Иқтисоди рақамӣ чист?
Ба ин суол китоби тозанашри доктори илмҳои иқтисодӣ И.С. Шамсов “Иқтисоди рақамӣ” посух медиҳад. Китоб чун дастури дарсӣ соли ҷорӣ зери таҳрири доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Д.Қодирзода дар матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нашр шудааст.
Китоби «Иқтисоди рақамӣ» дар самти иқтисодиёти рақамӣ, аз аввалин китобҳои дарсӣ ба шумор меравад, ки рўйи чоп омадааст. Дар ин китоб талаботи нақшаҳои нави таълимӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ барои ихтисосҳои иқтисодӣ дар зинаи бакалавр ва магистратура, инчунин, хусусиятҳои низоми кредитии таҳсилот ба назар гирифта шудааст.
Муаллиф китоби дарсиро бо мақсади ташаккул додани донишҳое, ки барои рушди малакаю маҳорати донишҷўён ва магистрантон оид ба ҷанбаҳои назариявии ҷомеаи иттилоотӣ, масъалаҳои рақамикунонии ҷомеа ва дурнамои рушди иқтисоди рақамӣ, нишондиҳандаҳои рақамикунонии иқтисодиёт, технологияҳои татбиқи он, масоили амалии тиҷорати рақамӣ, амнияти иттилоотӣ дар иқтисоди рақамӣ, таъмини мутахассисон бо ҷойҳои корӣ дар раванди рақамикунонии иқтисодиёт мусоидат мекунад, таълиф намудааст.
Ин китоб аз 10 боб ва 10 банд иборат аст.
Хонандаҳои азиз! Китоби «Иқтисоди рақамӣ»-ро метавонед аз Китобхонаи миллӣ дастрас ва мутолиа намоед!
Таҳияи Бибираъно Ҷўраева,
мудири бахши китобҳои махсус.