Муаррифӣ. Профессор Сафар Сулаймонӣ

Сафар СулаймонӣОлими соҳаи китобдорӣ ва фарҳангшиноси шинохта, доктори илми педагогӣ, профессор, академики  Академияи байналмилалии иттилоотсозии Созмони Милали Муттаҳид Сафар Сулаймонӣ 10 марти соли 1951 дар ноҳияи Сухи вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ўзбекистон таваллуд ёфтааст.

Ў дар омўзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом ва факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таҳсил кардааст ва солҳои дароз дар ин даргоҳи дониш ба донишҷўёни риштаи китобдорӣ таълим додааст. Баътар, аниқтараш соли 1999, ба ҳайси директори Пажўҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон таъин мешавад. Баъдан корро дар Пажўҳишгоҳи педагогии кишвар идома медиҳад.Чандин маротиба ба Чумҳурии исломии Эрон ва Афғонистон сафарҳои хидматӣ анҷом дода, аз натиҷаи ин сафарҳо мақолаҳо ва китобҳо навиштааст.

Солҳои 2004—2007 ба ҳайси мудири кафедраи педагогикаи умумӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Аз соли 2007 то ин ҷониб дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ва солҳои охир дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон машғул ба таҳқиқу пажӯҳиш мебошад.

Фаъолияти илмию пажўҳиши Сафар Сулаймонӣ хеле васеъ ва доманадор аст. Вай дар муддати сӣ соли фаъолияти илмию омўзгорииаш  даҳҳо китобу рисола ва садҳо мақолаҳои пурарзиши илмӣ ва илмию оммавӣ интишор намуда, сатҳи донишандўзии  донишҷўён ва ҷомеаро баланд бардоштааст. Ў масоили назария, таърихи кори китобхонаҳо, тамаддуни ҷаҳонӣ, фаъолияти китобу китобдорӣ, китобшиносӣ, истилоҳоти китобдорӣ ва педагогика, фарҳангу фарҳангшиносӣ, фарҳанги исломӣ ва ғайра таҳқиқотҳо анҷом додааст.

Асарҳои таълифнамудаи ў, ба монанди «Тамаддун», «Аз таърихи китобдории тоҷик» (1998), «Фарҳангшиносӣ» (2002), «Китобшиносии Ирон ва Ислом» ва «Китобшиносии насри навини форси тоҷикӣ» (2007) ва дигарҳо то кунун китоби саримизии мутахассисони ин соҳаҳо мебошад.

Рисолаҳои ў «Умури китобдорӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон» (1987), «Китобдори ҷаҳонии саввуми Шарқ» (1989) ва «Дирўз ва имрўзи Ирон» (ба забони русӣ, 1994), барои омўзиш ва таҳқиқи соҳаи китобдории хориҷа ба муҳақиқон маводҳои хуби омӯзишӣ медиҳанд.

С. ИБРАГИМОВА, муовини
сардор шуъбаи коркарди
адабиёт
.