Интишороти Китобхонаи миллӣ “Корномаи Ардашери Бобакон (Поён)

Корномаи Ардашери БобаконXVII

Дар нахчир шудани Шопур ва дидани духтари Меӯраки Анӯшакзодон ва ӯро ба занӣ гирифтани вай

Сарнавишт ва гардиши замонро рӯзе Шопури Ардашерон ба он сарзамин омад ва ба нахчир бо нуҳ савор ба деҳе омад, ки он духтар он ҷо буд. Сарнавиштро духтар ба сари чоҳ буду об медод. Барзгар ба коре рафта буд. Духтар чун Шопуру саворонро дид, аз ҷой  бархост ва саҷда бурду гуфт, ки хуш омадед! Дуруд бод! Бифармоед, биншинед! Чӣ ҷое хубу сояи дарахтон хунук  ва ҳаво гарм. То ман об кашам, худ ва сутурон об хӯред. Шопур, ки аз  хастагиву гуруснагиву ташнагӣ дар хашм буд, ба духтар гуфт, ки эй фоҳишаи нопок, маро оби ту ба кор нест. Духтар озурда шуду ба гӯшае биншаст. Шопур ба саворон гуфт, ки сатил ба чоҳ афканеду об гиред, то дуо кунем ва сутуронро об диҳед. Саворон  чунин карданд, сатил ба чоҳ афканданд. Аз бузургии сатил, ки аз  об пур шуд, боло кашида натавонистанд. Духтар аз гӯшае пайваста нигоҳ мекард. Чун Шопур дид, ки саворон сатилро аз чоҳ боло кашида натавонистанд, дар хашм шуд ва ба сари чоҳ рафту саворонро дашном доду гуфт, ки шуморо нанг бод, ки аз зане нотавонтару беҳунартаред! Ӯ  банд аз дасти саворон ситонд ва бо зӯр ба банд сатил аз чоҳ боло кашид. Ба зӯру ҳунару неруи Шопур духтар тааҷҷуб кард.

Чун духтар дид, ки вай ба зӯру ҳунару неруи хеш сатил аз чоҳ боло кашид, шитобон ба пеши Шопур омад, ба рӯй афтод ва офарин  карду гуфт, ки ҷовидон бодо, Шопури Ардашерон, беҳтарини мардон! Шопур бихандиду гуфт, ки ту чӣ гуна донистӣ, ки ман Шопурам? Духтр гуфт, ки ман аз бисёр кас шунидаам, ки дар Эроншаҳр саворе нест ба зӯру неру ва танумандиву шукӯҳ ва диданиву чобукӣ чун ту- Шопури Ардашерон. Шопур ба духтар гуфт, ки рост бигӯй, ки ту аз фарзандони кӣ ҳастӣ? Вай гуфт, ки ман  духтари ин барзгарам, ки дар ин деҳ мезиста.

Шопур гуфт, ки рост нагӯи, чун ки духтари барзгаронро ин ҳунару нерӯ ва диданиву накӯие, ки турост набувад. Акнун то рост нагӯӣ, ҳамдостон набошем. Духтар гуфт, ки агар ба тану ҷонам зиён макунӣ, рост бигӯям.

Шопур гуфт, ки зинҳор матарс! Духтар гуфт, ки ман духтари Меҳраки Анӯшакзодонам ва аз бими Ардашер ба ин ҷой овардандам. Аз ҳафт фарзанди Меҳрак ҷуз ман кас намондааст.

Шопур барзгарро ба пеш хонд ва духтарро ба занӣ пазируфт ва ҳамон шаб бо вай буд.

XIII

Дар зода шудани Ҳурмузди Шопурон аз духтари Меҳрак ва огоҳ шудани Ардашер аз он

Сарнавиштро ҳамон шаб аз Ҳурмузди Шопурон обистан шуд. Шопур духтарро дӯст ва гиромӣ дошт. Ва ӯ Ҳурмузди Шопуронро бизод. Шопур Ҳурмуздро то синни ҳафтсолагӣ аз падар ниҳон  дошт.

Рӯзе Ҳурмузд бо писарони дарборини бо писарони дарбориёни Ардашер ба майдонӣ омад ва чавгонбозӣ кард. Ардашер бо мӯбади мӯбадону артишдорон солор ва басе озодагону бузургон он ҷо нишаста, бо эшон якҷо тамошо мекард. Ҳурмузд аз ҳама он ҷавонон дар аспдавонӣ чираву далер буд. Чунин шуд, ки яке аз ҷавонон чавгон ба гӯй зад ва гӯй ба канори Ардашер афтод. Ардашер чизе гӯё пай набурд . Ҷавонон хомӯш монданд ва аз шукӯҳи Ардашер касе ёрои ба пеш рафтан накард. Ҳурмузд бо як ҷасорат рафту гӯй бигирифт ва далерона онро зад ва бонг кард. Ардашер пурсид, ки ин писар кист? Эшон гуфтанд, ки ҷовидон бодо! Мо ин писарро надонем. Ардашер кас фиристод ва Ҳурмуздро ба  пеш хосту гуфт, ки ту писари кӣ ҳастӣ? Ҳурмузд гуфт, ки ман писари Шопурам. Ӯ андар замон кас фиристод ва Шопурро хосту гуфт, ки ин писари кист? Шопур зинҳор хост. Ардашер бихандид ва ба Шопур раҳм кард. Шопур гуфт, ки ҷовидон  бодо! Ин писари ман аст ва ман дар ин чанд сол аз Шумо пинҳон доштам. Ардашер гуфт, ки эй нодон, чаро ҳафт сол чунин некӯ ба ниҳон доштӣ? Ҳурмуздро гиромӣ дошт ва басе ҳадяву либос ба вай дод ва сипоси Яздон ба ҷой  овард.  Ӯ  гуфт, ки ин ҳамоно  он аст, ки кеди ҳинду гуфта буд.

Пас аз он ки Ҳурмузд ба подшоҳӣ расид, ҳамоно Эроншаҳрро  боз  ба шоҳии ягона тавонист овардан.

Ҳурмузд фармонравоёни атрофро ба фармонбардории хеш овард. Аз Руму Ҳинд суду боҷ хост ва Эроншаҳрро оростатару пиростатар ва нерӯмандтару номитар кард. Қайсари Руму шоҳи Кобулу Ҳинд ва хоқони турку Ҳинд ва хоқони турку шаҳриёрони атроф ба дурудҳои ширин ба дарбор омаданд.

Бифарҷомид ба дуруду шодӣ ва ромиш. Ҷовидон бодо, Ардашери шоҳаншоҳи Бобакон ва Шопури шоҳаншоҳи Ардашерону  Ҳурмузди шоҳаншоҳи Шопурон! Эдун бод!

Ҷовидон бод, Рустами Миҳробон, ки ин нусха навишта буд! Эдун бод!

Ба соли 1054 аз шоҳ Яздигурд. Хуб фарҷом бод! Эдун бод!

ЗАМИМА. Ва пас бар тахти Ардавон нишасту дод орост ва меҳтарону кеҳони сипоҳу мӯбади мӯбадонро ба пеши тахт хост ва фармуд, ки ман дар ин подшоҳии бузург, ки Яздон ба ман дода, некӣ кунаму дод варзам ва дини беҳи пок(ро) биороям ва ҷаҳониён(ро) чун фарзандон бипарварам. Ва сипоси офаридагори тавонову афзунандаву нигаҳбон, ки ҳама офариниш бидод ва солории ҳафт кишвар ба ман супурд ва чунон ки сазад, арзонӣ кард.

Ва шумо, ки хушнудед ва ба ман некиву бегумонӣ хоҳед, ман низ ба шумо некӣ хоҳам ва дар дод кушам, ки сову боҷ аз даҳ як аз шумо гирам. Ва аз он дороӣ сипоҳ ороям, то посдории ҷаҳониён кунад. Ва аз сад дирам шаш дирам аз ҳама гуна равғанҳо (гирам). Бад-ин гуна доду адл кунам ва харидану фурӯхт, ки бозоргони(ст), накунам. Ва аз Яздон сипосгузорам, ки маро ин шаҳриёрӣ бидод. Ва кирдори нек кунаму аз пиндори баду гуфтори баду кирдори бад беш бипарҳезам, то ба оромиш шоду порсо ва пирӯзгару комраво бошам.

Ҷовидон бод шоҳаншоҳ Ардашери Бобакон, ки ин андарз бигуфт! Анҷом бахшид!

(ПОЁН)

“Корномаи Ардашери Бобакон” соли 2014 дар ҷилди аввали Мероси хатии Бостон нашр шудааст. Ин китобро Китобхонаи миллӣ аз силсилаи Тоҷнома, Тоҷикон дар масири тамаддун чоп карда буд. Шакли электронии китоб инҷост:  МЕРОСИ ХАТИИ БОСТОН

Таҳияи мутахассиси Маркази Тоҷикшиносӣ”
Шаҳноза Орипова.