Хониши бадеӣ. Сотим Улуғзода. «Ривояти суғдӣ” (Идома)
МУРОД ВА НОМУРОДӢ
Дертар Вирканро мастии ҷавонӣ ва ғурури паҳлавонӣ ба васвасаи зўрозмоӣ бо паҳлавони Суғд андохт. Ба ин вайро ёру ошноҳо низ якзайл тарғиб мекарданд: Ту ба ин китфу ёл, бо ин зўри паҳлавонӣ, ки дорӣ, ғолиб мебароӣ. Нахустпаҳлавонӣ ҳақи туст».Ҳатто мегуфтанд, ки агар вай аз хариди лавозимоти набард- сипар, кулоҳу ҷавшан андеша дошта бошад, онҳо тайёранд ин чизҳоро худашон шарикона барояш бихаранд.
Виркан ҷазм кард.
Расми суғдиён буд,ки ҳар сол рўзи якуми моҳи Навсард, ки сари соли суғдӣ – Наврўз буд ва оғози тобистон ҳисоб меёфт, нахустпаҳлавони Суғд муқаррар мегардид, бо ин тариқ ки он рўз барои паҳлавон суфраи таому шароб густурда мешуд, ҳар ки аз он таом ва шароб хўраду нўшад, бо ҳамин худро рақиби паҳлавон эълон карда, ўро ба майдони мубориза мехонд. Агар дар майдон бар вай ғолиб ояд, худаш паҳлавони якуми Суғд мешуд. Ва ҳам мағлуб ба дасти ғолиб кушта мегардид.
Боре Виркан аз бозори Самарқанд ба Ревдод баргашта уштурони аз бори ангишт холишударо дар дашт раҳо карду ба ҳавлиашон омада падарашро дар боғчаашон машғули токбурӣ ёфт. Дуяшон дар лаби ҷўй барои дамгирӣ нишастанд.
Виркан гуфт:
– Падар, Наврўз наздик аст.
– Наздик,- тасдиқ кард пирамард ва пурсид. – Чаро ту ёди Наврўз кардӣ?
– Ман бо Ёдхишетак набард кардан мехоҳам.
Ёдхишетак номи паҳлавони Суғд буд.Ревахшиён ҳайрон шуд, бо диққат ба писараш нигаристу гуфт:,
– Туро чӣ шуд? Магар дар кони ангишт бо шимну (дев) дучор шудӣ ва ў туро гумроҳ кард?
– Не, падар, шимнуро ман надидам. Даме, ки ин хаёл дар ман пайдо шуд, дилам ба худоёни бузургамон Зарвон, Бағ, Митра буд, ин хаёлро ба дили ман онҳо андохтанд.
– Охир ба Ёдхишетак агар даст наёбӣ, кушта мешавӣ? Чӣ магар аз ҷонат сер шудӣ?
– Хоҳу махоҳ рўзе ҷон маро тарк мекунад, пас чӣ фарқ дорад, ки андак пештар ё андак дертар. Аммо агар худоён маро мададгор шаванду бар паҳлавони Суғд даст ёбам, ҳароина сарафрозӣ ёфтаам.
– Ба занат гуфтӣ?
– Ҳанўз не. Вай албатта, розӣ намешавад, мешўрад. Даст задани маро ба ҳеҷ як коре, ки андак хатаре дар вай бошад, намехоҳад.
– Зеро ҳар хатаре, ки бар сари ту ояд, ба сари вай фарзанди ояндаи шумоён ҳам омадааст.
– Агар ту маро манъ накунӣ, ман ба Наниманча мегўям, ки падарам ин корро раво донист ва иҷозатам дод.
Ревахшиён ба сукут рафт ва сипас гуфт:
– Ман туро аз оқибати ин кор огоҳ кардам. Ту кўдак нестӣ, марди рашид ва ҳушмандӣ, худат хуб бияндеш. Аммо агар ба набарди Ёдхишетак ҷазм кунӣ, аввал ба вағн (оташкада) бирав, назр бикун, аз мағупат (нигоҳдорандаи оташ) дуо бигир.
