Интишороти Китобхонаи миллӣ “Корномаи Ардашери Бобакон (Идома)
XV
Дар зода шудани Шопур аз духтари Ардавон ва огоҳ шудани Ардашер пас аз ҳафт сол ва ӯро шинохтани вай
Чун замони зодан фаро расид, ӯ писаре некӯ бизод. Ӯро Шопур ном ниҳод ва бипарвардаш, то ки ҳафтсолагӣ расид. Ардашер рӯзе ба нахчир шуд ва асп ба сӯи гӯри мода ронд, гӯри нар ба теғи Ардашер омад гури модаро раҳо карду хештан ба марг супурд. Ардашер он гӯр бигзошту ба сӯи бачаи гӯр афканд. Гӯри мода чун дид, ки савор асп ба бача афганд, омаду бачаро раҳо кард ва хештан ба марг супурд, Ардашер чун ин бидид, дар ҷой бимонд ва дилаш сӯхту аст бигардонд. Ба худ андешид, ки вой бар мардумон бод! Ин чаҳорпоёни гунг низ бо нодониву безабонии хеш бо ҳамдигар чунин меҳр баста, ҷони худ барои зану фарзанд супоранд. Ӯ он фарзандро, ки он зан дар шикам дошт, ба ёд овард ва ба пушти асп истоду ба бонги баланд бигирист. Сипоҳбадону бузургон ва озодагону шоҳзодагон чун ин бидиданд, дар шигифт монданд ва ҳама ба пеши мӯбади мӯбадон шуданд . Гуфтанд, ки ин чӣ буда, ки бар тани Ардашер афсурдагиву ранҷу андӯҳ расида ва чаро бигиряд? Мӯбадон мӯбаду эронсипоҳбад ва пуштибонон солору меҳтари дабирон ва андарзбади шоҳзодагон дар дарбор ба пеши Ардашер омаданд ва ба рӯй афтоданд, саҷда бурданду гуфтанд, ки ҷовидон бодо! Бад ин ҳол хештан андӯҳгин ва ранҷу ғам ба дил кардан мефармоед. Агар коре пеш омада, ки мардумон чора кардан натавонанд, моро огоҳ кун, то ҷону тан ва ганҷу дороиву зану фарзанди хеш дорем. Магар он газандест, ки чора кардан нашояд, хештан ва мо – мардумони кишварро андӯҳгин кардан мефармоед. Ардашер дар посух гуфт, ки маро то кунун бадбахтие пеш наомада буд, ба ҷуз имрӯз, ки дар дашт аз чаҳорпои гунгу ногӯёву нодон, ки худ бад-ин ҳол дидам, он зану он фарзандро бегуноҳ дар шиками модар то кунун дар ёд буд. Аз куштани онон дар андеша ва пушаймонам, ки ба ин ҷон гуноҳи гарон шояд буда бошад.
Мубади мӯбадон чун дид, ки Ардашер аз он кор ба пушаймонӣ омад, ба рӯй афтод ва гуфт, ки ҷовидон бодо! Ҷазои гунаҳгорону сазоворон ба марг ва ононе, ки аз фармони шоҳ сар бипечанд, бифармоед, ба ман кунанд. Ардашер гуфт, ки чаро чунин гӯӣ? Туро гуноҳ чист? Мӯбадон мӯбад гуфт, ки он зану он фарзандро, ки шумо фармудед то бикушам, ман накуштам. Ӯ писаре зод, ки аз ҳар навзоду фарзандони шоҳон некӯтару шоистатар. Ардашер гуфт, ки чӣ мегӯӣ? Мубади мӯбадон гуфт, ки ҷовидон бодо! Чунин аст, чунон ки гуфтам. Ардашер фармуд, то даҳони мубади мӯбадон пур аз ёқути сурху марвориди шоҳвору гуҳар кунанд.
