҳақиқиро) дарк карда натавонистааст”.
Дар қисмати мулҳақот муаллиф мухтасаран роҷеъ ба ҳаёт ва эҷодиёти 11 нафар шоир ва нависанда, ки ҳамзамони Ғолиб будаанд ва дар тараққии адабиёти форсӣ ва урду дар Ҳиндустон саҳм гузоштаанд, маълумот медиҳад. Ин тарзи маълумотдиҳӣ яке аз ҷиҳатҳои мусбати рисола мебошад ва аз аҳмияти илмӣ холӣ нест.
Дастраси хонандагони тоҷик гаштани рисолаи тадқиқотии Абдуллоҷон Ғаффоров, сарфи назар аз баъзе носаҳеҳиҳояш, дар илми шарқшиносии советӣ қадаме ба пеш мебошад.
М. Қаноат
“Садои Шарқ соли 1966 №9”
Таҳияи Шавқинисо Носирова,
мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