Идомаи “Рӯзи дарҳои боз” ва маҳфили “Панҷаи ҳунар” дар Китобхонаи миллӣ

нав хунарНамоиши ҳунарҳои мардумӣ, намоиши китобу рӯзнома ва намунаи осори хатии қадимтарин, ошноии беҳтар бо шароиту имконотҳои китобхона ва сайри таърихи дар осорхонаҳои китобҳои нодир ин ҳама рӯзҳои дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ.

Гурӯҳе аз донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  дар “Рӯзи дарҳои боз” меҳмони Китобхонаи миллӣ шуданд. Асадулло Саъдуллоев, омӯзгори  ин донишкада, ки донишҷӯёнро роҳнамоӣ намуда, ба Китобхонаи миллӣ овардааст, мегӯяд, бисёр хушҳолкунанда аст, ки чунин иқдомҳо роҳандозӣ мегарданд ва насли ҷавони мо ба китобу китобхонӣ  ва китобхона рӯ меорад. Ин гурӯҳро роҳбаладон бо тамоми толору шуъбаҳои хизматрасонӣ ва осорхонаҳои китобҳои нодир ошно намуданд.

Сайфура Рахматуллозода, донишҷӯи соли аввали Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  ба номи Мирзо Турсунзода аст. Ӯ бори аввал ба Китобхонаи миллӣ  дар “Рӯзи дарҳои боз” омада, бо як ҷаҳон таасурот аз ин ҷо меравад. Сайфура мегӯяд, шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон низ бисёр ҷолиб ва диққатҷалбкунанда буд.

Ин гурӯҳи донишҷуён дар маҳфили ҳамешагии шуъбаи мазкур “Панҷаи ҳунар” – иштирок намуда, бо ба хотир овардани кӯдакӣ ва завқи худ аз коғазҳои ранга  ҳар гуна ороишон сохтанд. Сардори шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон Шаҳноза Даниярова зимни суҳбат гуфт, ки махсус барои меҳмонони “Рӯзи дарҳои боз” маҳфил ташкил карда, мехоҳанд ҳар чи бештар имконотҳои Китобхонаро муаррифи намоянд.

Эҳсон Раҳматзода, Муҳаммадҷон Давлатов, Сайда Искандаршоева ва чанде дигари ин гурӯҳи донишҷӯён низ баъд аз тамошо шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон ин шуъбаро писандида гуфтанд, ки хоҳаракону додараконашонро ҳатман роҳнамоӣ мекунанд.

Баъд аз саёҳати пурра ин гурӯҳ дар якҷоягӣ аъзои Китобхонаи миллӣ гашта, соҳиби корти узвият шуданд. Минъбаъд метавонанд аз тамоми шуъбаҳои хизматрасонии мо ройгон истифода намоянд..

Бояд  гуфт дуюмин рӯз аст, ки дар Китобхонаи миллӣ чорабинии “Рӯзи дарҳои боз” идома дорад. То ин дам ҳазорҳо нафар меҳмонон аз вазорату идораҳои давлатӣ ва донишҷӯёну хонандагон инчунин сайёҳон, намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварда, аз ин боргоҳи илму маърифат дидан карданд.