Андар замон он кас, ки Шопурро ба он ҷой овард, омад. Ардашер чун Шопур фарзанди хешро дид, ба рӯй афтод ва ба Ҳурмузду амаҳраспандон ва фарри каёну оташҳои шоҳи пирӯзгар бас сипос ба ҷой овард ва гуфт, ки он чӣ ба ман пеш омад, ба ҳеҷ шоҳу соҳибкишваре наомада. Пеш аз ҳазораи Сушянс растохезу ҷаҳони ҷовидонӣ буда, ки маро чунин фарзанде некӯ аз мурдагон боз омад. Пас фармуд, то дар он ҷой шаҳристонеро, ки Раҷ Шопур хонанд, бунёд карданд ва даҳ оташи Вараҳрон дар он ҷой нишонд ва бас ганҷу дороӣ ба даргоҳи оташкадаҳои шоҳ фиристод ва фармуд, ки кирдори нек ба ҷо оранд. Пас Ардашер ба атрофу акноф шуд ва корзору куштори зиёд бо шаҳриёрони Эроншаҳр кард. Ӯ ҳамвора вилоётеро ором мекард, ки вилоёте дигар саркашиву нофармони мекард.
XVI
Дар пайғом фиристодани Ардашер ба кеди ҳинду дар донистани анҷоми подшоҳии хеш ва посухи ӯ
Бад – он сабаб дар андӯҳ ва андеша буд, ки магар хости офаридагор набуда, ки Эроншаҳрро ба шоҳии ягона шояд овардан. Ва ӯ андешид, ки инро аз доноёну фарзонагон ва кедону пешгӯёну ғайбгӯён бибояд пурсид. Агар чунин будӣ, ки шоҳии Эроншаҳр ба дасти мо нашояд тасхир кардан, пас бурдбод ва қонеъ бояд буд ва ба ин корзору хунрезӣ анҷом бояд дод ва худро аз ин ранҷу заҳмат осуда бояд сохт. Ӯ мардеро аз наздикони хеш пеши кеди ҳиндуван фиристод, то дар оростани Эроншаҳр ба шоҳии ягона аз вай бипурсад. Чун фиристодаи Ардашер ба пеши кеди ҳиндувон расид, кед чун он мардро дид, пеш аз он ки он мард сухан гӯяд, вай гуфт, ки туро шоҳи порсиён ба ин кор фиристод, то бипурс, ки “шодии Эроншаҳр ба шоҳии ягона ба ман расад не?” Акнун боз гарду бирав ва посухи ман ба вай бигӯӣ,ки ин шоҳи аз ду нажод-яке аз ту ва яке аз Меҳраки Анӯшакзодон аст, ки таври дигар нашояд оростан. Ин мард ба пеши Ардашер пас омад ва аз дастури кеди ҳинду бозгуфт, ки Ардашер огоҳ шуд. Ардашер чун он сухан бишнид, гуфт, ки он рӯз мабод, ки аз нажоди Меҳраки бадравон касе ба Эроншаҳр комрон бувад. Чунки Меҳраки бадгуҳару баднажод душмани ман буд ва фарзандони ӯ душмани фарзандони мананд. Агар ба нерумандӣ расанд, кини падар хоҳанд ва ба фарзандони ман зиён кунанд. Ардашер аз рӯи хашму кин ба ҷойгоҳи Меҳрак рафт ва фармуд, то ҳама фарзандони Меҳракро бикушанд, ки куштанд. Духтарин Меҳракро, ки сесола буд, доягон пинҳон ба берун оварданд ва ба марде барзгар супурданд, то бипарвард ва дӯсташ дошт. Барзгар чунин кард ва духтарро ба некӯи бипарвард. Соле чанд гузашт духтар ба синни булуғ расид, дар танумандӣ ва ҳусну чобукиву зӯру неру чунон буд, ки аз ҳама занон беҳтару болотар.
(Давом дорад)
“Корномаи Ардашери Бобакон” соли 2014 дар ҷилди аввали “Мероси хатии Бостон” нашр шудааст. Ин китобро Китобхонаи миллӣ аз силсилаи “Тоҷнома”, Тоҷикон дар масири тамаддун” чоп карда буд. Шакли электронии китоб инҷост: “МЕРОСИ ХАТИИ БОСТОН”
Таҳияи мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”
Шаҳноза Орипова