Хонандагони дорои имконоти маҳдуд дар Китобхонаи миллӣ. Чӣ шароите барояшон фароҳам шуда?

Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбо, яке аз шуъбаҳои навтаъсис дар сохтори Китобхонаи миллӣ буда, моҳи апрели соли 2012, баробар бо ифтитоҳи бинои нави Муассиса фаъолияти кори худро оғоз намуд. Ҳоло ин шуъба бештар аз 700 нафар хонандаи доимӣ дорад. Инҳо донишҷуёни мактабҳои олӣ, хонандагони мактаб- интернати махсуси шаҳр, литсей –интернати касбии махсуси маъюбони шаҳр, мактаб – интернати нобиноёни ноҳияи Ҳисор, Иттиҳоди миллии нобиноён дар шаҳри Душанбе, ташкилоти  ҷамъияти маъюбони шаҳр «Имконият» ва бошандагони маркази минтақавии хизматрасонӣ ба маъюбон ва нафақахўрони  шаҳри Душанбе мебошанд.

            Фонди шуъба зиёда аз 4645 нусха китобҳоро дар бар мегирад, ки бештари онҳо аз рўи талабот ва дархости хонандагон: китобҳои бадеӣ, фаннӣ, соҳавӣ ва эҷодиёти адабинои классик ва муосир иборат мебошанд, ташкил шудааст.  Барои хонандагон шароитҳои хуб муҳайё карда шудааст, хизматрасонӣ бо васитаи аудио ва видеодискҳо, сабтҳои гўё, интернет ва бурдани китобҳои дархостшуда ба хонаи маъюбон ва пиронсолон ба роҳ монда шудааст. Инчунин шуъба бо як қатор ташкилоту ҷамъиятҳои дохиливу байналмилалӣ аз ҷумла, бо Иттиҳоди инернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти Ҷамъияти маъюбони  шаҳр «Имконият», Иттиҳоди миллии нобиноён дар ш. Душанбе, ҷамъияти иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, садамаи Чернобил, созмони варзишгарони параолимпӣ, Намояндагони Россотрудничество дар Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Пешрафт», Ташкилоти байнал­милалии «Ҳамсол ба ҳамсол», Захираҳои Агентии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти хайриявии «Дасти ёрӣ» ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон  ва ғайра ҳамкорӣ дорад.

Дар шуъба ҳар моҳ маҳфилҳои «Равшандилон», «Рўзгори соҳибдилон» ва «Хандарез» гузаронида мешавад, ки дар он хонандагони доимии Китобхона ва шуъба аз литсей – интернати касбии махсуси маъюбони ноҳияи Ҳисор ва ш. Душанбе, донишҷуёни мактабҳои олӣ, ҷамъияти нобиноёни ш. Душанбе ва шавқмандоне, ки табъи шоирӣ доранд ва шеър менависанд, фаъолона иштирок менамоянд.

Шуъба фаъолиятҳои худро пайваста аз тариқи Шабакаи аввали телевизиони кишвар, телевизиони «Сафина», «Ҷаҳонамо», «Душанбе», «Синамо», «Баҳористон» таблиғ мекунад.

Инчунин дар шуъба гушаи «Дастони моҳир» ташкил карда шудааст, ки дар он корҳои дастии аъзоёни шуъба, яъне шахсони дорои имконияташон маҳдуд ҷой дода шудааст.

Ҳамасола аз ҷониби шуъба мутобиқи дархости хонандагон бо теъдоди зиёда аз 900 маълумоти хаттӣ ва 2000 маълумоти электронӣ  пешкаш карда мешавад.

Гуфтанист, ки дар шуъба  бахусус ба нобиноён ва шахсони имконияти биноияшон маҳдуд таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шудааст. Барои истифодаи онҳо айни замон 731 нусха китобҳои бадеӣ бо хуруфоти Брайл, 6 компютери истифода аз барномаи JAWS пешниҳод шудааст. Барномаи мазкур аз ҷониби шаҳрванди ИМА Тед Хентер созмон дода шудааст, ки ин барнома барои шахсони дорои биноияшон паст бо савти амалҳои ҳуруфоти Брайли алоқаманди дошта тавассути компютер амалӣ карда мешавад.

Имрўзҳо дар ҷомеаи мо, мутаассифона, бо шахсони дорои имконияташон маҳдуд аз қабили кўдакони аз ҷиҳати равонию ҷисмонӣ ва зеҳнӣ имконияташон маҳдуд дучор омадан мумкин аст.

 Мутобиқи маълумотҳои оморӣ имрўз дар кишвар зиёда  аз 149860 ҳазор нафар шахсони маъюб, аз ҷумла 16 ҳазор нафар маъюбони гурўҳи  якум, 72692 нафар маъюбони гурўҳи дуввум, 32950 нафар маъюбони гурўҳи севвум,  қариб 29 ҳазор нафар маъюбони то 18-сола ва 71 ҳазор нафар нафар ятимон умр ба сар мебаранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми «имконияти маҳдуд» ҳамчун «дурудароз гум кардани мутобиқшавии иҷтимоӣ», дар натиҷаи бемории давомнок ва ё ҳолати патологӣ ва маҳдудияти имконияти мутобиқшавии кўдак ба муҳити синну солаш мувофиқ» муайян карда шудааст. Доир ба инкишоф ва таълиму тарбияи кўдакони имконияташон маҳдуд тадқиқотҳои зиёди олимон ва
нуқсон­шиносони хориҷӣ чун Ф.Ф. Рау, В.М.Мозговой, С.Д.Забрамная, Х.С.Замский, Б.П.Пузанов, Г.М.Дулнев, Т.А Власова, М.Л.Лапшин, В.С.Кукушкина, М.И.Никитина ва ватанӣ А. Байзоев, З. П. Раҳмонов, М. А. Кўзиев, С.Қувватов, М.Ибронов ва дигарон мавҷуданд.

Муассисаи давлати «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баҳри  кудакони имконияташон маҳдуд тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст. Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон ва шуъбаи кўдакон ва наврасон ҳамеша бо чунин гурўҳи хонандагон ҳамаҷониба кор мебаранд. Дар ин шуъбаҳои мазкур оиди масъалаҳои методикаи истифодаи алифбои дастӣ, имову ишора, тарзи гузоштани овоз, ташаккул додани нутқи шифоҳии кўдаки ношунаво дар шароити оила, баргузори ҳар гунна чорабиниҳо ва машғулиятҳои таълимиву тарбиявӣ баҳри инкишофи нуқту маҳорат, истифодаи  маҳоратҳои педагогӣ, равоншиносӣ дар раванди  кор бо кўдакони дорои имконияташон маҳдуд  амалӣ карда мешавад. Барои волидон сўҳбатҳои инфиродӣ бо мутахассисони соҳаи китобдорӣ, равоншиносӣ, педагогҳо ва ғайра мунтазам гузаронида
мешавад.

Ҷамил Валиев