ҶЎЯНДАИ ҲАҚИҚАТИ ТАЪРИХ

ҶЎЯНДАИ  ҲАҚИҚАТИ  ТАЪРИХЧаро маҷмуаи  мазкур  “Ҷўяндаи   ҳақиқати таърих”  ном гирифтааст?   Чаро  Абдуқаҳхор  Саидовро ҷўяндаи  ҳақиқати  таърих  ном  мебаранд?    Ў  кист?  Чӣ  рисолатеро  анҷом  дода аст?  Хонандаи  гиромӣ   пас  аз  мутолиаи  маҷмуаи  мазкур  ба  ҳаёту  фаъолият ва заҳмату ранҷи  Абдуқаҳҳор  Саидов дар роҳи    илм,  хусусан  илми  таърих   аз  наздик  ошно  хоҳад  шуд.

“Ҷўяндаи  ҳақиқати  таърих”   ба  фаъолияти  илмӣ   ва  мўзгории  доктори  илмҳои  таърих, профессор Абдуқаҳҳор  Саидов  бахшида  шуда   аст.  Ҳамзамон  феҳристи асарҳои нашршудаи олими тоҷик таҳти унвони “Осорномаи  профессор  Абдуқаҳҳор Саидов”  ва маводҳо  перомуни фаъолияти  илмии   ў  то  соли  2020    замима  шудааст.

Профессор   Абдуқаҳхор  Саидов   на  танҳо  дар  доираи  илмии  ҷумҳурӣ, балки  берун  аз  он  ҳамчун  донандаи маъхазҳои таърихии асримиёнагии минтақа, ҷўяндаи  ҳақиқати  таърих,  муҳаққиқи  дақиқназар  эътирофи  умумро  соҳиб  гардидааст. Феҳристу таълифоту  тарҷума  ва  таҳияҳои  олими  маъруф, ки  теъдодашон  аз  250  адад  бештар  аст,  аз  заҳмату  ранҷ  ва хиради олими  шинохта дар роҳи таҳқиқ  ва  ифшои  таърихи  тўлонӣ ва  пўрошўбт  тоҷикон   шаҳодат  медиҳад. Хусусан тарҷумаи  “Мулҳақот  ас-Суроҳ”- и  Ҷамол  Қаршӣ  аз   забони арабӣ ба  рўсӣ,  рисолаҳои  бунёдии  “Мовароуннаҳр дар асри 17 ва  нимаи аввали асри 18”дар  таърихнигории миллӣ мақоми шоистаеро  соҳиб  мебошанд.  Ҳамзамон  дар  маҷмуаи  мазкур доир ба дигар сифатҳои неки инсонӣ,  пажўҳандагӣ, заҳмату талошҳои профессор Абдуқаҳхор Саидов дар роҳи  таҳқиқу  омўзиши  таърихи  пурпесчутоби  тоҷикон,  пешаи омўзгорӣ омода  ва  ба  роҳи  пурмашаққати   илм  роҳнамоӣ  кардани  шогирдон  бо  лутф   ва  эҳтироми  хоса  аз  ҷониби  устодон, олимони шинохта, хоса  Ҳайдаршо Пирумшо, Ҳамза  Камол, Маҳмуд Маликов Муллошо Давлатов  ва  дигар  ҳамкорону  шогирдон  дарҷ    ёфтааст.

Ҷўяндаи  ҳақиқати  таърих”  бо  тавсияи Шўрои  олимони  Институти  таърих, бостоншиносӣ  ва  мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, зери  назари  доктори  илмҳои  таърих,  профессор Насрулло  Убайдулло   ба  нашр  расидааст.

Гунаи электронии китоби мазкурро шумо метавонед дар Телеграмканали мо бо суроғаи

ҶЎЯНДАИ  ҲАҚИҚАТИ  ТАЪРИХ
дарёфт кунед ва мутолиа намоед.

Таҳияи Ойҷонгул Давронова