“Ифтихорнома”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба профессор Ҷумахон Файзализода
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол дар арафаи истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Ифтихорнома”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардид.
Директори Китобхона “Барои иштироки фаъолона дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, саҳмгузорӣ дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, тақвияти ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, густариши маърифату фарҳанг ва ҷалби мардум ба корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудааст.