Интизори чопи «Ал-Феҳрист»-и Ибни Надим
Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон тибқи нақшаеки аз соли 2022 то 2027 пешбинӣ гардидааст, бояд беш аз 50 ҷилд китобро аз силсилаи «Тоҷнома» ба табъ расонанд. Яке аз китобҳои арзишманди ин силсила бо номи «Ал-Феҳрист»-и Ибни Надим мебошад, ки бо ибтикори кормандони маркази «Тоҷикшиносӣ» дар ҳамкорӣ бо донишмандони маъруфи кишварамон доктори илмҳои филологӣ-профессор донандаи хуби забонҳои форсӣ ва арабӣ Низомиддин Зоҳидӣ ва доктори илмҳои филологӣ Насимҷон Ҳамробоев аз хати форсӣ ба тоҷикӣ баргардон ва бо шарҳу тафсири муносиб рўйи чоп хоҳад омад.
Аз мундариҷа ва мўҳтавои шоҳкори мазкур пай бурдан мумкин аст, ки ин донишнома худ як китобхонаест дар китоби феҳристе аз китобҳои милати Арабу Аҷам ва сайри навгониҳои илмию адабӣ дар олами ислом. Китоби «Ал-Феҳрист» натанҳо донишномаест, ки таъриху фарҳанг, адабиёту навгониҳоро аз даврони пеш аз исломӣ то асри муаллиф ба равишу усули нав тақсим мекунад, балки ҷанбаи китобшиносӣ низ дошта, феҳристи ҳамаи асарҳои таълифшуда ба забони арабӣ оварда шудааст.
Асари мазкур хело устодона таълиф ва табақабандӣ шуда, аз пайдоиши забону хат, қаламу варақ оғоз мегардад ва мавзуоти бисёрҷабҳаи адабиётшиносӣ ва илмҳои инсоншиносиро дарбар мегирад. Ин манбаъи муътамад аз даҳ мақола ва 33 фан, аз ҷумла китобу хатҳои исломӣ, яҳудиён, масеҳиён, навъҳои забонҳо, насабҳои муҷассамаҳое, ки арабҳо пеш аз ислом онҳоро парастиш мекарданд, шеъру шоирӣ, сухану суханварон, фиқҳу фақеҳон ва муҳаддисон, тарҷумаи фалсафаву улуми қадим, динҳои қадим ва кимиё иборат аст.
Аз қавли муаллиф маълум мегардад, ки ў дар аксар ҳолат мавод ё худ маълумоташро аз нусхаҳои дастхати муаллиф ё шахси мавриди эътимод ба даст оварда (3, 271) ба монанди он ишора менамояд ва дар камтарин ҳолат манбаъҳо матолибашро зикр накардааст. Ў аз сарчашмаҳои мухталифе, чун Ибни Ҳоҷиби Нўъмонӣ (3,277), «Китоб-ул-варақа», (2,271), «Китоб-ул-вузаро»-и Ҷаҳшиёрӣ (3,21) истифода намуда, усули ҷолиберо дар муаррифии манобеъ истифода мебарад. Масалан, ҷое бидуни зикри номи асар менависад ба хати Абулҳасан ибни Санон хондам» (3,357), ё ҷои дигар ақида ё диди худро дар бораи шахсият ё қавли аз ў овардааш маълум менамояд: «Каъб, ки ман аз гуфтаи ў безорӣ ҷўям» (3, 8). Гузашта аз ин дар баробари овардани маълумот дар бораи ашхоси маъруфи таърихӣ номи китобҳои онҳо низ ба пуррагӣ мулҳақ карда мешавад ва ҷое, ки муаллиф аз он китоб хабар надошт ё номи асарро дар хотир надошт, се нуқта гузошта мегўяд, ки «ин китобҳо аз ӯст”. Ин амал худ гувоҳ бар он аст, ки муаллиф шахсан ин китобро надоштааст ё маълумот аз хотираи ў ҳазф шудааст, чун ин ҳодиса дар матн бисёр ба назар мерасад.
Бояд таъкид намуд ки китоби «ал-Феҳрист» манбаъи арзишманде барои пажўҳиши навгониҳои тарҷума ба ҳисоб рафта, иттилооти овардаи муаллиф, аз осори насли гузашта бартарӣ дорад.
Дар ҳоли аз хати форсӣ ба тоҷикӣ баргардон ва бо тавзеҳоти замони муосир рўйи чоп овардани китоби мазкур як таҳаввулоти наве дар ошноӣ пайдо намудан ва дастрасӣ ба манбаҳои таърихӣ барои насли наврас ва хонандагон ба амал меояд, ки барои рушди минбаъда ва пешрафти илми муосир кумак хоҳад намуд.
Хусрав Гадоев,
Мутахассиси пешбари Маркази «Тоҷикшиносӣ