Муаррифӣ: Ҳоҷӣ Айниддин Гадозода. “Қомусномаи  Кавн-Айн”

Китоб ба тариқи энсиклопедия навишта шуда, он аз таърихи халқи тоҷик,  аз таърихи ноҳияи Темурмалик (собиқ ноҳияи Қизилмазор, Совет ва Кангурт), хулоса аз ҳаёт ва фаъолияти фарзандони барўманди Тоҷикистон, ходимони сиёсӣ ва давлатӣ, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, собиқадорони меҳнату ҷанг, олимон, омўзгорон, шоирон, заҳматкашон, ҳунармандон, варзишгарон, топономикаи маҳалҳо, алалхусус аз дастовардҳои бузурги мардуми ноҳия, вилояту ҷумҳурӣ ба қадри зарурӣ маълумот медиҳад.

         Нависандаи энсиклопедист, солноманигор, муҳаққиқ, рўзноманигор Ҳоҷӣ Айниддин Гадозода китоби хешро «Қомусномаи Кавн-Айн» номгузорӣ карда, онро ба шакли тартиби  алифбою луғат мураттаб сохтааст. Маънои маҷозии китоб ду ҷаҳон, ду дунё, олам ҳастӣ ва охиратро ба эътибор гирифта, мақсад ном ба ёдгор гузоштан аст. Он воқеияти пурракунии силсилакитобҳои пештараю номи муаллиф, ҳамчун китоби ягона ва таърихи ягонаи фарҳангии ноҳияи Темурмалик маҳсуб меёбад.

Таҳияи Шарофат Мирзоева.