Ихтироъи алифбо
Хирад аз қадимулайём инсонро пешво буд. Таввасути хирад ў ба камол мерасид. Бо ёрии он зинаҳои тараққиро фатҳ мекард, илм меомўхт, пеш мерафт. Шарафи одамиро ҳифз менамуд. Дар тамоми тўли таърих хираду дониш дўстони ҳамеша ҳамсафар буданд. Инсон дар ин сафари нонайдоканор эътибори хираду донишро афзун кард.
Ҳамчуноне дарк кардаед, сухан на дар бораи хирадномаҳо, балки оид ба сабти умумии хирад меравад. Анҷоми ин кор аз инсон ранҷи бисёреро талабид. Ва инсон таҷоруби зиёде ҳам омўхт ва рўзе барои навишти нигор, нигори тоза, хати алифбоиро истифода кард. Бале, ҳамон шакли мукаммали нигор, ки дар он овезаҳои алоҳида акс меёбад. Алифбо ду навъ аст а) ҳамсадоӣ, б) садоноку ҳамсадоӣ. Алифбои нигори қадимии эронӣ ба навъи ҳамсадоӣ иртибот дорад, ки онро финиқиҳо ва мардумони дигари сомии ғарбӣ сохта буданд.
Алифбо! Ҳо ҳамон калимае, ки имрўз ба ҳамагон ошно. Ҳамчуноне маълум, он пайваста садои ду ҳарф «алеф» ва «бет» аст. Замоне бо забони гиксосҳо, ки дар Миср зиндагӣ мекардаанд, «алеф» ва «бет» хонаро ифода мекард. Ба тариқи дигар, алифбо ин маҷмўи аломатҳое, ки барои ба тарзи хатӣ ифода намудани нутқ дар забон истифода мешавад. Алифбо тартиби муайяни ҷойгиршавӣ дорад. Алифбо аз шакли муҳимтарини нигор ба ҳисоб меравад, чунки он овозҳои алоҳидаро ҳис мекунад. Чуноне ёдрас шуд дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба «алеф» ишораи басе ҷолиб ҳаст:.
Нигоре нигорид ба хок пеш,
Ҳамэдун ба сони сари говмеш.
Оре, дар нигори мисрӣ ва сипас дар нигори финиқӣ «алеф» (А) маънои «гов» – ро дошт. Ҳамчуноне ин байт гувоҳӣ медиҳад, эрониён аз адвори қадим бо алифбо шинос будаанд. Аммо худӣ алифбо чист?
Дар фарҳанги энсиклопедии «Номашиносӣ» мафҳум хати алифбоӣ ин тавр маънидод мешавад: “хати алифбоӣ он аст, ки ба ҳар як ҳарф овози ҷудогона мувофиқ меояд ё замоне мувофиқ меомад. Инчунин шарт нест, ки ба ҳар як ҳарф маҳз як овоз рост ояд. Як ҳарф метавонад беш аз як овозро ифода кунад”.
Мисриён дар инкишофи системи овози хат то ба нимароҳ расиданд. Хидмати созмондиҳӣ ва интишори аввалин алифбои ҳақиқӣ ба финиқиҳо мансуб аст. Бояд гуфт, ки пайдоиши алифбо аз бузургтарин дастовардҳои инсон ба шумор меравад. Ин руйдод ба нимаи дуюми ҳазорсолаи дуюми то милод рост омад. Ёдрас мекунем, ки нигори финикӣ қадимтарин хати овозӣ буда, он танҳо ҳамсадоҳоро нишон медод.
Мавҷудияти алифбои финиқӣ танҳо соли 1905 кашф шуд. Ба ин кор якчанд ёдгориҳои хатии дар нимҷазираи Сино пайдогардида ёрӣ дод. Аломатҳои нигори ин ёдгориҳои финиқӣ ба нигори миноии мисрӣ шабоҳат дошт. Муқоисаи ин матнҳо бо ёдгориҳои адвори минбаъдии хати финиқӣ мавҷудияти ноқисии миёни нигори миноию алифбоиро собит кард. Системи хати финикӣ муайян гардид. Ин систем нутқи инсонро бо ёрии 22 аломат-ҳарф баён мекард. Ва ҳар як ҳарф овози ҷудогонаро шомил буд. Ба тарзи дигар, ин система дигар нигори алифбоӣ буду ҳарфҳо низ дар ин алифбо тартиби муайян доштанд.
Хати алифбоӣ нисбат ба нигорҳои дигар воситаи эътимодноке буд дар интиқоли итилоъ. Ин хат дигар маҳз худфаъолияти инфиродии ашхоси ҷудогона набуд. Он кашфе буд, мансуб ба чандин халқҳо.
Таърихи пайдоиши алифбо дар ин ё он кишвари ҷаҳони бостон мухталиф аст. Ба ақидаи олимони урупоӣ корбурди он дар Юнон ба соли 776 то милод рост меояд. Он сол ҳамзамон ба нахустин бозиҳои Олимп алифбои маҳз юнонӣ ба фаъолият шурўъ намуд. Алифбо ба юнониён имкони навиштани таърихи мардуми хеш ва ҳамсоягон, созмон додани адабиёт ва осори илмиро муҳайё сохт. Ин юнониён буданд, ки тавассути алифбо номаву меъморӣ, таъриху адабиёташон тақрибан ба тамоми кишварҳои Урупо таъсири пурфайз расониданд. Ва ин таъсир то ба имрўз хуб эҳсос мешавад.