Худи Ревахшиён бе он ки аввал ба парастишгоҳ биравад, ба ҳеҷ кори муҳим иқдом намекард, марди солеҳ ва тақводоре буд. Дар ризоияти ў ба набарди писараш бо паҳлавони Суғд низ сухани Виркан, ки гуфт ин хаёлро худоён ба дили вай андохтаанд, бетаъсир набуд…
12
Дар ду хонаи айвон дар миён Виркан бо занаш ва модарарўсаш мезистанд. Ревахшиён рахти пирии худро ба қазноқ кашида буд, қазноқро аз ашёи кўҳна холӣ ва андова карда буданд. Бо пайдо шудани ду зан рўзгори хона, зисту зиндагӣ дар вай низом гирифта буд. Даруну берун доим рўфтаю чида, хонаҳо озода, ҳар рўз дар сари вақт оташдон гарм ва деғ ҷўшон, пўшокҳо покиза. Ин ҳама аз кўшишу ғайрати кадбонуи ҷавон ва модари ў буд. Аҳли хонавода бо ҳам меҳрубон буданд. Наниманча зани маҳбуба буд ва худаш ҳам шавҳарашро аз ҷон дўст медошт. Гўё саодат ва саломат ҳамъинон буд. Фақат як чиз ҳамчун пораи абре дар рўзи равшани офтобӣ соягустари хотир шуда буд: тарси мўҳтоҷӣ. Аз ду шутур яке барои тўи арўсӣ ба фурўш рафт ва нисфи пасандози ангиштфурўшӣ ҳам харҷ шуд (нисфи дигари онро Виркан ба рўзи мабодо нигоҳ медошт). Ҳосили ним ҷуфт замин ва ҳамин миқдор боғ то нимаи зимистон ҳам намерасид.Ангишткашӣ бо як уштур суди казоӣ надошт. Виркан ин шуғлро тарк кард: шикор ҳам камтар (зеро ба ҷои падари пир хоҳу нохоҳ, дар замину боғ кор кардан лозим буд) ва аммо хароҷоти оила бештар шуда буд. Дасти беамони нодорӣ, мўҳтоҷӣ дари ин хонаводаро мекўфт. Мақсади ниҳонии Виркан аз набарди паҳлавони Суғд рафъи ҳамин мўҳтоҷӣ буд. Зафар бар Ёдхишетак ўро паҳлавони лашкари подшоҳ хоҳад кард ва ин мансаб ба вай ном, иззат, дороӣ хоҳад овард.
Виркан ба Наниманча, ки нияти пурхатари шавҳарашро ҳеҷ намеписандид, ба таври нимҳазлу нимҷиддӣ манзараи ҳаёти ба ҷоҳу ҷалолеро тасвир мекард:
– Ту ҳариру дебо хоҳӣ пўшид, барракабоб бо шароби ноб хоҳӣ хўрд. Ба меҳмонӣ равӣ, ё ки ба гармоба равӣ, дар тахти равон хоҳӣ рафт. Дар кўчаҳо мардумон тахти равони туро аз дур дида хоҳанд гуфт: Ана Наниманчабону, зани нахустпаҳлавони Суғд, ба дарбор, ё ба ҷашн, ё ба гармоба равон аст.
Не, Наниманча ба ин афсонаю афсун фирефта намешавад.
– Магў, Виркан! – ҷавоб медод ў. – Ман хоҳони ҳариру дебо нестам, кабобу шароб ҳам дар гўр шавад: ман бо ту ба нони ҷавину оби ҷўш серам. Зорӣ мекунам, азизам, аз ин хаёлоти хом даргузар ва худатро, маро, фарзанди ояндаамонро дар хатар наандоз.
Виркан аз изҳори нияти худ ба занаш пушаймон шуд. «Чаро гуфтам? – надомат мекард ў.- Гуфтан лозим набуд. Зан аз чор девори ҳавлӣ берунро намебинад,аз кори дунё бехабар аст, дили мардро намедонад.Лекин ман, – мегуфт ў ба худ,- ман мардам, набояд аз гапи зан ба нияте, ки худоён ба дилам андохтаанд, баргардам».
Боре вай ба Самарқанд рафта, аз он ҷо бо сипар,ҷавшан ва кулоҳи мисин баргашт. Маълум шуд, ки уштурро фурўхта ба пули он пасандози ангиштфурўширо зам карда ин анҷомро харидааст. Наниманча аз зорию илтиҷои беҳудааш маъюс шуд, гирист. Аммо акнун ўро ба ҷуз тан ба қазо додану дуои ҷони шавҳарашро кардан ва ҳаросу ларзон оқибати корро нигарон шудан чора набуд.
13
Ризояти падар ҳосил шуда буд, акнун Виркани зардуштимазҳаб бузғолаеро барои назр кашола карда паи ризояти худоён ба оташкадаи Самарқанд рафт.
