Як сафару ҳазорон таассурот

МанижаДар бораи кишвари афсонавии Ҳиндустон борҳо шунидаам,вале ҳаргиз дар хаёлотам набуд, ки шояд рӯзе ба он ҷо сафар мекунам. Хушбахтона, имсол ба воситаи барномаи байналмилалии iteck-айтек, ки барои сайқал додани маҳорати касбӣ ва беҳтар намудани санъати суханварӣ дар риштаи омӯзиши забони англисӣ пешбинӣ шудааст, ба ман муяссар гардид,ки тавассути ин барнома имтиҳон супорам ва ба ин кишвари афсонавӣ ба муддати 21 рӯз сафар намоям. Чун ин сафари аввалини ман ба хориҷи кишвар буд, ҳама чиз ва воқеъаҳо бароям аҷиб ва ҳаяҷоновар буданд.

Бояд қайд кунам, ки ҳайати гурӯҳие, ки аз Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба мамлакати Ҳиндустон тавассути ин барнома сафар мекарданд, иборат аз 12 нафар буданд, вале ҳамагон дар як курс ё донишгоҳ шомил набуданд. Номи ман низ дар рӯйхати сафаркунандагон шомил ва ҳайати гуруҳии мо иборат аз 5 нафар буд. Мо ду нафар кормандони Китобхонаи миллӣ ва 3 нафари дигар аз коргоҳу маҳомоти дигари кишвар моро ҳамраҳӣ доштанд.

Санаи 4- уми сентябри соли ҷорӣ  соати 8:30 ба фурудгоҳ ҳозир шудам. Баъд аз супоридани ҷувздонҳо ва ба танзим даровардани корҳои расмӣ ман ва рафиқонам мунтазири даъват ба сӯи тайёра будем.Соати 11 моро ба самти воридшавӣ ба тайёра даъват намуданд. Ба дохили тайёра ворид шуда, ҷойҳои нишастамонро ишғол намудем ва тасмаҳои бехатариро насб намудем. Вақте тайёра парвоз намуд,эҳсосоти аҷибе маро фаро гирифт, ки онро тасвир кардан ё ба қалам додан бароям душвор аст. Баъд аз чанде хештанро дар дохили тайёра миёни абрҳои сафед дарёфтам. Пас аз 2 соату 30 дақиқа тайёраи мо дар фурудгоҳи шаҳри Деҳлии Ҳиндустон фуруд омад.

Ҳарорати гармии он минтақаро дар дохили тайёра 35 дараҷа эълон намуда буданд. Аввалин чизе, ки баъд аз хориҷ шудан аз тайёра бароям ҳассос ва назаррас буд,ин иқлими он кишвар буд.Гармии он кишварро метавонам ин гуна тасвир намоям,ки гуё аз самти замин ба сӯи инсон селаи буғи тафсон медамад, вале он гунае, ки дигарон он ҳароратро тоқатфарсо меноманд,бароям он гуна набуд. Дар баромадгоҳи фурудгоҳ моро ронандае, ки аз донишгоҳ барои пешвозамон равон карда буданд,мунтазир буд. Ронанда шахси ҳалиму хеле камгап ба назар мерасид.Аз фурудгоҳ то донишгоҳ роҳи 1 соата буд ва дар муддати як соате, ки дар дохили мошин қарор доштем, аз манзараҳои зебои табиати Ҳиндустон ва минтақаҳои Деҳлӣ дидан карда, сабтҳои видеоӣ мекардем ва ба пайвандону наздиконамон ирсол менамудем.

Он замоне, ки ба донишгоҳ дохил шудем,моро масъулони донишгоҳ хуш пазируфтанд.Чун донишгоҳи мо дорои хобгоҳ буд, моро ба ягон меҳмонхона сафарбар накарданд, балки дар хобгоҳи донишгоҳ ҷой доданд. Дар дафтарҳои расмияти донишгоҳ имзо гузошта,ҳар якеамон калиди утоқҳоямонро гирифтем.Чун гурӯҳи 5- нафараи мо аз 2 мард ва3 зан иборат буд, духтаронро дар утоқҳои ошёнаи 1-ум ва мардонро бошад дар ошёнаҳои 2-юм ва 3-юм ҷой доданд. Пасон бо роҳбари гурӯҳи донишҷӯёни ин барномаи байналмилалӣ, ки хонум Ручӣ ном доштанд ошно гаштем.Хонум Ручӣ моро хуш пазируфтанд ва бароямон лавозимоти дарсӣ, аз қабили ҷувздону қаламу дафтарҳоро супориданд ва моро ба синфхонаи дарсиамон раҳнамоӣ намуда,гурӯҳи моро ба дигар нафарон ошно намуданд. Дар синфхона донишчӯён аз 15 давлат аз қабили Кения,Зимбабви,Молдивес,Даяна Тоҷикистон, Бангладеш ва дигар мамлакатҳо таҳсил мекардем. Рӯзҳои аввал бароямон чандон осон ва қулай набуд,зеро ба иқлим,хӯрок ва мардуми он ҷо одат надоштем,вале ҳамагӣ пас аз ду рӯз ҳамаи ин мушкилиҳо бароямон паси сар шуданд.

