Истиқлол ва шоир. Тозатарин шеъри шоирон дар васфи Истиқлол

Тоҷи шараф андешаи Истиқлол аст,

Андешаи ҳақ решаи Истиқлол аст.

Соҳибватане, ки бо ҷаҳон сарбасар аст,

Шерест, ки аз бешаи Истиқлол аст.

Рустами Ваҳҳоб

ИСТИҚЛОЛ ЧИСТ?

 Чун ҳамапурсӣ, ки истиқлол чист?

Гӯямат: – медонӣ ин иқбол чист!

Бахти воло ҳасту толеъи баланд,

Орзуи рафтагон, эй арҷманд.

Балки истиқлол ин озодӣ аст,

Пурдиливу хуррамиву шодӣ аст.

Дар фазо озод болу пар задан,

Дар замин тоҷи за(р)рин бар сар задан.

Сарбаландиву ғуруру Ифтихор,

Дар миёни халқи олам эътибор!

Аҳлидди Ҳисорӣ

 

ИСТИҚЛОЛ

Эй матлаи Меҳри ховарам, Истиқлол,

Эй мазҳари ишқу боварам, Истиқлол.

Бар олами зинда будану анбудан,

Бикшода ба рӯ, туӣ дарам, Истиқлол.

Фарри Ватанам зи нури истиқлол аст,

Нерӯи танам зи зӯри истиқлол аст.

Саршор дилу ҷаҳону ҷонам доим

Аз замзамаи сурури истиқлол аст.

Хуршеди сафои миллат Истиқлол аст,

Уммеди бақои милллат Истиқлол аст.

Моро бувад арҷу обрӯ дар дунё,

То обу ҳавои миллат Истиқлол аст.

Озодии мову ман зи Истиқлол аст,

Ободии ин Ватан зи Истиқлол аст.

Дар мазраи ишқ шоири миллатро

Бишкуфта гули сухан зи Истиқлол аст.

Осудагиву шодӣ зи Истиқлол аст,

Озодагӣ, озодӣ зи Истиқлол аст,

Сар то сари кишвари азизи моро

Шодобиву ободӣ зи Истиқлол аст

Фарзон Назрӣ

 

ИСТИҚЛОЛ

Сарзамини вафост Истиқлол,

Давлати бебаҳост Истиқлол.

Чашмае ҳаст пур зи оби зулол,

Созу савту навост Истиқлол.

Неъмате беҳ аз он намебошад

Дилкашу дилрабост Истиқлол.

Чашми дилро ҳамекунад равшан,

Меҳру Моҳи самост Истиқлол.

Дардҳоро зи сина биздояд,

Дарди дилро давост Истиқлол.

Нозам аз он ки соҳиби мулкам,

Баҳри ман кимиёст Истиқлол.

Бе Ватан ман нафас намегирам,

Ҳамчу обу ҳавост Истиқлол.

Исмоил Зарифӣ

 

СУРУДИ ИСТИҚЛОЛ

 

Ба бахти миллати соҳибфазилат,

Ба поси ҳар ваҷаб хоки биҳиштӣ

Ту гӯйӣ, ин замон аз умқи таърих,

Ба гӯш ояд суруди зардуҳиштӣ:

«Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!

Ҳумоюн толиъу иқболи тоҷик!»

Расад аз осмон борони раҳмат,

Ғубори яъсу навмедӣ бишӯяд.

Фалак болад ба бахти мо дигар бор,

Малак моро муборакбод гӯяд:

«Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!

Ҳумоюн толиъу иқболи тоҷик!»

Ҳумои бахту пирӯзию давлат,

Шавад дар осмони мо парафшон.

Паёми мардуми озода орад

– Паёми Оли Сосон, Оли Сомон:

«Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!

Ҳумоюн толиъу иқболи тоҷик!»

Суруди дилраси “Оҳуи кӯҳӣ…”

Ба дашти дил танинандоз гардад.

Забони модарии ноби моро,

Ҷавонии дигар оғоз гардад:

«Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!

Ҳумоюн толиъу иқболи тоҷик!»

Фурӯғи нав, шукӯҳи тоза ёбад,

Зи Истиқлол даври рӯзгорон.

Садо хезад, садо аз Тоқи Кисро,

Садо аз корзори Сарбадорон:

«Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!

Ҳумоюн толиъу иқболи тоҷик!»

Ба базми миллати деринафарҳанг,

Ба юмни толиъу иқболи масъуд,

Бихонад дар гулободи Душанбе

Равони Рӯдакӣ бо чангу бо руд:

«Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!

Ҳумоюн толиъу иқболи тоҷик!»

Суруди «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён»-аш,

Сурури тоза ангезад ба олам.

Навои чангу лаҳни дилпазираш,

Дигар овоза ангезад ба олам:

«Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!

Ҳумоюн толиъу иқболи тоҷик!»

Равони поки Мавлонову Сино,

Кушояд пар ба сӯйи каҳкашонҳо.

Ҳакими Тӯс бо таҳсину тамҷид,

Бигӯяд дар хилоли достонҳо:

«Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!

Ҳумоюн толиъу иқболи тоҷик!»

Дар ин гулшан дигар ҷое намонад

Асар аз ҷавру аз бедоди айём.

Кашад сар аз замин то авҷи афлок,

Танини нӯшбоди ҷоми Хайём:

«Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!

Ҳумоюн толиъу иқболи тоҷик!»

Бинозад, аз шукӯҳи мо, бинозад,

Равони Ҳофизу Саъдӣ дигар бор.

Канори Оби Рукнободи ҷаннат,

Бихонад бо ҳамон лаҳни шакарбор:

«Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!

Ҳумоюн толиъу иқболи тоҷик!»

Ба гулбоғи Душанбе кӯч бандад,

Равони Аҳмади махдуми Дониш.

Раҳо гардад, раҳо аз банди озор,

Ба боли раҳмату лутфи навозиш:

«Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!

Ҳумоюн толиъу иқболи тоҷик!»

Шавад аз ворисони хеш хушнуд

Равони Айнии соҳибдили мо,

Биболад руҳи ӯ аз ин саодат,

Бихонад бо фараҳ дар маҳфили мо:

«Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!

Ҳумоюн толиъу иқболи тоҷик!»

Ғафуров шаҳкитоби “Тоҷикон”-ро,

Ба расми армуғон манзур созад.

Нидо аз боғҳои сабзи мину

Нидо аз дурҳои дур созад:

«Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!

Ҳумоюн толиъу иқболи тоҷик!»

Дили пуршӯри Турсунзодаи мо,

Ба шӯр ояд, зи нав бар ҷӯш ояд.

Ҳамовои садои дилнишинаш,

Садои Осиё бар гӯш ояд:

«Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!

Ҳумоюн толиъу иқболи тоҷик!»

Сафо бахшад, зиё бахшад ба дилҳо,

Фурӯғи Офтоби бахту давлат.

Бимонад то абад вирди забонҳо,

Паёми Пешвои халқу миллат:

«Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!

Ҳумоюн толиъу иқболи тоҷик!»

Сафо резад сафо аз нури Норак,

Зиё пошад ба дунё нури Роғун.

Пас аз садсолаҳо хомӯш будан

Ба гӯш ояд садои оби Ҷайҳун:

«Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!

Фурӯғи давлати иқболи тоҷик!»

Ҳасани СУЛТОН