Чун аз дарвозаи баландтоқ вориди саҳни васеи парастишгоҳ шуд, дид, ки мағупати сафедриши мўдароз ва сарупобараҳна пеши оташхонаи тиллокорӣ дар айвони дарози муннақаш ва мусаввар, ки ба ҳашт сутуни кандакории нафис қарор гирифта буд, нишастааст. Вай донандаи китоби муқаддаси «Авесто» ва нигоҳдорандаи оташи абадӣ буд. Ба эътиқоди зардуштиёни оташпарасти Суғд ин оташро ҳазор сол пеш писари Сиёвуш барафрўхта будааст, онҳо дар қатори худоёни бисёри худ Сиёвушро ҳам мепарастиданд ва рўзи марги ўро, ки дар моҳи ҳафтуми суғдӣ воқеъ шуда будааст, мотам гирифта, сиёҳ пўшида, побараҳнаву гирёну синазанон мегаштанд. Мағупат нишаста буду китоби дуоҳои зардуштӣ «Офарингон»- и дар варақҳои чармин навишташударо мехонд. Виркан бузғоларо ба муғбачаи хизматгор супурд ва мўкиашро кашида, ба айвон баромаду аввал сўи оташхона саҷда кард ва сипас назди мағупат зону зада, дасти ўро гирифта бўсиду гуфт:
– Эӣ донои доноён, донандаи ошкору ниҳон, воқифи асрори замину осмон, барои ман аз худоён неру бихоҳ, ки нияти набард кардан дорам.
Мағупат пурсид:
– Ту кистӣ?
– Виркан писари Ревахшиёни ревдодӣ,- ҷавоб дод ў.
– Магар туро душмане пеш омадааст?
– Не, бо Ёдхишетаки паҳлавони Суғд набард мекунам.
Мағупат чашмони хираи мижгонрехтаашро калонтар кушода ба андоми гўянда нигарист, лекин дар вай чандон нишони паҳлавонӣ надид: на китфу бозуи сутург, на синаи чун сипар дамида, на гардани ғафси пуррагу пай. Виркан ҷавонмарди қадаш аз миёна болотар, шонафароҳи миёнборик ва хушпайкар буд. Фақат дастҳояш, панҷаҳои дурушти шахшўлаш, ки ҳоло ба рўи зонувонаш ёзида буданд, аз нерўмандии ў хабаре медоданд: чунин менамуд, ки он панҷаҳо ниҳоят сахтчанголанд ва ҳар чиро қапанд, чун анбўри оҳанин меқапанд. Ва инчунин нигоҳи зираконаи чашмони калони мешии ў як навъ гувоҳи шуҷоати ниҳониаш буд.
– Агар ба Ёдхишетак даст ёбам, ба вағн ду сар гўсфанд бахшиш меорам, – ваъда дод Виркан.
Мағупат бо овози хиррӣ дуое аз дуоҳои зардуштиро хонда ба ҷавонпаҳлавони номҷўй дар набарди хатарноки ў зафар талабид:
– Эӣ подшоҳи худоён Зарвон, аё Митра, аё Бағ, шумоёнро мепарастем, бандаи худатон Виркани Ревахшиёнро мададгор бошед, бар неруи тану ҷонаш бияфзоед ва дар разму набардҳо забардасташ бикунед…
14
Дар Суғд ҳеҷ кас аз маросимҳои бисёри суғдиён бо чунин фарохӣ, шукўҳ ва хуррамии тамоми халқ ҷашн гирифта намешуд, чунон ки Наврўз гирифта мешуд. Марду занҳо, бачаҳо либосҳои рангоранги идона пўшида ба сайри саҳроҳо, боғу бўстонҳо мебаромаданд ва ба шарафи вуҷуди тобистони файзбор тарнаҳо мехонданд, бозиҳои гуногун барпо менамуданд. Меҳмондориҳо, зиёфатҳои ҳамдигарӣ авҷ мегирифтанд.
Ин ҷашн аз ҳама бошукўҳтару хуррамтар дар сайргоҳи беруни шаҳр баргузор мешуд: дар он ҷо созанда ва сарояндагон қавволон, раққосон, шаъбадабозон издиҳоми халқро дилхуш месохтанд. Ҷавонон гўштигирӣ, чавгонбозӣ мекарданд, пойга метохтанд.
Дар сояи садаи калон, рўи тахтасуфаи баланд барои нахустпаҳлавони Суғд хони алвон густурда, дар лаълиҳои биринҷӣ нон, гўшти пухта, кўзаи шароб гузошта шуда буд. Дар сари хон касе набуд, худи паҳлавон дар як канори сайргоҳ бо саворони ишхид (лақаби подшоҳи Суғди Самарқанд) саргарми чавгонбозӣ буд.