МанижаШароит бароямон хеле хуб муҳаё шуда буд, аз ягон чиз танқисӣ надоштем. Рафта-рафта ба ҳамсабақонамон унс гирифта,ошноӣ пайдо намудем.Аз ҳоли ҳамдигар пурсон мешудем. Бояд гуфт,ки дар рафти дарс устодон тавонистанд маҳорати касбии хешро ба мо донишҷӯён хеле хуб нишон диҳанд.Ба ғайр аз дарс боз рӯзҳои алоҳида барои сайёҳат доштем.Аз сабабе, ки мавзӯҳои дарсии мо ба соҳаи сохтори идоракунии заводу фабрика бахшида шуда буданд,сайёҳати аввалини мо ба корхонаи истеҳсоли газ равона шуда буд. Гурӯҳи 26- нафараи моро ба 2 баст тақсим намуданд ва моро ба тарзи истеҳсоли балони газ ошно намуданд, ки воқеъан тамошои он бароямон шавқовар буд.

Сайёҳатҳои дигарамон ба корхонаҳои истеҳсоли яхдон, чангкашак, кандитсанер, телевизор ва дигар ашёҳои рӯзгор сурат гирифт,ки ҳамаи он ба таври электронӣ идора карда мешаванд. Бояд гуфт,ки ин гуна таҷҳизот дар Ҳиндустон барои аҳолии дохилӣ ва шаҳрҳои наздики он истеҳсол мешаванд. Дар оянда нақшаи бастани созишнома бо Арабистони Саудиро доранд.

Дар ин сафари 21-рӯза бароямон тамошои шаҳрҳои Деҳлӣ, Акшардам, Гуруграм, Агра ва Ноида муяссар гардид.Ҳангоми сафар намудан ба шаҳри Агра аз макони таърихии ин кишвар Тоҷмаҳал дидан намудем,ки онро шоҳ-Шоҳҷаҳон барои хамсари сеюмаш Мумтоз, ки ҳангоми тавлиди тифли 14-ум аз олам чашм мепушад, сохтааст ва дар дохили қасри сафеди бузургу барҳаво, ки ҷолиби диққат аст, қабрҳои шоҳ ва малика ҷой дода шудаанд.

Дар баробари ин аз боғу гулгаштҳо ва ҷойгоҳҳое, ки дар он ҷо шоҳ бо халқ гуфтугӯ мекард, дидан намудем. Меъмории дигаре, ки бо номи Ред Форт ё Девори Сурх дар Ҳинд машҳур аст,дар асрҳои14-16 сохта шудааст,ки яке аз маконҳои таърихӣ ба шумор меравад.Девори Сурх яке аз меъмориҳои хеле бузург мебошад,ки ҳангоми дидани он банда онро ба қалъаи Ҳисор фақат дар шакли бузург шабоҳат дода тавонистам,ки он ҳам ҷолиби диққат аст.

Бояд зикр кунам,ки ин сафари 21- рӯза бароям таасуроти хубе бахшид. Дар бораи ин сафар метавон сатрҳои зиёдеро навишт, аммо ин ҷо ман фақат якчанд нуктаи онро ба таври фишурда ба қалам додаам. Мехоҳам барои он нафароне,ки дар ба роҳ мондани чунин барномаҳо, ба амсоли барномаи байналмилалии Iteck-Айтек ва сафорати Ҳиндустон дар ҳамкорӣ бо сафорати Тоҷикистон вам дигар корхонаҳои дохиливу байналмилалӣ,ки чунин курсҳоро ташкил менамоянд,изҳори сипос намоям,зеро чунин усули дастгириву ба роҳ мондани курсҳои байналмилалӣ ба ҳар як фарди соҳибзавқ имкон медиҳад,ки ба як дунёи дигар аз наздик ошно шавад ва мухимтар аз ҳама падидаи тозаеро  барои худ кашф намояд.

Манижа ИБРАГИМОВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ.