Муаррифӣ: Об, илм ва рушди устувор

Муаллифони ин китоби таҳқиқӣ  Раҳимӣ Ф, Муҳаббатов Х., Ниёзов А.С., Аброров Ҳ. мебошанд, ки соли 2018 дар нашриёти “Дониш” чоп шудааст.  Китоб, ки дар асоси таҳлил ва коркарди иттилооти азим доир ба  захоири обии Тоҷикистон – обҳои равон, кўлу обанборҳо ва пиряхҳо, инчунин натиҷагирии таҳқиқи олимони соҳаҳои мухталифи Академияи илмҳо таҳия шудааст, маълумоти умумии тозаеро таҷассум мекунад. Китоб дар баробари қимати илмӣ доштан дорои хусусиятҳои маълумотномавӣ ва илмӣ-оммавӣ буда, барои донишҷўён, аспирантону унвонҷўён ва доираи васеи мутахассисон пешкаш карда мешавад.

Дар боби Хулоса муаллифон менависанд:

             Ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба солҳои 2018-2028 эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор” ва аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид якдилона қабул шудани он, олимон, коршиносон ва роҳбарони сатҳи гуногуни мамлакатро водор менамояд,ки мазмуну муҳтавои ин ғояи басо муҳимми аҳамияти умумибашарӣ доштаро амиқ ва васеъ дарк намоянд, баҳри бемайлон иҷро шудани он устуворона қадам гузошта, чораю тадбирҳои ҳалли ин масъалаи бисёрпаҳлўро  ҷустуҷўй ва дарёфт намоянд, то ин ки ба ҳадафу мақсадҳои созанда ҳарчи зудтар дастдарёб кардем, бо ҳамин зиндагии осоиштаи мардуми мамлакатро таъмин намоем.

             Нақши об аз ҳама бештар барои обёрӣ, обшор намудани майдонҳои фарохи хушкзамин, гидроэнергетика, бо об таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, хоҷагии манзилу коммуналӣ, нақлиёт ва ғайра калон мебошад.

            Бо вуҷуди дорои захираи азими барфу пиряхҳо – сарчашмаи оби дарёҳо, кўлҳо будани Тоҷикистон,ки захираҳо дар ҳудуди мамлакат нобаробар ва бо дастрасии гуногун ҷойгир шудаанд.

            Манбаи асосии об ин боришот, барфҳо ва пиряхҳо мебошанд. Маҳз ба шарофати ин захираҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва қисман дар дигар мамлакатҳои ҳамсоя ҳавзаҳои дарёҳои Сир, Ому, Зарафшон ва чанд ҳавзаҳои бурунихориҷшаванда (Қашқадарё, Маркансу) ташаккул меёбанд.

           Дар баробари қимати муҳими хоҷагӣ доштани пиряхҳову дарёҳо, онҳо гоҳо ба табиати атроф ва ҳаёти осоиштаи одамон дар ҳавзаҳои алоҳидаи дарёҳо хатари ҷиддӣ пеш меоранд, тармаҳо фурў мерезанд, селҳои гуногун пайдо мешаванд, дарёҳо пуроб гашта аз маҷрои худ берун мебароянд ва боиси обхезӣ мегарданд.

           Як гурӯҳ пиряхҳои Тоҷикистон, аз қабили Хиросон, Дидал ва дигарон номи пиряхҳои муҳаррикро (набзонӣ, беқарор) гирифтаанд ва баъзан босуръат ба пеш хазида, боиси пайдоиши кўлҳои муваққатӣ ва ҳатто селу обхезӣ ва харобиҳои ҷиддӣ мегарданд.

          Дар китоб доир ба хусусиятҳои пиряхҳои Тоҷикистон маълумот дода, таъсири онҳо ба реҷаи ғизогирии дарёҳо равшан карда шуда, гиреҳҳо ва пиряхҳои калонтарини мамлакат дар алоҳидагӣ тавсиф, таҳаввулу таназзули онҳо, пиряхҳои муҳаррик ва истифодаи оқилонаи захираҳои пиряхҳо тавсеа шуданд.

          Баъзан пиряхҳои овезони баландкўҳҳо ҳангоми ба пеш хазидан аз боло канда шуда, ба поён афтида, ба пораҳои хурд тақсим мешаванд ва зери таъсири ҳарорати баланди ҳавои доманкўҳ бо суръат об мешаванд ва дар натиҷа обхезии пиряхиро ба амал меоранд. Хавфнокии ҷиддии ин ҳодиса дар он зоҳир мегарданд, ки ногаҳон ва ғайричашмдошт рух медиҳад, барои ҳамин ҳам боиси харобию вайрониҳои калон, нобуд шудани чорво, харобии киштзор ва вайронии иншоотҳои гидротехникӣ, ҳатто фавти одамон мегарданд. Баъзан пиряхҳои овезон канда шуда, ба болои кўлҳои дар зери кўҳбуда меафтанд, оби онҳоро ба берун ҷорӣ намуда, боиси селу обхезӣ мегарданд. Масалан, чунин ҳодиса моҳи июли соли 1978 дар мавзеи тагоби Пастифи деҳаи Фатмовути ноҳияи  Айнӣ рух дода, сарбанди канали Похутро хароб намуда буд. Моҳи июни соли 1982 дар тагоби деҳаи Роғи ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ чунин ҳодиса такрор шуда, боиси нобуд шудани подаи говон, рамаи бузу гўсфандон, харобии ҷўйборҳо ва марги одамон гардида буд.

         Оби барф, тармаҳо, фирнҳо ва пиряхҳои кўҳӣ аз ҷиҳати биологию химиявӣ тозаю беолоиш мебошанд. Баъзан оби ҳавзу кўлҳо ва дарёҳои ҷараёнашон суст ва микроорганизмҳо ва бактерияҳои зараровар орӣ нестанд.

          Агар дар шаҳрҳои калони мамлакат шаҳриён аз оби мутамарказ, тозаю аз ҷиҳати биологию химиявӣ пок истифода баранд, дар ноҳияҳои ҷудогонаи Тоҷикистон деҳотиён аз истифодаи оби ширин маҳдуд мебошанд, оби шўри ғайрисанитарию гигиениро истифода мебаранд, ки ин боиси касалию бемориҳои уфунӣ мегардад, фавти кўдакону калонсолон ба назар мерасанд. 15-20 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ аз чашмаҳои обашон шўр, талхмаза ва ё ширин истифода мебаранд, ки ба талаботи стандартҳои давлатӣ, санитарию гигиенӣ ва экологӣ ҷавобгўй нестанд. Боиси таассуф аст, ки ҳамагӣ 52% аҳолии Тоҷикистон аз оби тозаи нўшиданбоб бархурдоранд. Боқимондаи мардум аз оби ҷўйбору каналҳое, ки барои обёрӣ таъйин шудаанд, истеъмол мекунанд.

           Буридани ҷангалҳову поймол шудани марғзорҳои кўҳӣ ҷараёни биёбоншавиро дар кўҳҳо метезонад, ин ҳол боиси ба осонӣ шуста шудани хок, пайдоиши ҷарию обкандаҳо гардида, сабаби лойолудии рўду дарёҳо, паст шудани сифати об мегардад. Омили дигари оганандаи обҳо дар ҷумҳурӣ ин фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, истифодаи барзиёдатии нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо дар майдони кишти зироатҳои гуногун мебошанд. Сабаби тавассути об паҳн шудани беш аз 40% бемориҳои сироятӣ ҳам дар ҳамин аст. Аз ҷиҳати бактерологӣ ва химиявӣ тоза будани об саломатии одамон- қувваи асосии пешбарандаи асосии истеҳсолотро таъмин мекнад.

          Бо дарназардошти афзудани масоҳати заминҳои кишти зироатҳои обёришаванда ва обшор намудани пешкўҳу ҳамвориҳо, бо суръат афзудани саноати коркардабарой, сохтмони НБО – ҳо дар дарёҳои Вахш, Сир, Панҷ, Кофарниҳон, Зарафшон ва шохобҳои онҳо, сохтмонҳои гидротехникӣ рушди соҳаҳои дигари саноат, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва умуман, соҳаҳои хоҷагии халқ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талаб менамояд, ки захираҳои обҳои сатҳӣ, барфҳо ва пиряху дарёҳо ва кўлҳои мамлакат ҳаматарафа омўхта шуда, истифодаи оқилонаи онҳо, тағйироту дигаргуниҳои реҷаи гидрологии дарёҳо барои солҳои бардавом пешгўй карда шаванд, хусусиятҳои табиат, таҳаввул ва таназзули пиряхҳо дар раванди тағйирёбии иқлим дуруст баҳо дода шаванд, то рушди устувори мамлакат таъмин карда шавад.

         Паҳлўҳои зиёди дар китоб таҳқиқнашуда зиёданд, хонандагоне, ки дар раванди мутолиаи ин китоб ба ин ё он масъалаҳо бештар таваҷҷўҳ зоҳир намуданд, метавонанд тавассути адабиёти истифодашудаи дар анҷоми китоб овардашуда дониши худро амиқу мукаммал гардонанд.

         Сарфи назар аз ин, ҳавзаҳои алоҳидаи дарёҳо ҳанӯз ба дараҷаи кофӣ таҳқиқ нашудаанд, тавзеҳи амиқи худро наёфтаанд, масоили қонуниятҳои гидрологӣ, ташаккули пиряхҳо, кўлҳо, селу тармаҳо ва паҳншавии онҳо ба дараҷаи кофӣ омўхта нашудаанд. Аломатҳои морфометрии дарёҳои андозаашон хурду миёна, кўлҳо ва пиряхҳо носаҳеҳ ва ё тамоман тавсиф нашуда, аз ин хотир ба иқтидори иқтисодии аз онҳо зуҳурёбанда баҳодии кофӣ нашудааст.

            Ҷиҳати  дуруст ба роҳ мондани омўзиши илмии сарватҳои обӣ, аз қабили пиряхҳо, дарёҳо, кўлҳо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсиси факултети география мувофиқи мақсад мешуд. Дар ин сурат сарватҳои табиии мамлакат, пеш аз ҳама, сарватҳои обӣ мукаммалу ҳаматарафа таҳқиқ, роҳҳои истифодаи оқилонаи онҳо дуруст ҳаллу фасл хоҳад шуд. Ошкоро бояд қайд кард, ки таҳқиқи соҳаҳои мухталифи географии Тоҷикистон тақвияти ҷиддиро металабад.

           Сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат оид ба ҳифзи манбаъҳои об бевосита ба рушди соҳаҳои гуногуни илми обшиносӣ, аз қабили яхшиносӣ, дарёшиносӣ, кўлшиносӣ ва ғайра такони ҷиддӣ бахшид.

           Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» олимон ва мутахассисони соҳаро водор менамояд,ки мазмуну муҳтавои ин ғояи аҳамияти умумибашаридоштаро амиқ ва васеъ дарк намоянд то ба ҳадафу мақсадҳои созандаи он харҷи зудтар дастдарёб шаванд.

           Сарзамини Тоҷикистон дар қатори дигар сарватҳои табиӣ аз пиряхҳо, обҳои равони ошомиданӣ, чашмаҳои сарду гарми маъданӣ, кўлҳои хурду калон, аз ҷумла кўлҳои обу лойқаҳои шифобахшро дорост. Имрўз зарур аст, ки алалхусус кўлҳои лойқаашон давоӣ таҳқиқи комил шаванд,зеро ин зумра кўлҳо дар натиҷаи истифодаи тулонии худсарона, бесамар ва ғайриилмӣ заиф шуда, коҳиш ёфтаанд.

             Китоб барои мактабиёну муаллимон, донишҷўёну унвонҷўён, кормандони соҳаи ҳифзи табиату роҳбарони дастаҳои сайёҳӣ, ба нақшагирандагони рушди устувори мамлакат ва ҳамаи онҳое, ки ба донистани табиату сарватҳои табиии мамлакат мароқ доранд, муфид хоҳад буд. Онро инчунин ба сифати васоити таълимӣ дар шуъбаю факултетҳои географияи макотиби олии мамлакат низ метавон истифода бурд.

 Таҳияи Шарофат Мирзоева