Саворе, ҷомаи абрешимини сабзу гулобӣ дар бар ва камарбанди нуқра дар камар, аспи саманди қашқаашро тунд ронда омаду дар пеши тахтасуфа пиёда шуд. Аспро набаст, ҷилавашро раҳо кард: ҷонварро ба нобаста истодан дар наздики соҳибаш одат кунонда буд.
Аҳли ҷашн Виркани ревдодиро, ки дар маъракаҳо на як бору ду бор дида буданд, шинохтанд ва зуд ба вай гирд омада буданд,ки пиёда шудани ў дар наздики хони зиёфати паҳлавони Суғд бесабаб нест. Виркан даст бар сина ниҳода ба гирду пеш сўи марду занҳо салом кард ва ба болои тахтасуфа баромада нишасту аввал аз кўза ба ҷоми калони сафолин шаробро пур рехта покиза дам кашид ва сипас нон ва гўштро бо луқмаҳои калон-калон хўрдан гирифт.Табъаш чоқ, чеҳрааш хандон буд. Аз издиҳоми мардумон ғалоғула, нидоҳои таҳсину тасанно баланд шуданд:
– Офарин, Виркани далер!
– Ҳамоварди Ёдхишетак танҳо туӣ!
– Ту ўро мағлуб мекунӣ!
– Худоён паҳлавонии Суғдро ба ту фармудаанд!
Инак дар майдони машқи сарбозон Ёдхишетаки паҳлавони паҳлавонон ва Виркани ҷўяндаи ин номи фохира аз ду ҷониб баромаданду шутурмурғвор ҷаҳида-ҷаҳида, дастҳояшонро чун боли уқоб афшонда-афшонда ба истиқболи якдигар равон шуданд.
Дар миёнҷои майдон ба якдигар расида ду даст ба ду даст гирифтаанду як-як китф ба китф расонда вохўрӣ карданд. Ҳар ду то миён бараҳна, мўи сари ҳар ду то буни гардан фуромада ва бо чанбараки нафиси симин баста. Ёдхишетак бузургпайкар, сари синаву китфони тавонояш пурмўй, қадаш аз ҳариф ним сар баландтар.
Виркан нисбат ба ў бориктар, мушакҳои бозувонаш ва ду паҳлуяш арғамчинвор печида ва ҷаста.
Дар гирдогирди майдон тамошобинон – мардумони шаҳр, сарбозон, аъёну ашроф,дарбориёни ишхид давра гирифтаанд. Дар ҷои баланд ишхиди зарринкулоҳу камар, риши кўтоҳу сиёҳи наълшаклаш ба гирди чеҳрааш аз чакка то чакка нимҳалқа зада, дар иҳотаи дарбориёни худ ба тахт нишаста буд. Офтоби пагоҳонӣ тобон, карнайҳо, таблу нағораҳо пурсадо.
Паҳлавонон гарми гўштингирӣ. Гоҳ аз дўшу миёни якдигар гирифта фурсате оромона алвонҷ мехўранд ва гоҳе тундутез гардида, ҳамдигарро бардошта заданӣ мешаванд.Зўр ба тарафи Ёдхишетак буд.Вай ҳарифро бо вазни филонаи худ пахш карданӣ мешуд ё ки сабук ба дўш, ба паҳлу, ба болои сар мебардошту меандохт, лекин Виркани чобук ҳар бор ба по меафтид ва намеғалтид, балки худи паҳлавонро зер карданӣ мешуд. Вай ҳам се бор поҳои Ёдхишетакро аз замин канда бо тамоми қувваташ ўро чаппагардон карданӣ шуд, лекин поҳои оҳанини Ёдхишетак ҳеҷ қат намешуданд ва ҳар бор сутун шуда соҳибашонро аз ғалтидан нигоҳ медоштанд.
Ҳар дам ҳаёҳу ва ғулғулаи издиҳоми тамошобинон бонги таблу карнайҳоро пахш мекард.
Паҳлавонон қариб ду соат гўштин гирифтанд, аммо зафар ба ҳеҷ тараф даст надод.
Он гоҳ ишхид амр кард, ки бас кунанд ва баъд аз пешин савора гўштӣ гиранд.
Аммо гўштигирии савора ҳам, бо вуҷуди он ких еле тўл кашид, натиҷа надод, саворон якдигарро аз зин канда натавонистанд. Ишхид дилтанг шуда маъракаро баст ва фармуд, ки паҳлавонон рўзи дигар бо найза набард кунанд.
(Идома дорад)
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахасисси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.