Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 21 – уми июн

Як-рузи-таърих-21-06-2023Соли 836 дар шаҳри Бағдод шоир ва нависандаи араб Ибни Румӣ таваллуд шуд. Алӣ бинни Аббос бинни Ҷариҷ ё Ҷарҷис ё Ҷурайҷ маъруф ба Ибни Румӣ аз ҷумлаи шоирони арабсарои  садаи 3 ҳиҷрии қамарӣ дар даврони Аббосиён ва ҳамасри Муътазид – шонздаҳумин халифаи Аббосӣ дар Бағдод буд.

Ибни Румӣ дар Бағдод ба дунё омад. Падари вай асолатан Румӣ ва аз маволии бани Аббос, вале модараш эронӣ буд. Дар бистсолагӣ бо шоирӣ рӯз мегузаронд ва дар замони авҷи худ шоири номӣ шуд, ки аз ӯ девони бузурге боқӣ мондааст.

Вай дар синни 59-солагӣ бар асари беморӣ даргузашт, вале баъзеҳо гуфтаанд, ки даст ба худкушӣ зада буд ва ё аз заҳре фавтид, ки хӯронда буданд.

Соли 1797 дар Санк-Петербург шоир ва фаъоли ҷамъиятии рус  Вилгелм Карлович Кюхелбекер ба дунё омад. Вай декабрист ва дӯсту ҳамкурси Пушкин ва Баратинский (шоир ва тарҷумони рус) буд. Дар шӯриши майдони назди Сенат иштироки фаъол дошт.

Соли 1826 ба муҳлати 20 сол бадарға шуд, вале ҳудудан се моҳ пас 15 соли ҳукмашро кам карданд.

23 августи соли 1846 дар синни 49-солагӣ вафот кард.

Соли 1824 дар синни 72-солагӣ нависанда ва хотиранависи машҳури рус Гавриил Иванович Добринин аз олам гузашт. “Нақли воқеӣ ва ё ҳаёти Гавриил Добриниин, ки худи ӯ дар Могилёв ва Витебск навиштааст” машҳуртарин асари ӯ мебошад. Ин асаррро дар таърихи дворянии рус  ҳамтои хотироти Андрей Болотов – нависанда, хотиранавис, файласуф, биолог ва ҷангалпарвари рус медонанд.

Вай соли 1752 дар хонаводаи кашиши масеҳӣ таваллуд шудааст, вале бармаҳал аз падар ятим монда, дар хонаи бобояш ба воя расидааст.

Соли 1840 шоир, нависанда, яке аз ғояпардозони ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳии Гурҷистон, андешаманд ва маорифпарвари гурҷӣ Акакий Ростомович Серетели ба дунё омад.

Жан-Поль-СартрСоли 1905 дар шаҳри Порис нависанда, намоишноманавис, файласуфи аҳли Фаронса Жан-Пол Сартр таваллуд шуд. Вай барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 1964 буд. “Нафрат”, “Бо дастони нопок” аз ҷумлаи асарҳои машҳури ӯ мебошанд.

Жан-Пол Сартр дар шаҳри Порис дар синни 74-солагӣ аз олам гузашт. Вай то охири умр ба унвони як чеҳраи саршиноси  ҷаҳонӣ боқӣ монд. Хабари даргузашти ӯ ба суръат дар саросари олам паҳн шуд ва ҳудуди 50 ҳазор нафар дар Порис дар маросими хоксупориаш ширкат карданд. Ин пурҷамъияттарин маросими хоксупории як файласуф дар асри бистум буд. Аз ин назар метавон онро бо Волтер – файласуфи бузурги асри маорифпарварии Фаронса монанд кард.

Соли 1910 дар рустои Загорйе губернияи Смоленск нависанда, рӯзноманигор ва шоири шӯравии рус Александр Твардовский зода шуд. Вай муаллифи асарҳое бо номҳои “Василий Тёркин”, Кишвари Муравия”, “Дар дуриҳои дур” буд.

Александр Твардовский аз соли 1950 то соли 1954 ва 1958 то соли 1970 сардабири маҷаллаи адабии “Новый мир» буд. Ӯ бештар ба василаи шеъри танзи ҳамосии худ “Василий Тёркин” машҳур шуд.

Вай ҳамчунин аз Хрушёв иҷозаи чопи ҳикояи машҳури Солженитсин “Як рӯзи Иван Денисович”-ро дарёфт ва дар маҷалла чоп карда буд.

Соли 1971 дар ноҳияи Подолски вилояти Москав дар синни 61-солагӣ аз олам гузашт

Патриция-РайтсонСоли 1921 нависандаи аҳли Австралия Патритсия Райтсон, муаллифи китобҳои тахайюлӣ барои бачаҳо ба дунё омад. Вай замоне чун нависанда шуҳрат пайдо кард, ки дар як бемористон воқеъ дар Уелси Ҷанубии Нав кор мекард. Соли 1955 аввалин романи ӯ “Мори каж” чоп шуд.

Соли 1960 вай муқими Сидней шуд ва аввал ёвар ва баъдан сармуҳаррири “Маҷаллаи мактаб”  таъин шуд. Ин маҷаллае буд, ки департаменти давлатии маориф ба ҳамаи мактабҳои Уелси Ҷанубии Нав ройгон тақсим мекард.

Аз аввали солҳои 70 дар эҷодиёти вай мавзӯи бумиёни Австралия бозтоби бештар ёфт. “Таронаҳо дар бораи Виррун” асарест, ки шеърияти осори муаллифро ба сатҳи баланд бардошт. Ин аслан асари сегонае буд, ки аз китобҳои “Яхҳои шиновар”, “Дурахши хираи об” ва “Пушт ба бод” иборат мебошанд. Ин се китоб дар бораи писараки бумии Австралия бо номи Виррун ҳикоят мекунад.

Райтсон дар китоби «Моҳи хира” аз фоҷеаи экологӣ бонги хатар мезанад.

Китобҳои Райтсон бо 16 забони ҷаҳонӣ тарҷума шудаанд. Соли 1999, замоне, ки адиби маъруф дар қайди ҳаёт буд, дар Австралия ба номи ӯ ҷоизаи адабӣ таъсис шуд.

Патритсия Райтсон 15 марти соли 2010 дар бемористоне воқеъ дар Уелси Нави Ҷанубӣ вафот кард.

Франсуаза-СаганСоли 1935 нависанда ва намоишноманависи фаронсавӣ хонум Франсуаза Саган дида ба олам кушод. Вай барандаи ҷоизаи княз Монако дар соли 1985 мебошад.  Лақаби худро аз лаҳзаи асари Марсел Пруст “Дар ҷустуҷӯи вақти гумшуда”, ки сухан аз герсогбону Доротее Саган мераванд, гирифтааст.

Вай аз новелланависӣ ба романнависӣ рӯ овард ва аввалин романи ӯ “Дуруд андӯҳ” буд, ки комёбии бештаре дар насри мусоири Фаронса дошт. Ба дунболи он романҳои “Табассуми мубҳам”, “Баъди моҳу баъди сол”, “Оё шумо Брамро дӯст медоред”, “Мусофири норозӣ” рӯи чоп омаданд.

Асарҳои дигари ӯ “Торумор”, “Нигаҳбони дил”, “Каме офтоб дар оби сард”, “Чашмони махмалӣ”, ”Фирор” “Абрҳои соҳир” ва ғайра мебошанд.