“Илм – чароғи ақл аст”

Ҳар як офаридаи табиат маънову ҳикмату ҷавҳаре дорад ва ҳамоҳангии комиле миёни мавҷудоти олам ва қонунҳои ҳоким бар онҳо мавҷуд аст. Низоми табиати пурасрор ба он гунаест, ки афроди соҳибхирад бо хираду ақлу ҳуш метавонанд ин ҳама марҳалаҳои такомули маънавию ахлоқиро пушти сар ва дарки ин ҳама асрору муаммо кунанд. Танҳо инсони шарифу созанда, хирадманду фозил ва боилму дониш қодир аст дар канори ин ҳама зебоӣ дунёи нав эҷод намояд.

Мардуми соҳибфарҳангу тамаддунофари тоҷик аз қадимулайём ба омӯзиши хираду илму дониш таваҷҷуҳи зиёд доштанд ва дар ҷодаи илму эҷод навовариҳои беназирро анҷом додаанд. Сиришту табиати мардуми мост, ки пайваста аз пайи таҳқиқу пажӯҳишҳои илмӣ бо шавқу завқи беандоза ҷидду ҷаҳд мекунанд ва дар ободии тамоми ҷаҳон саҳм мегузоранд. Машриқзаминро “гаҳвораи илм” хондаанд, ки дар он донишмандони тоҷик нақши бориз доштанд. Ҳанӯз дар аҳди Сомониён баробари адабиёту ҳунар илмҳои дақиқу табиатшиносӣ рушд карда буд ва осори донишмандони замон шуҳрати ҷаҳониро дошт. Бахусус, кашфиёту дастовардҳои Абӯрайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём ва дигар мутафаккирони тоҷик дар тӯли чандин аср аз ҷониби олимони тамоми дунё ба таври васеъ истифода шудаанд.

          Рушду нуму ва тараққиёти ҳар як давлат ба сатҳи илму маърифат ва донишу фазоили мардумаш вобастагӣ дорад. Маърифати баланди инсонӣ ҳар ҷое, ки бошад, он ҷо сулҳу субот ва ободиву озодагӣ ҳукмфармост. Аз ин рӯ, ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои донишҳои замонавӣ, мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, таълими фанҳои табиатшиносӣ, илмҳои риёзиву дақиқ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои боло бурдани сатҳи маърифати мардуми кишвар нақшаву чорабиниҳои басо судмандеро роҳандозӣ менамоянд. Эълон гардидани озмуни навбатии “Илм – фурӯғи маърифат” ва унвон гирифтани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм” намунаи барҷастаи ин икдом аст. Бузургон “илму донишро маънои ҳастӣ ва ҳаёти инсоният” хондаанд. Илму дониш, фарҳангу маданият ва хираду маърифат ин ҳама бо ҳам алоқамандии ногусастанӣ дошта, дар дарки тамоми воқеаҳои ҷаҳон, ҳаводиси мухталифи табиат ва асрори нуҳуфтаи олам нақши калидӣ мебозад.

Ахтари толеъ ба авҷи донишам дунбола зад,

Мулки маъниро дилам сохибқиронӣ мекунад.

 

Дастони пурэъҷози инсоният ва кашфиёту ихтироот аст, ки ҳаёту рӯзгори одамият рангу таровати тоза мегирад. Пешрафту рушди техникаву технологияи муосир фаъолияти инсонро осон ва ободии ҷаҳонро таъмин хоҳад кард. Аз ин рӯ, донишҷӯёни макотиби олии мамлакат пайваста саъй мекунанд, ки дар баробари омӯзиши илми назариявӣ, ҳамзамон дониши илмиву амалии судмандеро ба анҷом расонанд. Тиб муҳимтарин соҳаест, ки метавон гуфт, бе рушди он дигар соҳаҳои ҷомеа низ рушд нахоҳад кард. Ворисони Абӯалӣ ибни Сино ба амали гузаштагони сарфароз пайраванд ва саҳми хешро дар пешрафти он мегузоранд. Зеро тамоми дастоварду шукуфоӣ дар иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоии мардум дар заминаи амалияи илмӣ ва фазлу камоли дониш таҳким меёбад. Занону бонувони тоҷик баробари мардон барои пешрафту тараққиёт ва саодати кишвар кӯшишу азми зиёд ба харҷ дода, бо ҳисси баланди милливу ватандустӣ дар арсаи байналмилалӣ парчамбардори ватананд.

Илм бузургтарин маъво ва маъхазест,ки ҳаёт бо он пайваст аст. Бе илму дониш наметавон ба камолоти инсонӣ расид. Инсони комилро мебояд дар баробари мутолиаву аз худ кардани донишҳои назариявӣ, ҳамзамон онро амалӣ созад ва аз хеш самаре боқӣ гузорад:

Илме, ки дар он амал набошад,

Ҷуз арбадаву ҷадал набошад.

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад!

Бояд қайд кард, ки ҳамасола дар “Рӯзи илми тоҷик” кашфиёту таҳқиқоти олимону муҳаққиқон пешниҳод мешавад. Ин иқдом барои ҳар чӣ бештар ҷалб намудани олимону муҳаққиқони ҷавон имконияти мусоид фароҳам меоварад. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои пешрафти минбаъдаи таҳқиқоти бунёдиву амалӣ, баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии коркардҳои илмӣ, ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои судманд андешида мешавад.

Дар ин робита Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ фаъолияти назаррасе дорад. Имрӯз муҳаққиқони тоҷик пайваста саъй мекунанд, то кашфиёту таҳқиқот ва ихтирои наверо анҷом диҳанд, ки ҷавобгӯ ба сатҳи ҷаҳонӣ бошад ва ҳамзамон илми муосири тоҷикро муаррифӣ созад. Дар робита ба ин муносибатҳои байналмилалӣ ё шартномаҳои мустақими Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо марказҳои таҳқиқотии давлатҳои хориҷӣ тавсеа меёбанд ва барои татбиқи амалияҳои илмӣ шароиту имоконият ва муҳити фаррохтари фаъолиятро ба вуҷуд меорад.

Илму дониш на танҳо ба заковати инсон нерӯ мебахшад, инчунин дилхоҳ нафарро соҳибмаърифату соҳибмақом хоҳад кард. Дониш пирояи хирад, сармояи ҳунар, ганҷинаи тафаккур, махзану умеду орзу ва равшангари қалбҳост! Донишро зинату перояи инсон, меҳнатро шараф ва илмро тоҷи сари ҳунарҳо хондаанд! Маҳз хамин равшандилӣ ва ҳадафу орзуҳои волост, ки ҷавонони саодатмандро ба ҷидду ҷаҳд ва саодати зиндагӣ водор месозад! Зеро илм василаи беҳтаринест, барои такмили хирад, таҳкими ҷаҳонбинӣ, амалӣ гаштани орзуҳо, парвози хаёлу тахайюлоти баланд ва аз муаррифии ҳар як нафар ба шахсияти беназир ва дар ниҳоят расидан ба камоли одамият!

Ойҷонгул Давронова, мутахассиси шуъбаи

адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ                                   

 теги: