Иоҳан Ҳёте ва Ҳофиз

 Дигар ҳеч шаке намонда, ки бузургтарин донишмандони  майдони адаби Ғарб шефтаи каломи шарқиён буданд. Мавлонову Ҳофизу Саъдиву даҳҳо дигар абармардони шеъру шоирӣ таваҷҷуҳи андешамандони олами Ғарбро ба худ кашидаву ошиқи Шарқ кардаанд. Яке аз ин шефатагону ошиқон Иоҳан Ҳётеи олмонӣ буд, ки як дафтари комили назмашро ба Шарқ бахшидаву аз ин дафтар бахши басо азими он ишқи Ҳофизи Шерозист. Устод Лоиқ Шералӣ соли 1970 як силсила аз ин шеърҳоро тарҷума ва дар маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” чоп карда буд, ки ҳоло аз бойгонии Китобхонаи миллӣ онро дар таҳияи ҳамкорамон Малика Абдуллоева пешкаш мекунем.

 Ҳ И Ҷ Р А Т

 Шуд шимолу ҷануб вайрона,

Мулки мағриб гашт бесомон.

Бояд акнун ба Шарқ ҳиҷрат

                                       кард-

Кишвари ишқу шеъру паймона.

В-аз насимаш, ки чун дами Исост,

Бар тани мурда ёбӣ аз нав ҷон.

Рав ба он ҷой  – мулки

                                пайғамбар,

Хираду нур чашмаҳо дорад.

Марди хокӣ зи ғояти дониш

Баҳси андеша  бо Худо дорад.

Он, ки дар ҷабҳаи хирадмандиш

Нури ғайби худо ҷило дорад.

Рав ба он ҷо, ки бар ниёгонаш

Ҷумларо ҳаст иззату имон;

Ростиро фарохмайдоне,

Бастароҳе ба ҳилаю бӯҳтон.

Шеър дорад таҷаддуди ҷовид,

Баски з-аввал шифоӣ будаст он.

Бар чарогоҳ рав, шубонӣ кун,

Пои сабзи чанор шав гоҳе.

Корвоне бубар зи регистон,

Бораш аз мушку қаҳваю шоҳӣ.

Аз биёбон бераҳу тафбод,

Гар гузар созӣ гоҳу бегоҳе.

Ҳар куҷо роҳ пурнаҳиб ояд,

Зуд оғоз кун ғазалхонӣ,

То тавонӣ суруди Ҳофиз хон,

Аз ҳама бим то амон монӣ.;

То ҳама ахтарон бо рақс орӣ,

То ҳама раҳзанон гурезонӣ.

Ғазали Ҳофизи лисонулғайб

Боз бархон ба базми маҳрӯён,

К-ӯ ба зону фитода мебӯсид

Аз лабони чу ёқути рахшон.

К-ӯ ҳаме бо таровиши табъаш,

Гарм медошт маҷлиси ҳурон.

Дур, ҳосид, дур, эй бадгӯй!

Баски ин ҷост маскани шоир.

Баски ҳар шеъри болдори ӯ,

Меравад то биҳишт бетаъхир,

Мезанад панҷа бар дари ҷаннат,

То биёбад ҳаёти беохир!

           Б Е П О Ё Н

 

Ҳофиз, ту мисоли ҷовидонӣ,

Чун умри абад надорӣ поён.

Ҳар як ғазалу чакомаи ту,

Ҳар нақши сарири хомаи ту,

Вобаста фақат ба хеш бошад,

Чун чанбари осмони гардон.

Сарчашмаи умри лоязолӣ

Шеъри ту мисоли оби ҳайвон.

Лабҳот ту баҳри бӯса бурдан,

Ҳам аз лаби ёр бода хӯрдан.

Табъи ту барои хуш сурудан,

Ақли ту паи гиреҳ кушудан,

Ⱪалби  ту барои  меҳрубонист,

Бар шоҳиди маст армуғонест.

Бигзор фурӯ равад ҷаҳоне,

Ман боки шикасти он надорам.

Ҳоҳам, ки  миёни шодии ғам,

Ҳудро чу бародарат шуморам.

Ҳофиз, ману ту чу тавъамонем.

Ҳамқисмати рӯзгори фонӣ.

Гар ҳамдилу ҳамдами ту бошам,

Он аст ҳаёту шодмонӣ!

Эй шеър!

Ту лек дар амон бош,

Такрор машав, ки ҷовидон бош.

Ту дер зи мою пиртар ҳам,

Ҳам дер бимон зи мо дар  олам!

           Ф А Т В О

 

Чеҳраи шоиронаи Ҳофиз

Бар дили кас ҳақиқат ангезад,

Нашиносад, вале шариатро,

Аз гуноҳу хато напарҳезад.

То ки бошем муъмини комил,

Фарқ созем нӯшро аз неш, –

Бояд умре нишот бигзинем,

Нашавем аз ғаму алам дилреш.

Оташи бодаро бияфрӯзем,

Тухми дарду алам дар он сӯзем,

Рохи шодию хайрият ин аст,

Ҳам шариат ва охират ин аст.

Инчунин мефиристад Эбусуд[1]

Он чӣ Ҳофиз ҳамеша мефармуд.

[1] Эбусуд-муфтии машҳури Ⱪустантания. Аз ӯ мӯъминон пурсида буданд, ки хондани ашъори Ҳофиз аз рӯи шариат равост ё на.

БАРРАСӢ АЗ ҲОФИЗ

 (Лашкаргоҳе дар канори Фурот)

Маҷӯ номи баланд аз корзорон,

Ту, эй зебоҷавони беғаму доғ!

Марав дар ҷанги хунрезӣ ба майдон

Ⱪатори размхоҳони Ⱪаробоғ.

Агарчи марг раҳ н-орад ба сӯят,

Ҳам Азроил ба қасди ту наёрад,

Чу андар ҷанг бинад ҳусни рӯят,

Зи баҳри куштанат озарм дорад;

Вале тарсам, ки байни корзорон,

Равад барбод ҳусни бемисолат –

Ҳама шарму ҳаёву нозу  ҷавлон,

Сафои пайкари чун навниҳолат.

***   ***   ***

Шабе  бераҳму бепарво

Бирафт аз назди ман Лайло.

Намудам илтиҷо: «Сабре,

Чаро рафтӣ, чаро, ҷоно?»

«Ту пирӣ, ман ҷавон»-гуфто.

Ҷавоби таъни ӯ гуфтам:

«Чавониям забун гашта.

Замоне мушк буд мӯям,

Кунун кофургун гашта».

Табассум карда бепарво

Ҷавобам дод пас Лайло,

Ки мушки судаю анбар

Насиби ошиқон будаст.

Валекин кофуру заъфар

Писанди мурдагон будаст…

Тарҷумаи Лоиқ

Аз маҷаллаи “Занони Тоҷикистон”, 1970, №8.

Таҳияи Малика АБДУЛЛОЕВА, шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.