Муносибати эрониёну юнониён дигар буд. Ин ду кишвари куҳан дар ҳамон айёми қадим пешрафтҳои барои ҳар ду ҷониб муфид доштанд. Эрониён ҳам алифбо ва тӯмори хешро доштанд. Аммо таъсири фарҳанги эрониён кам омўхта шуд. Ин ҷо алифбо ё тўморҳои эрониён гуноҳе надоранд. Чунин ранг гирифтани таърихи нигору номаҳои эрониён аз сиёсати аҷнабиён аст. Замоне, ки дини зардуштӣ нақши худро ҳамчун дини давлатӣ аз даст дод, нигору номаҳои эрониёни қадим ба дасти фаромўш афтод. Ва имрўз мо наметавонем таърихи ба расмият шинохта шудани алифбои хешро бо қатъият мушаххас бикунем. Аммо эрониён ҳам дар ҳамон айёми бостон соҳиби нигори хеш буданд ва даҳҳо тўморашон аз ҷумла Авасто аз ҷониби юнониён, дертар аз ҷониби аъробу муғул маҳв карда шуд. Ҳмчуноне донишварон меоваранд, порсҳои қадим то ихтироъи нигори хеш аз хати оромӣ истифода мекарданд. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо нигори порсии қадим дертар, баъди кашфи алифбои юнонӣ ихтироъ шудааст. Вале дар ин масъала алъон қатъият нест. Масалан, олими маъруфи олмонӣ Иоганнес Фридрих дар «Таърихи ҳутут» ҳини тафсири нигори қадими порсӣ ба ҳайси намуна масраф кардани алифбои юнониро дар таҳлили нигори порсии қадим бармаҳал мешуморад.
Тайиди расмии нигори қадими порсӣ бори нахуст аз ҷонибӣ худи Дориюши Бузург дар банди 70 сагнабиштаҳои Бесутун сурат мегирад. Яъне, он ҷо матни «Ман Дориюш нигори порсиро ихтироъ кардам» сабт шуда. Агар таъйиди Дориюш дуруст бошад, пас алифбои маҳз порсӣ байни солҳои 522-486 то милод танзим шуда будааст. Азбаски ҳар як алифбо ва ба ҳайси хат пазируфта шудани он ба оҳистагӣ сурат мегирад, шояд маълумоти Дориюш зинаи охирӣ, яъне маҳз ба нигори давлатӣ қабул шудани онро дар назар дорад.
Ба ҳар ҳол тўмору номаҳои мо аз он давр дар ривоҷ аст. Ва мо соҳиби мероси гаронбаҳо ҳастем ва аз ин сарчашмаи хушкнашаванда ғизои маънавӣ мегирем. Бале кашфи алифбо комёбие буд беназир. Баъди ин ихтироъ инсон ба оянда бештар эътимод пайдо кард. Муҳим ин ки ҳама кор навиштану хондан, таълиму тарбия, мукотиба, коргузорӣ ва садҳо нукоти дигар осон шуд.
Дар Шарқ аз нигори финиқӣ хати оромӣ ба вуҷуд омад. Истифодаи алифбо нисбати дигар нигорҳои иброзшуда, ба хусус нигормехӣ хеле мувофиқ буд. Маҳз ҳамин хат имкони корбурди чарму киртосро муҳайё сохт ва боиси аз байн рафтани гирдаҳои сафолӣ гашт. Ин буд, ки нигору забони оромӣ дар ҳудуди бузург, аз Миср то Эрон ҳамчун воситаи муҳими тамос истифода гардид.
Мардумони Осиёи Марказӣ нахустин бор бо нигор баъди дохил шудан ба ҳайати давлати Ҳахоманишӣ ошноӣ пайдо карданд. Инро навиштаҷоти оромии дар ҳудуди собиқ сатрапиҳои шарқии Ҳахоманишӣ ёфтшуда, таъйид мекунад. Тибқи гузориши Б.Ғафуров “…ҳанўз ин аҳди Ҳахоманишиҳо забон ва хати оромӣ ба мукофотҳои саргаҳи Ҳинд ва Осиёи Миёна нуфуз карда, дар расмияти идораҳои давлатии он ҷо истифода бурда мешуданд. Дар аҳди Ҳахманишиҳо ба тадриҷ қолабҳои ба забони эронӣ гардонидани истилоҳот ва муншаоти оромӣ ба вуҷуд омаданд”.
Дар асоси нигори оромӣ рафта-рафта хати порсии қадим, паҳлавӣ, хати суғдӣ, хати монавӣ, хати авастоӣ, хати хоразмӣ, хати порсӣ ва соири нигорҳо ба вуҷуд омаданд.
Ойҷонгул Давронова- Сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