Идомаи Конфронси байналмилалии бузургдошти Мавлоно дар Порис

Мавлоно дар ПорисЯк сар задан ба саҳифаи Давлат Сафар, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фейсбук кофист, ки донем дар Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар шаҳри Порис чӣ мегузарад.

Ин Конфронс бо ибтикори Тоҷикистон баргузор мешавад ва он бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, пажӯҳишгарони осори Мавлоно, ҳунармандон ва ихлосмандони ашъори оламгири Ҷалолуддини Балхӣ рӯзи 7-уми май дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Париж, Фаронса оғоз ба кор кард.

Мо гузориши муфассал аз ҷараёни ин Конфронси байналмилалӣ надорем. Он чи то кунун бароямон равшан аст, маросими тантанавиро вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҳусни оғоз бахшид.

Ҳадаф аз баргузории конфронс пос доштани хотири Мавлоно Балхӣ ва эътирофи саҳми безаволи ӯ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ буда, дар он олимону донишмандонро аз тамоми гӯшаи канори олам гирди ҳам омадаанд.

Ҷумахон Файзализода
Ҷумахон Файзализода

Дар Конфронс Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода иштирок дорад.

Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, ки аз ҷумлаи иштирокдорони ин Конфронс аст, дар саҳифаи худ дар Фейсбук муъҷазу кутоҳ аз ҷараёни конфронс хабар медиҳад.

Аз ҷумла ӯ иттилоъ дода, ки Маҳмуд Эрол Килич, профессор аз Туркия дар оғози суханронии хеш аз Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба хотири баргузории ҳамоиши бузурги илмию фарҳангии байналмилалӣ дар бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намудааст.

Дар Конфронс доктор Лайло Анвар аз Донишгоҳи Фаронса, академик Кароматулло Олимов (онлайн) ва Давлат Сафар аз Тоҷикистон, Габриэло Рамус, ёрдамчии мудири кӯлли ЮНЕСКО оид ба масалаҳои иҷтимоӣ ва башарӣ суханронӣ кардаанд.

Бино ба гузориш аз толори бузурги ЮНЕСКО дар Порис Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Ибодулло Машраб бо таронаи “Бишнав аз аз най….” ба  Барномаи бошукӯҳи консертӣ ҳусни оғоз бахшидааст. Ва Нигина Амонқулова бо ҳунармандони Филармонияи Порис аз ашъори Мавлонои Бахлхӣ сурудааст.

Дар ин шоми бошукуҳии фарҳангӣ ҳамчунин Фирдавс Ҳошимов ҳам аз ғазалҳои Мавлоно чанд суруди хуб хондааст.

Б.Шафеъ